Маълумоти охирин

РУҚАОТ

РУҚАОТ (аз арабӣ — порчаи коғаз), маҷмӯи мактубҳои адибон, ки дар девон ё куллиёти онҳо ҷой дода мешуданд. Масалан, «Руқаот»-и Ҷомӣ, Навоӣ, Бедил, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб ва ғайра мактубҳои ба шахсони расмӣ ва дӯстони худ навиштаи ин шоиронро дар бар мегиранд. Дар Руқаот мазкур маълумоти тарҷумаиҳолӣ, назари муаллиф дар хусуси масъалаҳои эҷодӣ, асарҳои илмию адабӣ ва муҳити таърихӣ дарҷ ёфтаанд.

book-5

Руқаоти шахсони бузург, олимону нависандагон барои муайян кардани масъалаҳои ҳаёту эҷодиёт, замони зиндагӣ ва муосирони онон маълу¬моти муфиди таърихӣ ва илмӣ ме¬диҳад. Мукотибаи устод С. Айнӣ бо А. Лоҳутӣ ва адибони дигар намунаи Руқаот муосир ба шумор меравад.
Ад.: Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Д., 1978.
3. Ҳасонова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …