Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУБИНШТЕЙН Антон Григоревич

РУБИНШТЕЙН Антон Григоревич

220px-rubinstein_repin

РУБИНШТЕЙН Антон Григоревич (28.11.1829, деҳаи Вихвати- Подолск—20. 11. 1894, Петергоф, ҳоло Петродворетс), пианинонавоз, бастакор, дирижёр, педагог ва ходими ҷамъиятии мyсиқии рус. Яке аз пианинонавозони машҳури ҷаҳон ва асосгузори мактаби пианинонавозии рус. Дар бисёр мамлакатҳои Европа (1840—1843; 1854—1858) ва ИМА (1872—1873) консерт додааст. Солҳои 1844—1848 дар Берлин ва Вена назарияи мусиқӣ (аз 3. Ден) омӯхта, бо Ф. Менделсон ва Ф. Лист вохӯрдааст. Соли 1848 ба Петербург баргашт. Бо роҳбарӣ ва ташаббуси бевоситаи ӯ Ҷамъияти мусиқии рус (1859) ва якумин дар Россия Консерваторияи Петербург кушода шуд. П. И. Чайковский ва И. Гафман аз қабили шогирдони ӯянд. Дар жанрҳои гуно¬гуни мусиқӣ асарҳо эҷод намудааст. Муаллифи 14 опера, 6 симфония, 5 консерт барои фп. бо оркестр, 10 квартети торӣ, романсу сурудҳо ва аз ҷумла «Сурудҳои форсӣ». Баъзе асарҳои Рубинштейн дар ҳавои мусиқии шарқӣ эҷод шудаанд. Муаллифи асарҳои: «Хотираҳои тарҷумаиҳолӣ. 1829 —1889» (1889) ва «Мусиқӣ ва намояндагони он. Сӯҳбат доир ба мусиқӣ» (1891). Конкурси байналхалқии бастакорон ва пианинонавозони ба номи Рубинштейн бо ташаббуси бевоситаи худи ӯ таъсис ёфтааст (1890).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …