Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУБЛЁВ Андрей

РУБЛЁВ Андрей

РУБЛЁВ Андрей (тақрибан 1360—1370— 1427—1430, Москва), рассоми рус, таъсискунандаи мактаби рассомии Москва. Аз оилаи ашроф. Фаъолияташ дар заминаи анъанаҳои рассомии Руси Москва ва эҷодиёти рассомони византиягиву славянҳои ҷанубӣ сурат гирифтааст. Рублёв зебоии маънавию қувваи рӯҳии инсонро дар қолаби иконаофари (уқнумофарӣ)-и асримиёнагӣ, вале бо мазмуни нав ифода кардааст («Спас», «Ҳаворӣ Па¬вел», «Малоики Микоил», асрҳои 14 —15, Нигористони Третяков). Дар охири асри 14 ва аввали асри 15 (аз рӯи дигар тадқиқотҳо тақрибан соли 1412 ё 1427) Рублёв шоҳасари худ — иконаи «Салоса» (Нигористони Третяков)-ро меофарад, ки дар он сюжети анъанавии диниро бо мазмунҳои фалсафӣ бой гардондааст. Солҳои 1408 ва 1425—1427 бо ҳамкории Даниил Чёрний ва дигарон мусаввирон калисои Успенский шаҳри Владимир ва калисои «Салоса»-и дайри Салоса-Сергийро бо иконаҳои пурҷозиба оро дод, ки баъзеи онҳо то алҳол боқӣ мондаанд (аз ҷумла,
композитсияи «Рӯзи маҳшар», ки дар он ҳодисаи мудҳиши «явмулҷазо» ба як саҳнаи ифодакунандаи тантанаи адолат ва бойгарии маънавиии инсон табдил ёфтааст). Як қатор образҳои офаридаи Рублёв чун «Ҳаворӣ Павел» аз камолӣ эҷодии ӯ шаҳодат медиҳанд.
Баъзе сарчашмаҳо нигоришот ва иконаҳои калисои Спаси дайри Андрониковро аз охирин офаридаҳои Рублёв мешуморанд. Рублёв яке аз қуллаҳои баланди маданияти рус ва ҷаҳонӣ мебошад. Соли 1947 дар дайри Андрони¬ков Музейи санъати Руси Қадим кушода шуд, ки ба он номи Рублёвро гузоштаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …