Маълумоти охирин

РУҶУИ ЛИРИКИ

РУҶУИ ЛИРИКИ, нутқ ё як навъ сухани лирикии муаллиф, ки муносибати ӯро ба объекти тасвир
иишон медиҳад. Нависанда дар рафти тасвир аз нақли ҳодисаҳо бозистода, фикру мулоҳиза ва ҳиссиёту ҳаяҷонашро, ки аз ҷараёни воқеаҳо ва рафтору кирдори одамон ҳосил шудааст, баён мекунад. Ҳамин баёни фикру ҳиссиёти муаллиф, ки аз сюжети асари эпикӣ берун аст, Руҷуи лирикӣ ном дорад.

book-1

Руҷуи лирикӣ ба назму наср хос буда, дар қасида ва достонҳо бештар ба назар мерасад. Намунаҳои Руҷуи лирикӣ дар эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ, Лоҳутӣ, М. Турсунзода ва дигарон бисёр мушоҳида мешавад. Руҷуи лирикӣ ба ҳодисаҳои эпикӣ ҷанбаи лири¬кӣ илова намуда, самимияти тасвирро меафзояд.
Ш. Раҳматоов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …