Маълумоти охирин
Главная / Илм / РУБИДИЙ

РУБИДИЙ

РУБИДИЙ (лотинӣ Rubidium), Rb, элементи химиявии гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев, рақами атомиаш 37, массаи атомиаш 85,4678. Pубидийи табиӣ аз изотопҳои собити 85Rb (72,15%) ва камрадиоактивӣ 87Rb (TVs—4,8*1010 сол) таркиб ёфтааст.

rubidium

Қариб 20 изоопи радиоактиви Рубидий ҳосил карда шудаанд. Рубидийро асосан дар истеҳсоли катодҳо (барои фотоэлементҳо) ба кор мебаранд; ба найчаҳои газоразрядии аргонию неонип рекламаҳо низ Рубидий ҳамроҳ мекунанд, ки он шӯълаи найчаҳоро равшан менамояд. Баъзан бо истифодаи Рубидий хулаҳои махсус (геттерҳо) месозанд. Намакҳои Рубидий дар синтези органикӣ ҳамчун катализатор истафода мешаванд. Рубидий дар таркиби бофтаи ҳайвонот ва наботот мавҷуд аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …