Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РУБИНЧИК Юрий Аронович

РУБИНЧИК Юрий Аронович

РУБИНЧИК Юрий Аронович (таваллудаш 10. 11. 1923, Москва), забоншиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1977). Баъди хатми Институти умумииттифоқии забонҳои хориҷӣ (1945) чанде дар он ҷо муаллим буд. Солҳои 1956—1961 ходими илмии Институти шарқшиносии АФ СССР. Аз соли 1961 ходими калони илмии ҳамин Институт. Дар асарҳои Рубинчик ҷихатҳои гуногуни забони форсӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Ба қалами ӯ бештар аз 90 асари илмию оммавӣ тааллуқ дорад, ки онҳо тадқиқи масъалаҳои таълими забони форсӣ, иқтибосоти арабӣ ва мутобиқати онҳо ба қонуну қоидаҳои фонетикаи форсӣ, воҳидҳои фразеологӣ ва сохти маъноию таркиби морфологии онҳоро дар бар гирифтаанд. Рубинчик дар барзе аз таълифоташ—доир ба вазифаҳои грамматикии пайвандаки «ки», артикл дар исм, ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак — забонҳои форсию тоҷикиро дар муқоиса омӯхтааст. «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» (2 ҷ., 1970) бо сарварии ӯ таҳия шуда, ба табъ расидааст.
Ос.: Вводный курс современного пер¬сидского языка (бо ҳамроҳии Г. А. Вос-канянов). М., 1951, Сложные предложе¬ния с придаточными определительными в современном персидском языке, М., 1959; Современный персидский язык, М.
А. Рустамов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …