Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ФЕДЕРАТИВИИ СОТСИАЛИСТИИ РОССИЯ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ФЕДЕРАТИВИИ СОТСИАЛИСТИИ РОССИЯ

sssr

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ ФЕДЕРАТИВИИ СОТСИАЛИСТИИ  РОССИЯ, Р С Ф С Р, 25 октябр (7 ноябр). 1917 ташкил шудааст. Дар Шимоли Ғарб бо Норвегия ва Финляндия, дар Ғарб бо Полша, дар Ҷануби Шарқ бо Хитой, Республикаи Халқии Муғулистон  ва Республикаи Халқии Демократии Корея, инчунин бо республикаҳои иттифоқие, ки ба ҳайати Союз Советских Социалистических Республик СССР дохиланд: дар Ғарб бо Республикаи Советии Сотсиалистии Эстония, Республикаи Советии Сотсиалистии  Латвия, Республикаи Советии Сотсиалистии Литва ва Республикаи Советии Сотсиалистии Белоруссия, дар Ҷануби  Ғарб бо Республикаи Советии Сотсиалистии Украииа, дар Ҷануб бо Республикаи Советии Сотсиалистии  Гурҷистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон ва Республикаи Советии Сотсиалистии  Қазоқистон ҳамсарҳад мебошад. Сарҳадҳои баҳрии он хеле дароз буда, ба уқёнуси  Яхбастаи Шимолӣ (баҳрҳои Баренс, Сафед, Кара, Лаптевҳо, Сибири Шарқӣ, Чукот) ва уқёнуси Ором (баҳрҳои Боринг, Охота, Япон) рост меояд. Ба ғайр аз ин Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР-ро баҳрҳои уқёнуси  Атлантик: Балтика, Сиёҳ ва Азов, инчунин баҳри Каспий иҳо- та кардаанд.

Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз ҷиҳати масоҳат яке аз калонтарин, аз ҷиҳати аҳолӣ сераҳолитарин ва аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ пуриқтидортарин республикаҳои иттифоқии Союз Советских Социалистических Республик СССР мебошад. Масоҳаташ 17075,4 ҳазор километр2. Аҳолиаш 142,1 миллион  нафар (1984). Пойтахташ шаҳри Москва. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 16 республикаи автономи (Бошқирдистон, Бурятистон, Доғистон. Кабардаю Балқар, Қалмоқистон, Карелия, Коми, Мари, Мордва, Осетияи Шимолӣ, Тотористон, Тува, Удмуртистон, Чечену Ингуш, Чувашистон, Ёқутистон), 5 вилояти автономӣ, 6 кишвар, 49 вилоят, 10 округи автономиро дар бар мегирад. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз ҷиҳати иқтисодӣ ба 10 райони калони иқтисодӣ ҷудо шудааст: Шимолу  Ғарбӣ, Марказӣ, Волгаю Вятка, Сиёҳхоки Марказӣ, Поволжия, Кавкази Шимолӣ, Урал, Сибири Ғарбӣ, Сибири Шарқӣ ва Шарқи Дур.

rss-russia

Сохти давлатӣ. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР — давлати соқибистиқлоли советии сотсиалистии умумихалқӣ, республикаи советии сотсиалистӣ, ки ба ҳайати Иттифоқи Республикаи Советии Сотсиалистии дохил мебошад. Конститутсияи ҳозираи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз 12 апрели 1978 дар сессияи 7-уми ғайринавбатии Совети Олии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР (даъвати 9-ум) қабул шудааст. Органи олии қокимияти давдатӣ — Совети Олӣ, дар байни сессияҳо Президиуми Совети Олӣ. Органи олии иҷроия ва амрдиҳанда — Совети Вазирон, ки онро Совети Олӣ таъсис мекунад. Республикаҳои автономие, ки ба ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дохиланд, органҳои олии ҳокимияти худ — Советҳои Вазирони Республикаи Автономии Советии СотсиалистӣРАСС доранд.

Органҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кишварҳо, вилоятҳо, вилоятҳои автономӣ, округҳои автономӣ, районҳо, шаҳрҳо, посёлкаҳо, қишлоқҳо — Советҳои депутатҳои халқӣ мебошанд. Системаи судӣ: Суди Олии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР, Судҳои Олии республикаҳои автономӣ, судҳои кишварӣ, вилоятӣ, судҳои вилоятҳои автономӣ ва округҳои автономӣ, судҳои халқӣ. Суди Олии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР-ро Совети Олии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба мӯҳлати 5 сол интихоб менамояд. Прокурори Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР, прокурорҳои республикаҳои автономӣ ва вилоятҳои автономӣ, прокурорҳои кишвар ва вилоятҳоро Прокурори генералии Союз Советских Социалистических Республик СССР ба мӯҳлати 5 сол таъин мекунад.

Табиат. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР қисми калони Европаи Шарқӣ ва Осиёи Шимолиро ишғол менамояд. Тӯли он дар самти меридиаиӣ 2,5—4 ҳазор километр, дар арз 9 ҳазор километр. Нуқтаи ғарбтарини он — дар сарҳади Полша (19°38′ тӯли шарқи), шарқтарииаш—дар ҷазираи Ратманови гурӯҳи ҷазираҳои Диомида дар гул. Беринг (169°02′ тӯли ғарбӣ). Нуқтаи ҷанубтаринаш дар сарҳади Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон (41°10′ арзи шимолӣ), нуқтаи шимолтаринаш дар ҷазираҳои Замини Франс-Иосиф (81*51′ арзи шимолӣ, ҷазираи Рудолф) воқеъ аст.

Релеф. Қариб 70% масоҳати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз ҳамвориҳои фарох иборат аст. Дар Ғарб ҳамвории Европаи Шарқӣ воқест, ки он теппаҳои начандон баланди (то 250—400 метр) Валдай, Миёнаи Рус, Приволжия ва пасти- ҳои Окаю Дон, Наадикаспий ва ғайраро дар бар мегирад. Қаторкӯҳҳои Урал (баландиашон 800—1200 метр;  нуқтаи баландтарин — кӯҳи Народная, 1895 метр)’ сарҳади шарқии ҳамворӣ ба шумор мераванд. Каме шарқтари Урал ҳамвории Сибири Ғарбӣ, дар байни дарёҳои Енисей ва Лена паҳнкӯҳи Сибири миёна ҷой гирифтаанд; паҳнкӯҳро водиҳои чуқури дарё бурида гузаштаанд. Дар Сибири Ғарбӣ қаторкӯҳ- ҳои Олтою Саян, дар Сибири Шимоли Шарқӣ қаторкӯҳи Верхоянск ва дар Шарқи Дур боз чандин қаторкӯҳҳо мавҷуданд. Нуқтаҳои баландтарин: дар Олтой кӯҳи Белуха (4506 метр), дар Камчатка — Ключевская Сопка (4750 метр). Дар Камчатка ва ҷазираҳои Курил вулқонҳои амалкунанда ҳастанд. Дар ҷануби Қисми европоӣ нише- бии шимолии қаторкӯҳи Кавкази Калон (нуқтаи аз ҳама баланди Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР — кӯҳи Албрус (5642 м) тӯл кашидааст. Территорияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз ҷиҳати геологӣ қисми зиёди платформаи Европаи Шарқӣ, тамоми платформаи Сибир, инчунин қисмҳои чиндори Урал, ҳамвории Сибири Ғарбӣ, Сибири Ҷанубӣ, вилоятҳои Верхоянску Чукотка, суфакӯҳи Коряк, Камчатка, ҷазираҳои Курил, Примория ва Сахалинро дар бар мегирад. Дар конҳои зеризаминии республика  захираҳои асосии сӯзишвории минералии Союз Советских Социалистических Республик СССР (зиёда аз 70% захираи кашфшудаи уму- мииттифоқии ангишт, зиёда аз 80% захираи кашфгардидаи газ, 91% захираи умумии торф), захираҳои калони маъдани оҳан, 100% захираи апатит, зиёда аз 60% захираҳои умумииттифоқии намакҳои калий ва бисёр дигар сарватҳои зеризаминӣ ҳастанд (1975).

iklimi-russia

Иқлим. Қисми зиёди территорияи республика дар минтақаи мӯътадил воқест; ҷазираҳои уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва ноҳияҳои дурдасти шимолии материкӣ ба минтақаи арктикӣ ва субарктикӣ, соҳили баҳри Сиёҳи Кавказ ба минтақаи субтропикӣ мансубанд. Иқлим қариб дар ҳама ҷо континентӣ. Иқлими Сибири Шарқӣ конти- нентии шадид: амплетудаи ҳарорати миёнаи моҳи июл ва январи 50—65°Селсия. Ҳарорати миёнаи январ аз 0—5°Селсия дар назди Кавказ то – 40, дар шарқи Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Ёқутистон—50°Селсия. Ҳарорати миёнаи июл аз 1°Селсия (соҳили шимолии Сибир) то 24—25°Селсия (пастхамии Наздикаспий). Боришоти солона дар кӯҳҳоп Кавказ ва Олтой 1500—2000 миллиметр, дар минтақаи бешазори ҳамвории Европаи Шарқӣ 600—700 миллиметр ва дар ҷануби Шарқи Дур то 1000 миллиметр. Дар тундра ва даштҳо боришот нисбатаи кам аст (200—300 миллиметр); дар ноҳияҳои нимбиёбони пастхамии Наздикаспий аз ин камтар (120—150 милиметр). Дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР қарио 120 ҳазор дарё ҳаст. Аксари дарёҳо (Двинаи Шимоли, Печора, Об бо Иртиш, Енисей, Лена, Ивдигирка, Колыма ва ғайра) ба Онега, Таймир. Обанборҳои калон низ сохта шудаанд: Рибинск, Куйбишев, Волгоград, Братск ва ғайра. Хок  ва олами набототи республика аз  Шимол ба Ҷануб тадриҷан тағйир меёбад.  Дар зонаи биёбони арктики наботот хеле кам буда, асосан ушна,  гулсанг ва ғайра мерӯяд. Тақр. 65% территорияи республика дар минтақаҳои  беша воқеъ гардидааст. Дар тайгаҳои қисми шпмолии республика дарахтони коҷ, ладен, санавбар ва ғайра,  дар бешазори дарахтони омехта тӯс, коҷ, булут, фарк, инчунин дарахтони паҳнбарг мерӯянд. Дар территорияи республика чанд хели хок: сиёҳхок, хо-  кистарӣ, дорчинии тира, хоки бешадашт ва ғайра дида мешавад.

Олами ҳайвоноташ ниҳоят бой аст: рӯбоҳи шимолӣ, гавазни шимолӣ, шоҳгавазн, хирси малла, силовсин, самур, рӯбоҳ, санҷоб, харгӯш ва ғайра паррандаҳояш:— мурғи даштӣ, титав, мурғи чипори ҷангалӣ ва ғайра. Дар Шарқи Дур паланги уссурӣ, хирси сиёҳ, гуроз, дар минтақаи бешадашт ва дашт муши даштӣ, юрмон, кӯрмуш, аз паррандаҳо дуғдоғ, шоҳин, ҳар гуна мурғобӣ, қоз, лонхӯрак ва ғайра вомехӯранд.

Дарё, кӯл ва баҳрҳои республика аз моҳӣ (зағорамоҳӣ, лучмоҳӣ, минқормоҳӣ, шӯртан, тосмоҳй, лаққамоҳӣ, равғанмоҳӣ, озодмоҳӣ ва ғайра) ва ҳайвоноти обӣ (наҳанг, морж, тюлен, шери обӣ) ниҳоят бой мебошад.

Аҳолӣ. Дар территорияи РСФСР зиёда аз 100 халқ знндагп мекунад. Русҳо, ки забонашон ба гурӯҳи забонҳои сла- вянҳои шарқӣ дохил мешавад, дар саросари республика зиндагй карда, 82,6% аҳолии онро таппшл мекунанд. Ду халқи дигар — украинҳо ва бе- лорусҳо, ют ба забонҳои славянҳои ҷанубӣ мансубанд, низ дар тамоми терр. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР маскунанд. Намояндагони гурӯҳи забонҳои фину угор (карелҳо, коми, мариҳо, удмуртҳо, мордваҳо, хантию мансиҳо ва дигар) ва гурӯҳи забонҳои туркӣ (чувашҳо, бошқирдҳо, тоторҳо, қазоқҳо, карочоиҳо, ёқутҳо ва дигар) низ иқомат доранд. Забони русӣ барои ҳамаи халқҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР забони гуфтугӯии байналмилалӣ мебошад. Аз нисф зиёди шаҳрҳои калонтарини мамлакат (монанди Ленинград, Горкий, Новосибирск, Куйбышев, Свердловск, Челябинск, Омск) дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР воқеъ гаштаанд. Шумораи шаҳр ва посёлкаи типи шаҳрҳои 1940—74 дар республика тақрибан 2 маротиба афзуд. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) шаҳрҳои Ангарск, Набережние Челни, Братск, Волжск, Салават, Находка, Новокуйбышевск бунёд шуданд.

Очерки таърихӣ. Одам дар территорияи ҳозираи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР тахминан 700 ҳазор сол қабл аз ин маскан карда буд. Аз ин хусус иқоматгоҳи сокинони Кавкази Шимолӣ ва Наздикубан, ки аз Закавказия омадаанд, шаҳодат медиҳанд. Давраи қадимтарини асри санг тахминан 100 ҳазор сол муқаддам ба охир расидааст. Дар давраи палеолити миёна (маданияти мусте) 100 —35 ҳазор сол қабл аз ин неандерталиҳо усули афрӯхтани оташро ёд гирифтанд. Маҳз дар ҳамин давра дар Волгаи Поён, Урали Миёна бошишгоҳҳо ба вуҷуд омаданд. Дар давраи охири палеолит (аз 35 то 10 ҳазор сол муқаддам) инсон намуди ҳозираи одамиро гирифт. Одамон аз Қуто гузаштанд, дар як қисми Сибир сокин шуданд.

Дар давраи мезолит тиру камон пайдо шуд. Тахминан дар ҳазораҳои 6—5 то метр давраи неолит фаро расид. Ташаккули қабилаҳое оғоз ёфт, ки ояҳо ба просесси бардавом ва мураккаби тараққиёти гурӯҳҳои этникӣ ибтидо гузошта, дар оянда асоси халқҳои қисмҳои европоӣ ва осиёгит территорияи ҳозираи республикаро ташкил намуданд.

Дар ҳазораи 3 то милод дар Кавкази Шимолӣ асри биринҷӣ сар шуд. То охирҳои ҳазораи 2 то милод олоти биринҷӣ қариб дар тамоми территорияи ҳозираи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР паҳн шуд. Дар Урал, Сибири Ғарбӣ, Поволжияи Боло марказҳои олотсозии металлӣ ба вуҷуд омаданд. Дар минтақаҳои дашт ва бешадашт чорводорӣ, дар водии дарёҳо зироатчигӣ тараққӣ кард. Дар ҳазораи 1 то милод дар Ҷануб асри оҳан сар шуд, просесси тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суръат гирифт. Қабилаҳои Кавкази Шимолӣ, скифҳо ва сарматҳо соҳиби олоти оҳанӣ шуданд.

 

Дар асри 3 милод ба ҳамвории Европаи Шарқӣ қабилаҳои бодиянишин — готҳо, дар асри 4 гуннҳо зада даромаданд. Дар Кавкази Шимолӣ асрҳои 4—8 аланҳо муттақид шуданд, дар миёнаи асри 6 дар даштҳои Европаи Шарқӣ бо сардории аварҳо иттифоқи қабилаҳои бодиянишин ташкил шуд, ки онҳо дар асри 7 дар мубориза бо Византия шикаст хӯрданд. Дар шимол ва шарқтари баҳри Азов дар асри 5 булғорҳо бодиянишинӣ мекарданд. Як қисми онҳо дар охири асри 5 дар ду соҳили Дунай маскан карданд, қисми зиёди онҳо ба тасарруфи давлати тавонои Хоқонии Турк даромаданд, ки ин давлат асри 6 ташкил шуда, марказаш дар Осиёи Мнёна буд. Дар мубориза бо истилои арабҳо он ба Хоқони Турки Шарқӣ ва Хоқони Турки Ғарбӣ ҷудо шуд. Славянҳои қадим дар территорияи Европаи Шарқӣ ташаккул ёфтанд. Дар шароити ба ном муҳоҷирати азими халқҳо дар асри 3 милод славянҳо ба славянҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ тақсим шуданд. Аз байни славянҳои шарқи дар миёнаи ҳазораи 1 милод қабилаҳои Днепри Миёна мақоми калон пайдо карданд. Дар территорияи Европаи Шарқӣ, Сибир ва Шарқи Дур ғуломдорӣ аз давраҳои қадим маълум бошад ҳам, вай асоси сохти ҷамъияти синфии нав нашуд. Пешрафти деҳқонӣ, чорводорӣ ва хоҷагии шикору ҳунармандӣ дар байни славянҳои шарқӣ ба прогресси истеҳсолот дар доираи сохти ҷамоавӣ мусоидат кард. Просесси мураккаб ва бардавоми инкишофи муносибатҳои феодалӣ ба он оварда расонд, ки дар охири асри 8 — ибтидои асри 9 дар ин ҷо давлати аввалини Руси Қадим (марказаш дар Киев) барпо гардид (Нигаред низ Руси Киев). Солҳои 988—989 дини насронӣ ҷорӣ гардид, ки он ба мустаҳкам шудани ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои феодалӣ ва мақоми байналхалқии Руси Киев мусоидат намуд. Руси Киев тохтутози пачанак ва қипчоқҳои бодиянишинро зада гардонда, дар Европаи Шарқӣ яке аз давлатқои муқтадир шуд. Дар пойдоршавии Руси Киев роли княз Владимир Святославич (тахминан солҳои 980—1015 ҳукмронӣ кардааст) ва Ярослав Мудрий (1019— 54) калон аст. Вусъати муносибатҳои феодалӣ, ки он бо муборизаи тезутунди синфӣ алоқаманд буд, боиси пайдоиши марказҳои нави феодалӣ ва мустаҳкамшавии мавқеи феодалҳои маҳаллӣ гардид. Владимир Всеволодович Мономах (1113— 25 ҳукмронӣ кардааст) давлати Руси Киевро ба итоати худ даровард, аммо баъди вафоти князи бузурги Киев Метислав Владимирович (1132) давлати Руси Қадим пароканда шуд. Князии Владимиру Суздал, князия Галисияю Волин, республикаи феодалии Новгород ва дигар аз Руси Киев ҷудо ва мустақил шуданд. Соли 1223 князҳои ҷануби Рус дар муҳорибаи назди дарёи Калка аз муғулу тоторҳо шикаст хӯрданд ва соли 1236 юриши муғулу тоторҳо ба Европаи Шарқӣ сар шуд. Истилогарон аввал Бул- ғорияи Волгаю Кама, соли 1237 Рязан ва дигар шаҳрҳоро ғорат ва несту нобуд карданд. Баробари ҳамин ба давлати Рус аз Ғарб низ ҳамла оварданд. Соли 1240 ба территорияи он шведҳо зада даромаданд, аммо дар Мууорибаи Нева (1240) дружинаҳои рус бо сардории Александр Невский аввал шведҳо ва соли 1242 дар Муҳорибаи рӯи ях (кӯли Чуд) истилогарони немисро торумор карданд. Дар натиҷаи авҷгирии парокандагии феодалӣ ва тақдиди муғулҳо заминҳои ҷануб ва ғарби Рус ба ихтиёри князии бузурги Литва, Закарпатия ба ихтиёри Венгрия ва Галисия ба ихтиёри Полша гузашт. Дар нимаи дуюми асрҳои 13—14 парокандагии феодалии давлати Рус давом дошт. Дар нимаи дуюми асри 114 князии Москва ба мубориза барои заминҳои рус ба муқобили зулми муғулҳо роҳбарӣ намуда, бо мурури замон маркази заминҳои муттаҳидаи рус гардид. Дар Муборизаи Куликово (1380) қӯшунҳои муттаҳидаи рус таҳти роҳбарии Дмитрий Донской лашкари муғулҳоро шикаст доданд, ки пас аз он роли роҳбарикунандаи князии Москва дар просесси мутта- ҳидшавии давлатҳои Рус боз ҳам афзуд. Князии Бузурги Москва аз зиддиятҳои дохилии заминҳои феодалии рус истифода бурда, ба қув- ваи табақаҳои гуногуни иҷтимоии ҷамъият такия карда, охири асри 15—аввали асри 16 заминҳои русро асосан муттаҳид кард. Соли 1478 Новгород, 1485 Твер, 1510 Псков, 1514 Смоленск ва 1521 Рязан ҳамроҳ карда шуданд. Просесси муттаҳидшавӣ бо мубориза бар зидди хавфу хатари беруна зич алоқаманд буд. Соли 1480 ба зулму истибдоди муғулҳо зарбаи қатъӣ зада шуд, аммо вазифаи муҳими мудофиа аз ҳуҷуми ворисони Урдаи Тиллоӣ хониҳои Қрим, Қазов, Аштархон, инчунин князии Бузурги Литва ва орденҳои рицарҳои немис дар Наздибалтика ба миён омад.

Дар аҳди шоҳ Ивани.1У Василевич Грозный (1533—84; аз соли 1547 шоҳ) муборизаи дохилии сиёсӣ хеле тезутунд шуд. Иван Грозний дар аввали ҳукмронии худ доир ба мустаҳкам кардани табақаи дворянҳо, пурзӯр намудани давлати мутамарказ чандин ислоҳот гузаронд. Дар ин давра яке аз вазифаҳони муҳимтарини сиёсати хориҷӣ ҳал гардид: хониҳои Қазон ва Аштархон барҳам дода шуданд, барои ишғол намудани заминҳои Пасиурал ва Сибири Ғарбӣ шароит фароҳам омад.

Охири асри 15— аввали асри 16 ташаккули халқи рус ба охир расид ва номи «Россия» ба урфият даромад. Ҷанг дар Ғарб барои баромадан ба баҳри Балтика (Ҷанги Ливон 1558—83) муборизаи байни оппозитсияи князҳою боярҳо ва ҳокимияти давлатиро аз нав тезонид. Ҳокимияти подшоҳӣ ба воситаи системаи террористии опричнина мавқеи худро мустаҳкам карданӣ шуд. Аммо оммаи халқ ба он зид баромад, ки ин ба ҷанги деҳқонон (ибтидои асри 47) табдил ёфт. Шӯ- риши И. И. Болотников воқеаи асосии он буд. Муборизаи байни бояр- ҳо ва дворянҳо низ тезу тунд шуд. Феодалҳои Полша ва Шветсия аз вазъияти мураккаби дохилӣ истифода бурда соли 1604 ба Россия зада даромаданд. Қӯшунҳои Полша Москваро ишғол карданд. Халқ таҳти роҳбарии К. 3. Минин ва Д. М. Пожарский ба мубориза бархоста, соли 1612 Москваро аз истилогарони поляк озод кард. Аз соли 1613 дар Россия ҳукмронии сулолаи Романовҳо сар шуд.

Аз асри 17 давраи нави таърихи Россия сар шуд. Косибӣ ба истеҳсолоти хурди молӣ табдил меёфт, корхонаҳои дворянҳо меафзуданд. Мануфактураҳои давлатӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳо барои мамлакат яроқ ва металл истеҳсол мекарданд, тиҷорат дар дохили мамлакат равнақ ёфт. Алоқаи бозорҳои хурди маҳаллӣ мустаҳкамтар шуда, бозори умумироссиягӣ ба вуҷуд меомад. Пой- тахти давлат — Москва ба калонтарин маркази алоқаҳои тиҷоратӣ табдил ёфт. Аммо просесси пайдоиши унсурҳои буржуазии асрҳои 17—18 дар шароити мустаҳкам гардидани тартиботи крепостнойчигӣ суръат мегирифт. Истеҳсолоти мануфактурӣ, ки ба меҳнати крепостноӣ асос меёфт, камқудрат буд. Пурқувват шудани мавқеи аъёну ашроф ба мустаҳкам гардидани моликияти хусусии феодалону помешикон ба замин ва боз ҳам васеъ шудани муносибатҳои крепостноӣ оварда расонд. Соли 1649 системаи ҳуқуқи крепостноӣ ба ҳукми қонун дароварда шуд.

Мустаҳкам шудани мавқеи аъёну ашроф ва суст гардидани мавқеи боярҳо, инкишоф ёфтани муносибатҳои молию пулӣ ва пурзӯр шудани иқтисодиёти давлати феодалӣ барои гузариш ба мутлақият шароит фароҳам овард. Охири асри 17 дар Россия барои гузаронидани тағйиротҳо дар иқтисодиёт, сохти давлат, маданият шароит фароҳам расид. Ин тағйиротҳоро ҳукумати шоҳ (1682—1725) Пётри 1 Кабир (аз соли 1721 император) ба амал баровард. Дар рафти Ҷанги Шимолии 1700—21 армияи мунтазам, флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ташкил карда шуд, дар назди Лесная (1708), Полтава (1709), Гангут (1714), Гренгам (1720) армияи рус ғалабаҳои калон ба даст овард; ба сӯи баҳри Балтика роҳ кушода шуд..*Соли 1721 мамлакат империяи Россия эълон карда шуд. Саноати ба меҳнати крепостной асосёфта хеле тараққӣ кард. Алалхусус саноати кӯҳкорӣ дар Урал босуръат тараққӣ мекард. Савдо инкишоф ёфт, баланси фаъоли савдои беруна ба даст дароварда шуд, тиҷорат мавқеашро мустаҳкамтар кард. Дар чоряки якуми асри 13 аппарати марказӣ ва маҳаллии давлат аз нав ташкил, думаи боярҳо ва приказҳо барҳам дода шуд. Сенат ва колле- гияҳо ташкил ёфтанд, мамлакат ба губернияҳо ҷудо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ ва гражданӣ муайян гардид. Ислоҳоти гузаронидашуда асосан ба манфиати дворянҳо буд; онҳо дар тамоми системаи идоракунии давлат мавқеи мустаҳкам пайдо карданд. Калисо ба итоати давлат гузашт. Дар соҳаи маданият тағйиротҳои калон ба амал омаданд: мактабҳои дунявӣ таъсис ёфтанд, робитаи маданӣ бо Европаи Ғарбӣ васеътар гардид, китобчопкунӣ инкишоф ёфт. Академияи Фанҳо (1724, соли 1725 кушода шуд) ташкил карда шуд. Россия ба тақвими нав (аз соли 1700) гузашт; ба расму русуми дворянҳо дигаргуниҳо дохил карда шуд.

Аз нимаи дуюми асри 18 дар Россия инкишофи муносибатҳои капиталистӣ сар шуд. Муносибатҳои молию пулӣ равнақ ёфтанд. Дар аҳди Екатеринаи II (1762—96) заминдории дворянҳо аз нав авҷ кард. Бо мақсади зиёд намудани фонди замини давлат соли 1764 як қисми заминҳои калисо аз ихтиёри он гирифта шуд. Норозигии деҳқонон боиси калонтарин шӯриш дар Россия гардид.

Ҳукумати подшоҳӣ дар соҳаи сиёсати беруна саъю кӯшиши дворянҳоро, ки ба заминҳои ҳосилхези Ҷ. тамаъ доштанд ва тоҷиронро, ки дар ҷустуҷӯи роҳҳои қулаи савдо ба воситаи баҳри Сиёҳ буданд, ба назар гирифта, барои бехатарии сарҳадҳои ҷанубӣ муборизаро давом медод.

Дар натиҷаи ғалабаҳо бар Туркия хонигарии Қрим (1783) барҳам дода шуда, соҳилт шимолии баҳри Сиёҳ ба империяи Россия гузашт, сарҳади давлатӣ аз дарёи Днестр муқаррар гардид. Солҳои 70—90 Украинаи Соҳили рост ва тамоми Белоруссия ба Россия ҳамроҳ карда шуданд.

Дар аввали асри 19 Александри I (солҳои 1801—25— император) як қатор ислоҳотҳо гузаронид; вазоратҳо, Совети давлатӣ ва ғайра таъсис намуд. Дар натиҷаи ҷангҳо ва фаъолияти дипломатӣ соли 1801 ба ҳайати империяи Россия Гурҷистони Шарқӣ, 1809 Финляндия (бо андаке мухторият), 1812 як қисми Гурҷистони Ғарбӣ ва Бессарабия ҳамроҳ карда шуданд. Россия солҳои 1805 ва 1806—07 дар ҷангҳои коалитсионии зидди Франсияи наполеонӣ иштирок кард. Соли 1812 қӯшунҳои Наполеон ба Россия зада даромаданд (нигаред мақолаи Ҷанги Ватании 1812), 26 август (7 сентябр) 1812 қӯшунҳои Наполеон дар Муҳорибаи Бородино сахт шикаст хӯрда, дигар ба худ омада натавонистанд ва ниҳоят мағлуб шуданд. Мувофиқи қарори Конгресси Вена (1814—15) бо сардории Россияи подшоҳӣ Иттифоқи муқаддас ташкил ёфт. Шоҳии Полша ба Империяи Россия гузашт.

Баъди ба охир расидани ҷанг хуруҷҳои оммаи халқ бар зидди тартиботи крепостной қувват гирифт, дар армия низ балвоҳо рӯй медоданд, аммо ҳар як хуруҷро ҳукумати подшоҳӣ  бераҳмона пахш мекард. Реаксия ба ҳама соҳаҳои маданият ҳуҷум меовард. Устави сахтгири сензура ҷорӣ гардид, ғояҳои динию монархистӣ паҳн мешуданд. Дар чунин шароит дар байни ҳарбиёни ҷавони аъёну ашрофи пешқадам кружокҳо ташкил мешуданд, ки мақсади онҳо мамлакатро аз зулми мутлақияти крепостноӣ наҷот додан буд. Шӯриши декабристон 14 декабри 1825 ба давраи дворянии ҳаракати револютсионии озодихоҳӣ дар Россия ибтидо гузошт.

Нимаи якуми асри 19 давраи кризиси сохти феодалӣ-крепостной дар таърихи Россия буд. Дар чоряки дуюми асри 19 дар Россия табаддулоти саноатӣ сар шуд. Дар территория губернияҳои сиёҳхоки Россияи Европоӣ ноҳияи марказии саноатию иқтисодӣ ба вуҷуд меомад. Соли 1837 аз Петербург то Сарское Село аввалин роҳи оҳан, 1851 аз Петербург то Москва дарозтарин роҳи оҳан дар дунё сохта шуд. Бо вуҷуди ин Россияи крепостной назар ба дигар мамлакатҳои Европа аз бисёр бобат қафо мемонд. Дар тайёр намудани заминаи ғоявию сиёсии бекор кардани ҳуқуқи крепостной маданияти нимаи якуми асри 19 рус роли калон бозид. Инчунин нобарориҳои калони саризм дар сиёсати беруна, ки ба он кризиси муносибатҳои крепост- ноӣ сабаб шуда буд, барои бекор шудани ҳуқуқи крепостноӣ замина тайёр кард. Махсусан мағлубияти армияи рус дар Ҷанги Қрим (1853— 56) дар назди ҳукумати Россия масъалаи бекор кардани ҳуқуқи крепостноиро ба мадди аввал гузошт.

Дар нимаи дуюми асри 19 Россия ба Формасияи капиталистӣ дохил шуд. Дар натиҷаи ислоҳоти деҳқонии (1861), ки онро ҳукумати Александри II (1855—81) гузаронид, дар тамоми империяи Россия 22,5 миллион  деҳқонон аз зулми помешикон озод шуданд. Бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ ва пслоҳотҳои минбаъдаи буржуазӣ қадаме буд барои гузаштан аз мутлақӣяти феодалӣ ба мутлақияти буржуазӣ. Барои тараққӣ кардани муносибатҳои капиталистӣ дар саноат ва хоҷагии қишлоқ шароитҳои мусоид фароҳам омаданд. Дар нимаи дуюми асри 19 просесси ба Россия ҳамроҳшавии Қазоқистон анҷом ёфт ва қисми зиёди Осиёи Миёна ба Россия ҳамроҳ шуд. Ба “Россия ҳамроҳ шудани халқҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Кавказ аҳамияти калони прогрессивӣ дошт.

Аз солҳои 60 дар ҳаракати озодихоҳии Россия давраи буржуазӣ-демократӣ сар шуд. Ба ин ҳаракат Н. Г. Чернышевский ва Н. А. Добролюбов, ки қувваҳои револютсиониро дар атрофи журнали «Современник» муттаҳид намуда буданд, роҳбарӣ мекарданд. «Замин ва озодӣ» калонтарин ташкилоти револютсионии солҳои 60 ба ҳисоб мерафт. Аз солҳои 70 сар карда ба ин ҳаракат халқчиён ҳамроҳ шу- данд. Аввалин ташкилотҳои коргарии «Иттифоқи Ҷанубии коргарони Россия» (соли 1875 дар Одесса) ва «Иттифоқи Шимолии коргарони рус» (соли 1878 дар Петербург) ташкил шуданд. Охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 дар муборизаи озодихоҳӣ синфи коргар роҳбариятро ба дасти худ гирифт. Пролетариати Петербург ва Москва отряди пешқадами он буд. Дар натиҷаи авҷи ҳаракати коргарӣ кру- жок ва гурӯҳҳои марксистӣ ташкил шуданд. Дар кори паҳн кардани ғояҳои марксизм дар Россия гурӯҳи «Озодии меҳнат» (Женева, 1883), ки Г. В. Плеханов роҳбараш буд, роли намоён бозид.

Охири асри 19—аввали асри 20 Россия дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон ба дараҷаи олии капитализм — империализм дохил шуд. Аз миёнаҳои солҳои 90 асри 19 дар ҳаракати озодихоҳии рус давра : пролетарӣ сар шуд, ки он бо ғояҳои сотсиализми илмӣ му- саллаҳ буд. Соли 1895 Владимир Илич Ленин бо гурӯҳи марксистон «Иттифоқи мубориза барои озодии синфи коргар»-и Петербургро ташкил кард. Съезди 1-уми Российская социал-демократическая рабочая партия РСДРП соли 1898 ташкил ёфтани партияи сотсиал-демократии коргарии Россияро расман эълон кард. Дар мубориза барои партияи пролетарии типи нав газетаи ленинии «Искра» роли ҳалкунанда бозид. Съезди 2-юми партия соли 1903 Программаи Российская социал-демократическая рабочая партия РСДРП-ро қабул карда, бо ҳамин ба партияи болшевикӣ, партияи типи нав ибтидо гузошт. Ташкил шудани партияи болшевикӣ дар ҳаракати коргарии Россия ва байналхалқӣ гардиши куллие буд. Россия ватани ленинизм, маркази ҷаҳонии тафаккури револютсионӣ ва амалиёти револютсионӣ шуд. Ҷанги Русу Япон (1904—05) фаро расидани кризиси револютсиониро тезонид. Мағлубияти саризи дар ҷанг вазъ- иятро боз ҳам тезу тунд кард. Ба Револютсияи буржуазӣ-демократии 1905—07 дар Россия синфи коргар бо сардории партияи марксистӣ дохил шуд. Револютсияи 1905—07 дар Россия шикаст хӯрда бошад ҳам, он тайёрии генералии Револютсияи Сотсиалистии Октябр (1917) буд. Россия дар асри 19 такягоҳи реаксияи Европа буд, вале дар ибтидои асри 20 авангарди ҳаракати озодихоҳии ҷаҳонӣ гардид. Дар рафти Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) Россияи буржуазӣ дар иттифоқ бо буржуазияи дигар мамлакатҳои Антанта мақсади имперпалистонаи худро ҳимоя мекард, ки он просесси дар мамлакат фаро расидани револютсияро тезонид. Вазъияти револю-тсионии соли 1916 ба Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 оварда расонд, ки дар натиҷаи он мутлақият сарнагун карда шуд. Ғалабаи Револютсияи феврал дигартунии қатъие дар таърихи мамлакат буд. Россия ба республикаи буржуазӣ- демократӣ табдил ёфт.

Дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Кабири  Сотсиалистии Октябр дар Россия ҳокимияти капиталистон ва помешикон сарнагун шуда, диктатураи пролетариат барқарор гардид, капитализм барҳам хурд, зулми иҷтимоӣ ва миллӣ хотима ёфт. Пролетариати Россия аз синфи мазлум ва истисморшаванда ба синфи ҳукмрон, партияи он — Партияи коммунистон ба партияи роҳбарикунанда табдил ёфт. Съезди 2-юми умумироссиягии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо 25 октябр (7 ноябр) дар бораи ба дасти Советхо гузаштани тамоми ҳокимият қарор қабул карда, Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссия интихоб намуд ва бори аввал дар таърихи давлати коргару деҳқони Республикаи Советии Россия бо сардории Владимир Илич Ленин Совети Комиссарони Халқ (СКХ)-ро ташкил намуд. Раиси Комитети Иҷроияи Маркази Умумироссия аз ноябри 1917 то марти 1919 Я. М. Свердлов, аз марти 1919 М. И. Калинин буд. Ба ҷои аппарати кӯҳнаи давлатӣ аппарати нави давлати советӣ ташкил ёфт.

Съезди 3-юми умумироссиягии Советҳои депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқонон, ки 10—18 (23— 31) январи 1918 шуда гузашт, барои минбаъд мустаҳкам гардидани ҳокимияти Совети аҳамияти бағоят калон дошт. Съезд Россияро Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия (РСФСР) эълон кард. Тамоми ҳокимият дар марказ ва дар маҳалҳо ба дасти Советҳо гузашт.

Совети Комиссарони Халқ СКХ-и Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 3 марти 1918 бо Германия Сулҳи Брест (1918)-ро баста аз ҷанги империалистӣ баромад. Ҳокимиятн Советӣ қувваи худро ба барқарор кардани хоҷагии халқ равона кард. Баъд аз ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр милликунонии корхонаҳои монополистӣ, нақлиёт, банкҳои хусусӣ ва ғайра сар шуд. Мубориза бо кулакҳо, ки аз фурӯши ғалла ба давлат саркашӣ мекарданд, ниҳоят тезу тунд шуд. Совети Комиссарони Халқ СКХ-и Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия  РСФСР маҷбур шуд, ки дар мамлакат дик- татураи озуқа ҷорӣ намояд: ба ғаллаҷаллобон беамон ҷазо дода мешуд. Моҳи маи 1918 аз коргарони Петроград, Москва, Тула, Иваново-Вознесенск барои ҳисобу китоб ва аз дасти кулакҳо кашида гирифтани ғаллаи зиёдатӣ отрядҳо ташкил карда шуданд. Аз моҳӣ июн сар карда комитетҳои камбағалон таъсис ёфтанд, ки онҳо дар кори ривоҷу инкишоф додан ва мустаҳкам намудани револютсияи сотсиалистӣ дар деҳот роли калон бозиданд.

Тобистони 1918 Ҷанги гражданӣ ва интервенсияи ҳарбии 1918—20 сар шуд. Партияи коммунистӣ пролетариат ва деҳқононро ба муборизаи зидди истилогарони аҷнабӣ ва сафедгвардиячиён бархезонд. Армияи Сурхи мунтазам амалкунанда ташкил шуд. 30 ноябри 1918 бо сардории Ленин Совети мудофиаи коргарон ва деҳқонон барпо гардид. Комитети Марказии РКП(б) ва Совети Комиссарони Халқ СКХ-и Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР бо мақсади ғалаба бар душман тадбирҳои фавқулодаи сиёсӣ ва иқтисодӣ андешид, ки он «коммунизми ҳарбӣ» ном дошт. Соли 1919 Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба коргарон ва деҳқонони шӯришкардаи Украина, Белоруссия ва Наздибалтика барои аз сарзаминашон рондани истилогарони Германия ва сафедгвардия- чиён ва дар он ҷо барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ ёрии ҳарбӣ, моддӣ ва сиёсӣ расонд. 1 январи 1919 Республикаи Советии Сотсиалистии Белорусспя эълон карда шуд. Дар Наздибалтика Ҳокимияти Советӣ барқарор гардид ва Республикаи Советии Сотсиалистии Литва, Республикаи Советии Сотсиалистии  Латвия ва Республикаи Советии Сотсиалистии  Эстония ташкил ёфтанд.

Солҳои 1919—21 халқи рус ба халқҳои Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Закавказия дар сарнагун кардани интервентҳо ва сафедгвардиячиён, барқарор ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ, ташкил намудани республикаҳои нави советӣ ёрии калон расонд. Дар Осиёи Миёна Рес- публикаи Халқии Советии Хоразм ва Республикаи Халқии Советии Бухоро, дар Закавказия Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон, Республикаи Советии Сотсиалистии  Арманистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон ташкил ёфтанд. Солҳои 1919—22 чанд Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ РАСС ва вилоятҳои автономӣ барпо шуданд. Партияи коммунистӣ дар ин давра сиёсати миллии лениниро ба амал тадбиқ намуда, бар зидди ҳар гуна майлон дар масъалаи миллӣ — шовинизми бузургдавлатӣ ва миллатчигии маҳаллӣ оштинопазирона мубориза бурд. Вазъияти дохилии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР баъди ҷанг ниҳоят вазнин буд. Аксарият корхонаҳо аз набудани ашёи хом ва сӯзишворӣ бекор меистоданд (ба истиснои саноати Шарқи Дур ва Қазоқистон) соли 1921 нисбат ба соли 1913 4,6 маротиба камтар маҳсулот баровард.

Дар тайёр намудан ва кор карда баромадани тадбирҳои гузаштан ба сохтмони осоиштаи хоҷагӣ роли Съезди 8-уми умумироссиягии Советҳо (22—29 декабри 1920) калон аст. Съезд чорабиниҳои ҳукуматӣ республикаро дар бобати барқарор кардани хоҷагии халқ маъқул дониста, плани ленинии электриконии Россияро ( Государственный план электрификации России ГОЭЛРО) тасдиқ намуд. Съезди 10-уми РКП(б) (марти 1921) дар бораи ба сиёсати нави иқисодӣ (НЭП) гузаштан қарор қабул кард. Дар асосиплани ленинии электриконии Россия (Государственный план электрификации России ГОЭЛРО) Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСРба районҳои иқтисодь тақсим шуд. Бо мақсади хотима додан ба инф- лятсия ва бардоштани қурби сӯм ислоҳоти пул гузаронида шуд. Солщои 1922—23 системаи ягонаи судь ташкил шуда, чандин кодекси қонунҳо мураттаб гардиданд. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба дигар республикаҳои советӣ дар кори аз нав барқарор намудани иқтисодиёт ёрии калон расонд.

Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР то ташкил шудани Союз Советских Социалистических Республик СССР дар амал вазифаи ҳукумати умумииттифоқиро иҷро мекард. 30 декабри 1922 дар Москва Съезди 1-уми Советҳои Иттифоқи Республикҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР даъват шуд ва дар он ташкил ёфтани Иттифоқи Республикҳои Советии Сотсиалистӣ (Союз Советских Социалистических Республик СССР) эълон гардид. Съезди 12-уми умумироссиягии Советҳо 11 мая 1925 матни нави Конститутсияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР-ро, ки он дар асоси Конститутсияи Иттифоқи Республикҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1924) тартиб дода шуда буд, қабул кард. Масъалаҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёти роҳи оҳан ва ало- қа, кори ҳарбӣ, савдои хориҷӣ, системаи пулу кредит аз ихтиёри ор- ганҳои олии ҳукумати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР гирифта, ба зиммаи Иттифоқи Республикҳои Советии Сотсиалистӣ  гузошта шуданд.

Партияи коммунистӣ плани ленинии сохтмони сотсиализмро ба ҳаёт тадбиқ карда соли 1925 дар Съезди 14- уми ВКП(б) роҳи индустронӣ, 1927 дар Съезди 15-ум роҳи коллективонии хоҷагии қишлоқро пеш гирифт, ки дар ҳалли ин масъадаҳо Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР мақоми калон дошт. Плани панҷсолаи 1-уми тараққиёти хоҷагии халқ ва сохтмони иҷтимоии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР (1929 —32) дар Съезди 14-уми умумироссиягии Советҳо маи 1929 тасдиқ гардид ва он қисми муҳиму таркибии плани панҷсолаи умумииттифоқ шуд. Дар панҷсолаи 1-ум дар республика 1100 корхонаи калони саноатӣ сохта шуд, шумораи коргарон ва хизмат- чиён ба 16,5 миллион нафар расид; солҳои 1929—30 деҳқонон ба таври оммавӣ ба колхоз дохил шуданд.

Дар давраи панҷсолаи 2-юм (1933 —37) дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 2900 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад. Сохти колхозӣ мустаҳкам шуд: то 1 июли 1937 92,6% хоҷагиҳои деҳқонӣ дар колхозҳо муттаҳид гаштанд. Сохтмони давлатӣ-миллии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР давом дошт. Солҳои 1923—30 тақсимоти нави маъмурӣ-территориявӣ ҷорӣ гашт: ба ҷои губерния, уезд ва волостҳо вилоят, кишвар ва районҳо ташкил карда шуданд. Аввали соли 1931 дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 14 кишвар ва вилоят, 11 республикаи автономӣ, 14 вилоятт автономӣ, 2085 район буд. Вилояти Автономии Мордва (1930), Вилояти Автономии Хакас (1930) ва дар Шимол 8 округи миллӣ барпо гардид. 20 марти 1932 Вилояти Автономии Қароқалпоқистон, 20 декабри 1934 Вилояти Автономии Мордва ва 28 декабр 1934 Вилояти Автономии Удмуртистон ба республикаҳои автономӣ табдил дода шуданд. 7 маи 1934 Вилояти Автономии Яҳудиён, 5 декабри 1936 Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Коми, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Мари, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Осетияи Шимолӣ, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Кабардин Балқар ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Чечен Ингуш ташкил шуданд.

Съезди 17-уми фавқулодаи умумироссиягии Советҳо 21 январи 1937 Конститутсияи нави Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР-ро, ки он ғалабаи сотсиализмро дар мамлакат инъикос менамуд, тасдиқ кард. Дар натиҷаи иҷрои супоришҳои панҷсолаҳои 1,2 ва қисман 3-юм (аз соли 1938) Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР соли 1940 дар тараққиёти хоҷагии халқ ба комёбиҳои бузург ноил гашт. Истеҳсоли солонаи маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна солҳои 1930—40 16,5% афзуд.

Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). 22 июни 1941 Ҷанги Бузурги Ватании Иттифоқи Советӣ (1941—45) бо Германияи фа- шистӣ сар шуд. Душман то тирамоҳи 1941 Ленинградро муҳосира карда, ба Москва ва Ростови Дон наздик шуд. Дар сарзамини Смолен- шина, Подмосковия, дар наздикии Ленинград, Севастопол, Тула муҳо- рибаҳои шадид ба вуқӯъ омаданд. Дар муҳорибаи назди Москва (1941— 42) душман бори аввал дар рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) сахт шикаст хӯрд. Дар территорияи аз тарафи душман забтшуда ҳаракати азими партизанӣ сар шуд. Тирамоҳи 1942 душман пас аз ҳуҷуми нав то соҳили Волга расида, як қисми Кавкази Шимолиро забт кард. Дар территорияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР калонтарин муқорибаҳо ба амал омаданд. Торумори армияҳои фашистӣдар муҳорибаи Сталинград (1942—43), дар Кавкази Шимолӣ, баъд дар муҳорибаи Курск (4943) дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тамоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дигаргунии ҳалкунандае гардид. Армияи Советӣ ба ҳуҷум гузашта, душманро аз хоки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР меронд. 8 май 1945 Германияи фашисти бегуфтугӯ таслим шуд.

Синфи коргар, деҳқонов ва интеллигенсияи Россия таҳти роҳбарии Партияи Коммунистии Иттиофқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар кори ғалаба бар фашизм саҳми бағоят калон гузоштанд. Солҳои 1941—42 корхонаҳои саноатӣ, миллионҳо одамон аз районҳон назди фронт сари вақт ба шарқи мамлакат кӯчонда шуданд. Урал, Сибири Ғарбӣ, Поволжия, Шарқи Дур ва дигар районҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба қӯрхонаҳои қӯшунҳои советӣ табдил ёфтанд. То 40% тамоми маҳсулоти саноати ҳарбиро Урал медод. Солҳои 1941—45 дар республика 7800 корхонаи саноатӣ бунёд ва барқарор карда шуд; 80% тамоми маҳсулоти саноатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР-ро Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР истеҳсол мекард. Дар Урал, Сибир, Поволжия конҳои нави маъдани оҳан, металлҳои ранга, нефт, боксит ва ғайра кашф карда шуданд. Усулҳои гудозиши босуръати металл, алалхусус пӯлоди аълосифат ихтироъ карда шуд. Олимон, конструкторон, инженерон самолётҳои ҷангӣ, танк, тӯп, яроқи автоматӣ, миномётҳои реактивие ихтироъ карданд, ки нисбат ба яроқу аслиҳаи душман мукаммалтар буданд. 2373 ҳазор ҷанговар аз Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР барои қаҳрамонӣ дар корзор бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Корнамоии қаҳрамонон А. М. Матросов, 3. А. Кос- модемянская, Н. И. Кузнесов, Н. Ф. Гастелло, Ю. ф. Смирнов, Б. И. Чайкина, Д. М. Карбишев ва дигар дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт шудаанд.

Соли 1944 мувофиқи шартномаи сулҳ бо  Финляндия вилояти Печенга, 1945 мувофиқи қарори конференсияи Крим Сахалини Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Курил ва 1945 мувофиқи конференсияи Потсдам қисми шимолии Пруссияи Шарқӣ (ҳоло вилояти Калининград) ба Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР гузаштанд ва ба ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дохил гардиданд.

Фашистон дар давраи истилои як қатор вилоятҳо 12150 корхонаи саноати, 13 ҳазор километр роҳи оҳанро қисман ва ё тамоман вайрон ва несту нобуд, зиёда аз 52800 колхоз, 860 совхоз, 1330 МТС-ро ғорат ва вайрон карда, 46 ҳазор трактор, 18 ҳазор комбайн, зиёда аз 16 миллион сар чорворо ба Германия бурданд; 2977 ҳазор бино, 17300 мактаб, 6700 муассисаи табобатӣ, 208 театр ва музейро ба хок яксон намуданд. Ҷанг ба хоҷагии халқ ва гражданҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба маблағи 249 миллиард сӯм (бо нархи ҳамон давра) зарар расонд.

То охири солҳои 50 саноати дар ҷанг харобгаштаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз нав барқарор карда шуд, ҳаҷми маҳсулоти саноати он нисбат ба давраи пеш аз ҷанг (соли 1940) 75% афзуд. 29 маи 1954 ба муносибати 300-солагии ба Россия ҳамроҳшавии Украина ва барои муваффақиятҳои бузурги халқҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар сохтмони давлатӣ, хоҷагӣ ва маданӣ республика бо ор- дени Ленин мукофотонида шуд. 5 ноябри 1958 республика барои муваффақиятҳое, ки меҳнаткашон дар кори барзиёд истеҳсол намудани ғалла, лаблабӯи қанд ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба даст оварданд, бори дуюм бо ордени Ленин мукофотонида шуд. 19 декабри 1967 республика ба муносибати 50-солагии Ҳокимияти Со- ветӣ бо ордени Револютсияи Октябр, 29 декабр 1972 ба муносибати 50-солагии ташкилёбии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР бо ордени Дӯстии Халқҳо мукофотонида шуд.

Дар нимаи дуюми солҳои 60-нимаи якуми солҳои 70 хоҷагии халқи республика босуръат тараққӣ кард.Калонтарин Гидро электростанция ГЭС-ҳои ҷаҳон на танҳо дар Волга, инчунин дар Кама, Об, Енисей, Ангара, Иртиш сохта шуданд. Дар вилояти Тюмен истеҳсоли саноатии нефт сар шуд. Дар назди Волга заводи калони автомобӣлсозӣ (дар шаҳри Толятти) ба вуҷуд омад, дар назди Кама (шаҳри Набережние Челни) комбинати калони автомобилсозӣ, калонтарин роҳи оҳани Байкалу Амур ва ғайра сохта шуданд. Боигарии табиии Сибир ва Шарқи Дур аз худ карда мешавад.

Xоҷагии қишлоқи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба истеҳсолоти калони сотсиалистии бо техникаи ҳозиразамон ҷиҳозонидашуда табдил ёфт.

Дар тараққиёти минбаъдаи хоҷагии қишлоқ қарорҳои Съезди 23-юми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС (1966), пленумҳои мартӣ (1965), маӣ (1966), октябрии (1968) Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, Съезди 24-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС (1971), Съезди 25-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС (1976) роли муҳим бозиданд. Барои бо суръати баланд тараққӣ кардани хоҷагии қишлоқи республика, ҳалли масъалаҳои сотсиалии деҳот қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР «Дар бораи чорабиниҳои тараққиёти минбаъдаи хоҷагии қишлоқи минтақаи Ғайрисиёҳхок» (1974) аҳамияти калон дошт. Дар давраи ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ меҳнаткашони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР бо меҳнати қаҳрамононаи худ дар саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, маданият ба кори умумииттифоқии сохтмони коммунистӣ саҳми арзанда мегузоранд (нигаред низ Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ, Иттифоқҳои касабаи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР).

Хоҷагии халқ. Шароити табиии минтақаҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР гуногун буда, захираҳои ниҳоят калони ашёи хом, сӯзишворию энергетикӣ дорад. Аз 3/4 захираи энергияи об ва зиёда аз 9/10 захираи чӯби Иттифоқи Советӣ дар ҳудуди республика воқеанд. Конҳои ангиштсанг, ангишти бӯр, нефт, газ, намакҳои калий, никел, қалъагӣ, маъдани алюминий, волфрам, тилло, платина, асбест, графит, варақсанг ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, инчунин заминҳои калони хоҷагии қишлоқ маҳз дар ин сарзамин воқеъ гардидаанд. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар тараққӣ додани хоҷагии халқи дигар республикаҳо чун базаи прогресси илмию-техникӣ, тайёркунандаи кадрҳои баландихтисос, маснуоти саноатӣ, манбаи ашёи хом ва ғайра роли калон мебозад. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР бо ҳамаи республикаҳои иттифоқӣ алоқаи мустаҳками иқтисодӣ дошта, ба онҳо дар тараққи додани саноат ва хоҷагии қишлоқ мадади калон расонда, аз онҳо ашёи хоми даркорӣ (пахта, абрешим ва ғайра) мегирад.

Дар давраи сохтмони сотсиалистӣ Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз республикаи аграрӣ ба республикаи тавонои индустриалии хоҷагии қишлоқаш мутараққӣ табдил ёфт. Танҳо дар солҳои 1941—74 даромади миллӣ зиёда аз 10 маротиба, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 12,2 маротиба, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 2,4 маротиба, обороти бори нақлиёт 7,5 маротиба афзуд.

Дар структураи хоҷагии халқ саноат, алалхусус индустрияи вазнин, бартарӣ дорад.

industry-rus

Саноат. Соли 1974 дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР  28 ҳазор корхонаи гуногуни саноатӣ кор мекард. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар байни республикаҳои иттифоқӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти қариб ҳамаи соҳаҳо дар ҷои 1-ум меистад. Аз ҷиҳати ис- теҳсоли намудҳои гуногун ва муҳими маҳсулоти саноатӣ Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз аксарияти давлатҳои капиталистӣ пештар аст. Вай нисбат ба дигар давлатҳо (ғайр аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка) бештар қувваи электр, ангишт, газ, нуриҳои минералӣ, матоъ истеҳсол мекунад; саноати электроэнергетика, химия ва мошинсозӣ, ки онҳо прогресси илми-техникиро таъмин мекунанд, мавқеи калон доранд. Солҳои 1941—74 ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва коркарди металл 40,6 мароти- ба, саноати химия, химияи нефт 35,5 маротиба, электроэнергетика 23 маротиба афзуд. Дар ноҳияҳои шарқии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР саноати сӯзишворӣ, электроэнергетика, металлургияи сиёҳ, химия ва ҷангал тараққӣ кардааст. Соли 1974 саноати сӯзишворӣ 717 корхона дошт, ки дар онҳо 728 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Дар солҳои 1941—74 дар республика истеҳсоли нефт 54 маротиба, газ 477 маротиба, ангишт 5 маротиба, варақсанг қариб 8 маротиба афзуд. Нефт асосан дар вилояти нефту газдори Волгаю Урал, Сибири Ғарбӣ, Кавкази Шимо- лӣ, Руспубликаи Автономии Советии Сотсиалистии Коми, ҷазираи Сахалин истихроҷ мешавад. Гази табииро асосан дар Кавкази Шимолӣ, Поволжия ва дар ноҳияҳои Шимоли Ғарбии республика истеҳсол мекунанд; ин ноҳияҳо 59% гази табии дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР истеҳсолшавандаро медиҳанд (1975). Захираи гази ҳамвории Сибири Ғарбӣ ба 14 триллион метр3 мерасид. (Ба ғайр аз конҳои гази Уренгой, Ямбург, Заполярия, Медвеже, ки дар ҷаҳон калонтарин мебошанд, аз 1 то 4 трилляон метр3 захира доранд, 1975). Калонтарин ҳавзаи ангишти республика — ҳавзаи Кузнеск ва Печора. Аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷшуда (231,6 миллион тонна дар соли 1974) 60% ангиштсанг, яъне аз 1/3 он ангишти коксшаванда (74,3 миллион тонна дар соли 1974) мебошад. Торф асосан дар ноҳияҳои Марказӣ, Волгаю Вятка ва дар Урал, варақсанг дар Шимолу  Ғарб ва дар Поволжия истихроҷ мешавад. Соли 1974 дар соҳаи саноати электроэнергетика 915 корхона буд ва дар онҳо 402 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Иқтидори ҳамаи стансияҳои электрии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 125,6 миллион килоВатт (1974) буд. Зиёда аз 4/5 он ба Тепло Электро Стансияҳо рост меояд. Калонтарин ГидроЭлектро СтансияГЭС-ҳои мамлакат дар территорияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР сохта шудаанд: ГидроЭлектро Стансия ГЭС-и ба номи Владимир Илич Ленин (2,3 миллион килоВатт), ба номи Съезди 22-юми Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС (2,5 милион килоВатт, ҳар ду дар дарёи Волга), ГидроЭлектро Стансия ГЭС-и Братск (4,1 миллион килоВатт) ва ГидроЭлектро Стансия ГЭС-и Красноярск (6 миллион қилоВатт). Солҳои охир ГидроЭлектро Стансия ГЭС-ҳои пур- иқтидори Уст-Илим (3,6 миллион килоВатт), Саяно-Шушенск (5,3 миллион килоВатт) ва дигар сохта шуданд. Ҳамаи ГидроЭлектро Стансия ГЭС ва ГРЭС-ҳои калонтарин баъд аз ҷанг бунёд шудаанд. Стансияҳои электрии атомии Ленинград, Кола, Билибин ба кор даромаданд.

Саноати х им и я ва х и м и я и нефт соли 1974 602 корхона дошт ва дар онҳо 1123 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Қариб ҳамаи соҳаҳои ин саноат дар давраи Ҳокимияти Советӣ ба вуҷуд омадаанд. Солҳои 1941— 74 истеҳсоли нахҳои химиявӣ 77 маротиба, нуриҳои минералӣ 17 маротиба, содаи калцийдор зиёда аз 57 маротиба, кислотаи сулфат қариб  7 маротиба афзуд. Дар Поволжия, минтақаи Марказӣ, Сибири Ғарбӣ, минтақаи Марказии сиёҳзамин, дар Урал, Сибири Шарқӣ корхонаҳои пуриқтидори каучуки синтетикӣ ва мас- саҳои синтетикии пластикӣ воқеъ гардидаанд.

Саноати металлургияи с и ё ҳ соли 1974 166 корхона дошт ва дар онҳо 772 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ заводҳо аз нав сохта шуданд. Солҳои 1941—74 истеҳсоли маъдани оҳан зиёда аз 8 маротиба, кокс қариб 9 маротиба, чӯян 9,7 маротиба, пӯлод 8,1 маротиба, прокати тайёр 8,9 маротиба афзуд. Корхонаҳои пуриқтидортарини металлургияи сиёҳ дар Урал (Магнитогорск, Челябинск, Нижний Тагил), дар минтақаи Марказӣ (Лисеск, Тула) ва дар Сибири Ғарбӣ (Новокузнеск) воқеъ гардидаанд. Корхонаҳои Урал зиёда аз нисфи чӯян (27,1 миллион тонна соли  1974), пӯлод (41,9 миллион тонна) ва прокати тайёри (26,4 миллион тонна) республикаро истеҳсол мекунанд.

Металлургияи рангаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти гуногун (никел, қалъагӣ, мис ва ғайра) мавқеи бағоят калон дорад. Корхонаҳои ин соҳа дар Шимолу Ғарб, Урал, Сибири Шарқӣ, Кавкази Шимолӣ ва Шарқи Дур ҷой гирифтаанд. Саноати металлургияи рангаи республика ба миқдори зиёд мис, сурб, руҳ, алюминий, волфрам, молибден истеҳсол меку- над.

Саноати мошинсозӣ ва коркарди металл соли 1974-ум 4984 корхона дошт, ки дар онҳо 9093 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Са- ноати мошинсозии вазнин дар ноҳияҳои индустрияи вазнин (минтақаҳои Марказӣ, Урал ва ғайра) воқеъ гардидааст. Марказҳои муҳими мошинсозии энергетикӣ (истеҳсоли турбина, дастгоҳҳои электрӣ) дар Шимолу Ғарб (Ленинград), дар ноҳияи Марказӣ (Москва), Урал (Свердловск) ва дар Сибири Ғарбӣ (Новосибирск) ҷой гирифтаанд. Корхонаҳои саноати мошинсозии нақлиётӣ (истеҳсоли электровоз, вагон, тепловоз, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, автомобил, автомобили боркаш, автопоезд, трактор, комбайнҳои ғалладарав ва ғайра) асосан дар минтақаҳои ноҳияҳои Марказӣ, Кавкази Шимолӣ, Шимолу Ғарб, Сибири Ғарбӣ, Поволжия, Урал, Сибири Шарқӣ сохта шудаанд.

Саноати масолеҳи бинокорӣ соли 1974 2095 корхона дошт ва дар онҳо 1171 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Солҳои 1941—74 ис- теҳсоли семент зиёда аз 19, хишти бинокорӣ ва шиша 5,5—6 маротиба афзуд. Марказҳои калони саноати масолеҳи бинокорӣ дар Урал (Су- хой Лог, Горнозаводск), Поволжия (Волск, Стерлитамак), Кавкази Ши- молӣ (Новороссийск) ва дар ноҳияи Марказӣ (Брянск, Воскресенск, Подолск ва дигар) ҷой гирифтаанд. 3аводҳои нави семент, асбест, шишаи тиреза, хишт ва ғайра (бештар дар ноҳияҳои шарқии республика) сохта мешаванд.

Саноати ҷангал, чӯбгарӣ ва селлюлозаю коғаз соли 1974 4375 корхона дошт ва дар онҳо 2118 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар ин соҳа роли калон мебозад, чунки зиёда аз 90% захираи чӯб дар территорияи он воқеъ аст. Марказҳои калони ин саноат дар Шимолу Ғарб, Урал, Сибири Шарқӣ, Шарқи Дур сохта шудаанд.

Саноати сабук соли 1974 4815 корхона дошт ва дар онҳо 2874 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Солҳои 1941—74 истеҳсоли газворҳои пахтагӣ 1,7, пашмин 3,8, катонӣ 2,3, шоҳӣ тахминан 46 маротиба, истеҳсоли пойафзоли чармин зиёда аз 2 маротиба афзуд. Дар саноати сабук соҳаи бофандагӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулот ҷои аввалро ишғол мекунад. Дар истеҳсоли матоъ ноҳияи Марказӣ, ки дар ин ҷо аз давраҳои пеш яке аз калонтарин дар дунё марказҳои саноати бофандагӣ ҷой гирифта буд, роли асосӣ мебозад. Зиёда аз 84% ҳамаи навъҳои матон пахтагӣ (Иваново, Москва, Ярославл, Орехово- Зуево, Калинин ва дигар) зиёда аз 4/5 матои катонӣ (Кострома, Вязники ва дигар), аз 3/4 шоҳиворӣ (Москва, Калинин, Наро-Фоминск ва дигар), зиёда аз 2/3 матои пашмин (Москва ва дигар) дар ин маркази саноати бофандагӣ истеҳсол мешавад.

Дар районҳои шарқии республика бисёр фабрикаву комбинатҳои саноати сабук сохта шуданд ва сохта мешаванд.

Саноати хӯрокворӣ соли 1974 6260 корхона дошт ва дар онҳо 1635 ҳазор коргари саноатӣ кор мекард. Солҳои 1941—74 дар республика истеҳсоли қанд 7,5, гӯшт 5,6, сайди моҳӣ 6,3, равғани чорво 4,6 маро- тиба, маҳсулоти ширӣ бештар аз 12 маротиба афзуд. Саноати хӯрокворӣ дар ҳамаи ноҳияҳои иқтисодӣ тараққӣ кардааст. Соҳаҳои он вобаста ба эҳтиёҷоти аҳолӣ махсус гардонида шудаанд. Қанд, гӯшт, равған бештар дар минтақаҳои Маркази сиёҳхок, Кавкази Шимолӣ ва ноҳияҳои Марказӣ истеҳсол мешаванд.

Хоҷагии қишлоқ. Соли 1974 дар ихтиёри корхона ва хоҷагиҳои хоҷагии қишлоқи  республика 658,7 миллион  гектар замин буд, ки он 40% тамоми территорияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР мебошад. 70% тамоми заминҳоро совхозҳо ва дигар хоҷагиҳои давлатӣ, боқимондаашро колхозҳо истифода мебаранд. Республика 222,2 миллион гектар киштзор, аз он ҷумла 113,8 миллион гектар марғзор, 26,8 миллион гектар алафзор, 59,6 миллион гектар чарогоҳ дорад. Xоҷагии қишлоқи республика базаи пуриқтидори моддӣ-техникӣ дорад: дар ихтӣёри 13 ҳазор колхоз ва 10,5 ҳазор совхози он (1974) зиёда аз 1 миллион трактор, қариб 400 ҳазор комбайн ва зиёда аз 480 ҳазор автрмобили боркаш буд. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР зиёда аз нисфи ҳосили зироати ғалладонаи Иттифоқи Советиро медиҳад. Ноҳияҳои асосии истеҳсоли ғалла — Поволжия, Кавкази Шимолӣ, Урал, Сибири Ғарбӣ, Марказӣ ва минтақаи Марказии сиёҳхок мебошанд, ки онҳо тақрибан 90% ҳосили умумии ғалладонаро медиҳанд. Дар минтақаи беша кишти ҷавдор ва зағир, дар Кавкази Шимолӣ ва минтақаи Марказии сиёҳхок офтобпараст, лаблабӯи қанд, дар ноҳияи марказӣ картошка, дар Кавкази Шимолӣ ва ноҳияи Марказӣ бехмева, дар Шарқи Дур лӯбиёгиҳо кишт мешаванд, дар ноҳияи Марказӣ ва Урал сабзавоткорӣ тараққӣ кардааст. Дар ноҳияҳои гуногуни ғаллакори республика ба миқдори зиёд ҷавдор, ҷу-воримакка, арзан, марҷумак, шолӣ, лӯбиёи чинӣ, офтобпараст, зағир, картошка, зироати полизӣ ва ғайра мекоранд. Токзору майдонҳои буттамева сол аз сол зиёд мешавад.

Ҷадвали 3

 

Фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба давлат (аз ҳисоби миллион тонна)

1975    1976    1977    1978

Зироати галладона  26.2     52.6     36,4     56,2

Лаблабуи қ&нд         17,8     24,6     25,8     23,3

Офтобпараст 1.7       2,1       2,1       1.9

Картошка …   9,1       6.9       10,6     8.0

Саозавот ….    5.8       6,0       6,5       7,3

Чорво ва парранда (ҳамааш ба қисоби 8.5

вазни аинда) . .                      7,6       8,1       8.5

Шир ва маҳсулоти   30.7

ширӣ                           30.2     32.5     32,4

Тухм, млрд дона       20,4     20,1     22,4     24,2

Пашм, ҳаа. т •. .        251      234      260      267

 

Чорводорӣ. Чарогоҳ, марғзор ва алафзорҳои доманфарох барои тараққӣ кардани чорводорӣ имконияти калон медиҳанд. Зиёда аз 1/2 гов, 1/2 хук, 45% гӯсфанду буз, тамоми саршумори гавазни шимолӣ, 55% паррандаи мамлакат дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР пар-вариш меёбад. Дар республика с. 1979 (ба ҳисобя млн сар) 58,5 гов, аэ ҷумла 22,2 модагов, Зу,8 хук, 64,8 гӯсфанду буэ буд. Поволжия, ноҳияи Марказй ва Сибири Ғарбӣ барои пар-вариши гов, Кавкази Шимоли, По-волжия, минтақаи Марказии сиёҳ-хок барои хукпарвари. Поволжия, Кавкази Шимолй ва Сибири Шарқи барои гӯсфавду бузпарварй, Ша рқи Дур барои парвариши гавазни ши-молӣ, ноҳияи Марказй, Кавкази Ши-молӣ ва Поволжия барои парранда-парварй махсус гардонида щудаанд.

 

Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР с. 1982 7,5 млн т гӯшт (ваани ку-шта), 46,9 млн т шир, 28,5 млрд дона тухм ва 263 ҳаз. т пашм истеҳсол кард.

 

  1. қ.-и Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар қатори х. қ.-н ҳамаи республикаҳои иттифоқй бо роҳи интенсификацияи истеҳсолот дар асоси химиконй, механиконии комплексии зироаткорӣ ва чорводо-рӣ, обёрии замии тараққи мекунад.

 

Нақлиёт. Дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ҳамаи на-мудҳои нақлиёти аамонавй тараққӣ кардааст, ки оя 69% обороти борка-шоиви мамлакатро ба иҷро мерасо-иад. Нақлиёти р. о.-и республика тақр. аз 2/3 бор ва аэ 3/5 қисми оассажиронрр мокашонад. С. 1974 тӯли р. ом ки бо он электровоау теп-ловоэҳо бор мекашонанд. 72,7 ҳаа. км (92% тамоми сети р. о.) буд. Роҳ-ҳои асосии бор ва п&ссажиркашоий электроыида шудаанд.

Нақлпётн обй. Роҳҳои аа ҳама ка-лон ва муҳими обии Иттифоқи Со-ветӣ дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР воқеъ гардидаанд. Обороти бори нақлиёти обии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 199 млрд т/км (1974) буд, ки ип 94% обороти бори иаклиёти обии СССР-ро ташкил мокард. Дароэтарин роҳҳои обии СССР (Волга — Кама, Обь — Иртыш, Ениссй — Лепа, Амур ва ғ.) ниэ дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР воқеъ гарди-дааид.

 

Нақлиёти баҳрии республи-ка асосап бо боркашонии савдои хо-риҷӣ машғул мебошад. Бандарҳон муҳими баҳрӣ: Новороссийск (аз ҷи-ҳати обороти бор калонтарин дар мамлакат), Лепинград, Калипинград, Мурманск, Архангельск, Владивосток.

 

Нақлиёти автомобилӣ асосан барои боркашопии ноҳияҳои дохили республика хиэмат мекунад; с. 1974 бо нақлиёти автомобилй 10,8 млрд т бор кашонда шуд. Роҳҳои асосни автомобилгард: Москва — Ле-пинград, Москва — Минск, Москва — Киев, Москва — Симферополь, Моск-ва — Горький — Қазон ва ғ; сохтмо-ии диг. роҳҳои калон ба охир мера-сад.

 

Нақлиёти ҳавоии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР хеле хуб тараққӣ карда, барои пай-вастани шаҳру деҳоти мамлакат, ба районҳои дурдаст кашонидани бору пассажир ва техника хизмат мекунад. Роҳи ҳавоии Москва — Ха-баровск — Владивосток ноҳияҳои Урал, Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Ши-моли Ақсо, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Ёқут., Шарқи Дурро (ҷазираҳои Курил, ҷазираҳои Сахалин ва Камчатка низ ба ҳамин ҳисоб медароянд) бо ҳам мепайвандад. Нақлиёти ҳавоии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР соли 1974 зиёда аз 58 миллион пассажир кашонд.

Сохтмони трубопровод сол аз сол тараққӣ мекунад. Соли 1975 дарозии нефтепровод ва трубопроводи маҳсулоти нефт 42 ҳазор километр буд. Нефтепроводи «Дӯстӣ» (дарозиаш 7 ҳазор километр) яке аз калонтарин нефтепроводҳои республика мебошад. Газопровод-ҳои калонтарин: Осиёи Миёна—Марказ, «Фаҷри Шимолӣ».

Некӯаҳволии моддӣ. Дараҷаи зиндагонии аҳолии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР мунтазам баланд мешавад. Даромади миллӣ дар солҳои 1966—73 1,8 маротиба афзуд. Даромади реалӣ ба ҳар сар аҳолӣ соли 1973 нисбат ба 1965 1,5 баробар зиёд шуд. Моҳонаи миёнаи коргарон ва хизматчиён сои 1974 назар ба соли 1940 4 маротиба зиёд шуд. Солҳои 1966—74 ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, колхозҳо ба аҳолӣ 11828 ҳазор квартира (майдони умумиаш 526,4 миллион  метр2) сохтанд. Соли 1975 дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 274,9 ҳазор магазин ва 140,7 ҳазор муассисаи хӯроки умумӣ буд.

Нигаҳдории тандурустӣ. Дар Россияи тореволютсионӣ системаи нигаҳдории тандурустӣ нисбат ба давлатҳои аз ҷиҳати иқтисоди тараққикардаи Европа хеле суст ба роҳ монда шуда буд. Авҷи касалиҳои сироятӣ — вабо, вараҷа, чечак, арақи ҳасба ҳодисаи табиӣ ба шумор рафта, касалии сил, трахома, қӯтур ва дигар саросар паҳн шуда буд. Дараҷаи фавти умумӣ ниҳоят баланд буд; соли 1913 ба 1 ҳазор аҳолӣ 29,1 фавт рост омад. Тахминая 27% кӯдакон дар соли якуми ҳаёташон нобуд мешуданд.

Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр системаи нигаҳдории тандурустӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Дарозии умр ба ҳисоби миёна дар солҳои 70 назар ба давраи пешазреволютсионӣ 2,5 баробар афзуд.

Баъд аз Револютсияи Октябр Ҳукумати Советӣ оид ба муҳофизати саломатии халқ рӯзи кори 8-соата, муҳофизати меҳнат, суғуртаи сотсиалӣ, дар бораи муҳофизати модар ва кӯдак, милликунонии дорухонаҳо ва дигар воситаҳои тиббӣ ва ғайра як қатор қонунҳо баровард. Ёрии тиббӣ бепул ва умумихалқӣ шуд. Соли 1975 дар муассисаҳои табобатии республика (ба ҳисоби ҳазор кат) дар терапия 341,5, ҷарроҳӣ 226,8, онкология 27,8, оториноларингология 22, офталмология 21,3, неврология 48,1, гинекология 102,2, барои занҳои ҳомила ва таваллудкарда 106,6, бемориҳои сироятии кӯдакон 192,7 мавҷуд буд. Инчунин 1553 диспансер ба аҳолӣ хизмат мерасонд.

Соли 1974 2,7 ҳазор стансия ва шӯъбаи санитарӣ-эпидемиологӣ, 65,2 ҳазор дорухона ба аҳолӣ хизмат расонд. 45 институти тиббӣ ва 5 факултети университетҳои тиббӣ (соли таҳсили 1974/75) фармасевтҳо тайёр мекунанд. Дар институтҳои тиббӣ 175,7 ҳазор студент ва дар 379 мактаби миёнаи махсуси тиббӣ 240.7 ҳазор талаба таҳсил мекард. Соли 1975 186 муассисаи илмии тиббӣ, аз ҷумла 132 институти тадқиқоти илмӣ доир ба тадқиқи масъалаҳои тиб кор бурд. Соли 1973 дар санаторияҳои республика 251,1 ҳазор, дар хонаҳои истироҳатӣ ва пансионатҳо 185,5 ҳазор кат буд. 1978 шумораи духтурон дар як сол ба 13,2 ҳазор зиёд шуда, ба 518.7 ҳазор нафар расид.

Соли 1974 барои системаи нигаҳдории тандурустӣ ва физкултураю спортӣ республика 5902 миллион сӯм ҷудо карда шуд. Ғайр аа ин, барои ин соҳаҳо давлат, ташкилотҳои кооперативӣ, иттифоқҳои касаба, колхозҳо низ маблағ  ҷудо мекунанд. Ёрии тиббӣ ба аҳолӣ сол ба сол беҳтар шуда, сафи духтурон торафт меафзояд. Соли 1974 дар республика зиёда аз 109 ҳазор коллективи физкултурӣ, қариб 2,5 ҳазор мактаби спортии бачагону ҷавонон, 100 мактаби маҳорати спортӣ, 7 институт ва 15 техникуми тарбияи ҷисмонӣ, Мактаби марказии тренерҳо буд. Республика қариб 1,7 ҳазор стадион (калонтаринашон дар Москва, Ленинград, Волгоград ва дигар шаҳрҳои калон), 22 қасри спорт, зиёда аз 500 ҳавзи шиноварӣ, зиёда аз 30 ҳазор зали спортӣ, қариб 57 ҳазор майдони футбол, зиёда аз 3 ҳазор хонаи шикорчиён ва моҳидорон дошт (1975). Минтақаҳои асосии туризм: Соҳили баҳри Сиёҳи Кавказ, Кавкази Шимолӣ, Шимоли Ғарб республика (вилояти Ленинград, Карелия, нимҷазираи Кола), Поволжия, Урал, Олтои ва Саян, кули Байкал ва ғайра. Марказҳои калони туристӣ: Москва, Ленинград, Сочи, Горкий, Уляновск, Куйбишев, Волгоград, Владивосток ва ғайра; шаҳрҳои қадим: Новгород, Псков, Вологда, Ярославл, Суздал, Смоленск ва ғайра. Соли 1974 дар республика 73 совети кишварӣ ва вилоятии туризм ва экскур-сионӣ, 200 бюрои саёҳат ва экскурсия, қариб 400 базаи туристӣ, меҳ-монхона ва кемпингҳои иттифоқҳои касаба, 9 лагери алпинистӣ ва ғайра кор мекард.

Маорифи халқ ва муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ. Дар охири асри 19 Россия аз рӯи саводнокии аҳолӣ аз давлатҳои пешқадами Европа хеле қафо монда буд. Бино ба маълумоти баруйхатгирии соли 1897 дар территорияи ҳозираи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР фоизи миёнаи саводнокии аҳолӣ аз синни 9 то 49-сола 29,6%, дар байни мардон 44,4%, дар байни занон 15,4% буд. Дар ноҳияҳои миллии дурдаст дараҷаи саводнокӣ аз ин ҳам пасттар буд. Бисёр миллатҳо алифбои худро надоштанд. Аз илму маърифат танҳо аъёну ашроф, амалдорони калон ва рӯҳониён баҳра бурда метавонистанд. Системаи маорифи халқи Россия дар арафаи Револютсияи Октябр чунин зинаҳо дошт. Мактаби ибтидоӣ мактабҳои навъи гуногунро дар бар мегирифт: омӯзишгоҳҳои ибтидоии 1-синфа _ (3-4-сола), 2-синфа (5-6-сола), омӯзишгоҳҳои  ибтидоии олии 4-синфа (4-сола) ва ғайра. Баъди хатми гимназияи мардона (8-сола) ва занона (7-8-со-ла) хонандагон дар омӯзишгоҳҳои реалӣ (6-7-сола) ва савдо (7-8-сола), омӯзишгоҳи динӣ (4-сола) ва семинария (6-сола), корпусҳои кадетӣ (7-сола), инстутути ашрофдухтарон (8-сола), омӯзишгоҳи епархиалӣ (7-8-сола) маълумоти миёна мегирифтанд. Мактабҳои миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои ҳунармандӣ, хоҷагии қишлоқ, савдо ва ғайра низ вуҷуд доштанд. Семинарияҳо (4-сола) ва институтҳои муаллимтайёркунӣ (3-сола) ҳам буданд. Хонандагон дар университетҳо (4-сола), мактабҳои олии техникӣ, иқтисодӣ (4-5-сола), курсҳои олии занона, академияҳои динӣ (4-сола) маълумоти олӣ мегирифтанд. Аз сабаби аз ҳамдигар фарқи калон доштани программаҳои таълимил мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, дар доираи мамлакат нобаробар ҷойгир шудани мактабҳо, пулакӣ будани таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ фарзандони меҳнаткаш аз илму маърифат дур мемонданд. Соли таҳсили 1914/15 дар ҳамаи мактабҳои маъ-лумоти умумие, ки дар территорияи ҳозираи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР вуҷуд доштанд, 5684 ҳазор, дар 297 мактаби миёнаи махсус 35,4 ҳазор талаба, дар мактабҳои олӣ 86,5 ҳазор студент буд.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба меҳнаткашони ҳамаи миллатҳо дари илму маърифатро боз намуд. Соли 1917 Комис-сариати маорифи халқи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР таъсис ёфт. Дар асоси чандин декретҳое, ки ба онҳо Владимир  Илич Ленин имзо кардааст, системаи нави маорифи халқ ташкил ёфт. Охири 1917—аввали 1918 дар бораи аз давлат ҷудо кардани дин ва ҷудо кардани мактаб аз калисо, милликунонии ҳамаи муассисаҳои таълиму тарбиявӣ ва ба ихтиёри Комиссариати маорифи халқ додани онҳо қонун қабул шуд. Октябри 1918 Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссия «Низомномаи мактаби ягонаи меҳнатии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР»-ро тасдиқ кард. Дар низомнома қайд карда мешуд, ки таълими бепули ҳамаи бачагони аз 8 то 17-сола ҳатмист. Партияи Коммунистӣ ва Давлати Советӣ дар як муддати нисбатан кӯтоҳ барҳам доданд бесаводии аҳолиро вазифаи асосии худ қарор доданд. Соли 1920 Совети Комиссарони Халқи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар назди Комиссариати маорифи халқ Комиссияи фавқулодаи умумироссиягии оид ба маҳви бесаводиро таъсис намуд. То охирҳои 1932 дар як қатор районҳои республика бесаводӣ асосан маҳв гардид. Агар соли 1939 89,7% аҳолии республика саводнок бошад, пас соли 1970 он ба 99,7 % расид. Дар системаи маорифи халқ тағйироти зиёде ба амал омад. Системаи тарбияи томактабӣ баъди Револютсияи Октябр ташкил ёфт. Аввали соли 1974 дар республика 67 ҳазор боғчаи бачагон ва яслиҳои доимоамалкунанда мавҷуд буд, ки дар онҳо 6138 ҳазор кӯдак тарбия меёфт. Дар панҷсолаи 9-ум системаи маорифи республика пурра ба маълумоти миёнаи умумӣ гузашт. Соли таҳсили 1974/75 дар 91,6 ҳазор мактаби маълумоти умумӣ  23 941 ҳазор, дар 2477 мактаби миёнаи махсус 2673 ҳазор, дар 3589 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 1701 ҳазор талаба, дар 475 мактаби олӣ, аз ҷумла дар 38 университет (32-тои он пас аз Револютсияи Октябр кушода шуд) 2798 ҳазор студент таҳсил мекард.

Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР республикаи сермиллат мебошад; таълим дар системаи маорифи халқи он ба 47 забон бурда мешавад. Планҳои таълимии мактабҳои миллӣ омӯзиши забон ва адабиёти миллиро аз рӯи программа ва китобҳои дарсии махсус пешбинӣ мекунанд.

 

Дар давраи Ҳокимияти Советӣ дар республика шабакаи васеи муассисаҳои беруназмактабӣ ташкил ёфт. Аввали соли 1974 дар ин ҷо 2350 қаср ва хонаи пионерон, 414 стансияи техникҳои ҷавон, 228 стансияи табиатшиносони ҷавон, 90 стансияи экскурсионӣ-туристӣ, 98 боғи бачаҳо ва ғайра кор мекард.

Дар тарбияи коммунистии меҳнаткашон ва ташаккули маорифи халқ муассисаҳои маданию маърифатӣ — китобхона, хонаҳои маданият ва ғайра роли калон мебозанд. Дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР соли 1974 зиёда аз 62 ҳазор китобхонаи оммавӣ буд. Калонтарини онҳо: Китобхонаи давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ба номи Владимир Илич Ленин дар Москва, Китобхонаи давлатии оммавии ба номи М. Е. Салтиков-Шедрин дар Ленинград ва ғайра.

Соли 1974 дар республика 639 музей, аз он ҷумла 87 музеи таърихӣ-револютсионӣ ва таърихӣ, 304 музеи кишваршиносӣ, 109 музеи ёдгорӣ, 87 музеи санъат ва ғайра кор кард. Калонтарин музейҳо: Музеи Владимир Илич Ленин, Музеи марказии Револютсияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, Нигористони Третяков ва Музеи санъати нафисаи ба номи Александр Сергеевич Пушкин дар Москва, Музеи рус ва Эрмитаж дар Ленинград ва ғайра (нигаред низ Москва, Ленинград).

Илм ва муасснсаҳои илмӣ. Илмҳои табиатшиносӣ ва техн и к ӣ. Ҳанӯз дар замони Руси Киев техникаи бинокорӣ (қалъа, ибодатхона, кӯшк) ва ҳунармандӣ ба дараҷаи баланд расида буд. Дар Россияи асри 17 дониши илмӣ-амалӣ тараққӣ карда бошад ҳам, илми табиатшносӣ ва техникӣ қариб вуҷуд надошт. Дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва сиёсии асри 18 талаботро ба мутахассисон, дониши илмӣ ва техникӣ хеле зиёд кард. Бо роҳбарии бевоситаи Пётри I дар Россия барои тараққӣ додани илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ як қатор чораҳо ан-дешида шуданд. Дар Москва, Петербург, Урал ва дигар ҷойҳо мактабҳои махсус кушода шуданд.

ilm-russia

Барои омӯзиш ва тадқиқи территорияи мамлакат чанд экспедитсияҳо ташкил шуд. Россия рӯ ба тараққӣ ниҳода буд, аз ин рӯ ба мутахассисони бомаҳорат ва ба равнақи илми замонавӣ эҳтиёҷи калон дошт. Барои ҳалли ин масъалаҳо соли 1724 Академияи фанҳо таъсис дода шуд, ки он дар пешрафти илми ватанӣ, ба ҳаёт татбиқ намудани комёбиҳои илм роли бузург бозид. Доир ба тасаввуроти атомӣ дар бораи модда ва қонунҳои бақои модда ва ҳаракат тадқиқотҳои калони илмӣ гузаронида шуданд. Замин, олами ҳай-вонот ва набототи он мунтазам омӯхта мешуд.

Агар соли 1724 Академияи фанҳо таъсис ёфта бошад, дар нимаи дуюми асри 18 Университети Москва (1755), Омӯзишгоҳи кӯҳкории Петербург (ҳоло Институти кӯҳкории Ленинград (1773), Академияи тиббӣ-ҷарроҳии Петербург (1798) ва дигар донишкадаҳо кушода шуданд.

Дар таърихи илми рус фаъолияти М. В. Ломоносов, ки асарҳояш қариб ҳамаи соҳаҳои илмро дар бар мегирифтанд, як давраи томе буд, Дар нимаи якуми асри 19 злектротехника (П. Л. Шиллинг), металлургия (П. Г. Соболевский), мушаксозӣ (А. Д. Засядко), кӯпруксози (С. В. Кёрбедз), роҳиоҳансозӣ (Н. О. Крафт) ва ғайра рӯ ба тараққи ниҳод. Дар нимаи дуюми асри 19 олимони рус дар ҳалли масъалаҳои асосии табиатшиносӣ саҳми калон гузоштанд. Соли 1861 A.М. Бутлеров назарияи сохти химиявиро офарид. Олими барҷастаи рус И. М. Сеченов соли 1869 асари барҷастаи худ «Рефлексҳои мағзи сар»-ро навишт, ки он дар физиологияи мағзи сар давраи нав — давраи дарки материалистонаи фаъолияти олии асаб буд. Солҳои 60 А. О. Ковалевский назарияи эмбриологияи эволютсионӣ, B.0. Ковалевский палеонтологияи эволютсиониро кашф карданд. Соли 1869 Д. И. Менделеев қонуни даврии элементҳои химиявиро кашф намуд, ки асоси физикаи атомӣ ва химияи асри 20 гардид. Аз солҳои 60 фаъолияти илмии К. А. Тимирязев оғоз ёфт, вай ба таълимот дар бораи фотосинтез саҳми арзанда гузошта, дарвинизмро ҳаматарафа тарафдорӣ кард. Соли 1883 асари машҳури В. В. Докучаев «Сиёҳ-замини рус» аз чоп баромад.

Дар нимаи дуюми асри 19 ба омӯхтани территорияи Россия, хусусан маҳалҳои дурдасти он аҳамияти калон дода шуд. Олимони намоёни Россия В. В. Бартольд, Н. Н. Веселовский, И. В. Мушкетов, Н. Л. Северцов, П. П. Семёнов-Тян-Шанский ва дигар дар омӯхтани кишвар Туркистон ва пешрафти илму фан дар ин сарзамин хизмати шоён карданд. Дар соҳаи илмҳои техникӣ низ кашфиётҳои муҳим ба амал омаданд. Яке аз кашфиётҳо аз тарафи А. С. Попов соли 1895 ихтироъ карда шудани радио буд. Олимони рус дар соҳаи электротехника ба комёбиҳои калон ноил гардиданд. А. Н. Лодыгин соли 1872 лампаи тафсониш, П. Н. Яблочков соли 1876 лампаи камоншаклро ихтироъ карданд.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар таърихи илми рус давраи нав кушод. Дар натиҷаи Револютсияи Октябр илми рус на танҳо миқдоран, балки сифатан низ тағйир ёфт. Комёбиҳои илми рус аз аввалин рӯзҳои мавҷудияти Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба хизмати сохтмони ҷамъияти со-тсиалистӣ гузошта шуд. Доир ба тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи илм ва техника нигаред ба боби «Илм»-и мақолаи Иттифоци Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ.

Илмҳои ҷамъиятшиносӣ. Ф а л с а ф а. Дар Руси Қадим ғояҳои фалсафӣ дар зери таъсири дин монда буданд. Ҳаракатҳои иҷтимоӣ— динии асрҳои 11—16 ба пешрафти афкори фалсафӣ мусоидат намуданд.

Соли    1687 дар Москва Академияи славяни-юнонӣ-лотинӣ таъсис ёфт, ки дар он фалсафа ва мантиқ дар рӯҳи аристотелизм омӯхта мешуд.

 

Ислоҳотҳои Петри I ҳаёти маънавии ҷамъияти русро ба куллӣ тағйир дода, тараққибти илм, маданияти дунявӣ ва фалсафаро тезониданд. Дар миёнаи асри 18 Ф. Прокопович ва ҳамфикрони ӯ дар кори дар Россия паҳн намудани ғояҳои фалсафии Б. Спиноза, Р. Декарт, Ф. Бэкон,’ Г. Лейбнис, X. Волф хизмати калон карданд.

Асосгузори табиатшиносии эксперименталӣ ва анъанаҳои материалистӣ дар Россия Михаил Василевич Ломоносов буд. Аз соли 1755 Университети Москва 1 маркази афкори фалсафӣ гардид. Ғояҳои фалсафаи гуманистӣ ва маърифатпарварӣ пайдо шуда, паҳн гардиданд (Н. И. Новиков, Я. П. Козельский ва дигар).

Комёбии калони афкори фалсафии рус дар нимаи дуюми асри 18 фалсафаи А. Н. Радишев мебошад. Ӯ асосгузори анъанаҳои револютсионӣ дар Россия буд. Дар чоряки якуми асри 19 афкори прогрессивии ҷамъияти русро декабристҳо ба зинаи баландтар бардоштанд.

Солҳои 40—60 асри 19 давраи ташаккул ва нашъунамои афкори материалистӣ дар Россияи подшоҳӣ буд. Он дар кружокҳои Н. В. Станкевич— М. А. Бакунин — В. Г. Белинский, А. И. Герсен — Н. П. Огарёв шакл гирифта, дар фаъолияти Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов, Д. И. Писарев ва пайравони онҳо мукаммал гардид. Дар ин давра ақидаҳои материалистии В. Г. Белинский пурра ташаккул ёфтанд.

Дар нимаи дуюми асри 10 равияи таъсирбахши материализми табиӣ-илмӣ (И. М. Сеченов, К. А. Тимирязев, И. И. Мечников; Д. И. Менделеев, А. Г. Столетов, Н. А. Умов, И. П. Павлов ва дигар) ташаккул ёфт. Солҳои 90 асри 19 дар Россия ғояҳои марксизм васеъ паҳн шуданд. Нашри «Капитал»-и Карл Маркс ба забони русӣ, чоп шудани мақолаҳои Н. И. Зибер дар бораи «Анти-Дюринг»-и  Фридрих Энгелс ва ғайра дар кори ба мавқеи марксизм гузаштани халқчиён ва пеш аз ҳама, Г. В. Плеханову ҳамфикрони ӯ шароити мусоид фароҳам оварданд. Солҳои 90 асри 19 марксизм дар афкори ҷамъиятӣ ва фалсафии рус ҷараёни мустақил шуд.

Дар ҳаракати сотсиал-демократи Россия фалсафаи материализми диалектикӣ таъсири калон дошт. Дар кори паҳн кар-дан ва ҳимояи назарияи материализми таърихӣ асарҳои Плеханов «Доир ба масъалаи инкшиофи лазари монистӣ ба таърих», «Доир ба роли шахс дар таърих», «Масъалаҳои асосии марксизм» ва ғайра роли калон бозиданд.

Эҷодиёти Владимир Илич Ленин дар фалсафаи марксистӣ давраи сифатан нав кушод. Владимир  Илич  Ленин ғояҳои асосии назарияи Карл Маркс  ва Фридрих Энгелсро ба инобат гирифта, онҳоро вобаста ба шароити нав муайян кард, материализми диалектикӣ ва таърихиро вобаста ба шароити нав инкишоф дод. Ленин дар асарҳои худ таълимоти материализми таърихиро ҳамчун қисмй таркибии фалсафаи марксистӣ такмил дод, масъалаҳои ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ, формасияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ, синфҳо, давлат, муносибатҳои миллӣ, омили субъективӣ, роли назарияи револютсиониро кор карда баромада, назарияи револютсияи сотсиалистиро инкишоф дод. Асарҳои соф ба масъ-алаҳои фалсафӣ бахшидашудаи Владимир  Илич  Ленин инҳоанд: «Материализм ва эмпириокритисизм», «Дафтарҳои философӣ», «Давлат ва револютсия», «Империализм ҳамчун дараҷаи ба-ландтарини капитализм». Мероси фалсафии Ленин баъд аз Револютсияи  Кабири Сотсиалистии  Октябр асоси инкишофи фал-сафаи марксистӣ гардид.

Таърихшиносӣ. Дар Руси Қадим асарҳои таърихии хаттӣ охири асри 10— аввали асри 11 ба вуҷуд омадаанд.

Дар чоряки аввали асри 18 асарҳои таърихие эҷод шуданд, ки дар онҳо сиёсати ҳокимияти мутлақаи дворянҳо аз нуқтаи назари идеология асоснок карда мешуданд. Дар нимаи якуми асри 19 илми таърихшиносии буржуазӣ шакл гирифт. Инкишофи афкори таърихии револютсионӣ-демократӣ дар Россияи ин давра бо номи револютсионерони демократ В. Г. Белинский, А. И. Герсен, Н. П. Огарёв, Н. Г. Чернишевский, Н. А. Добролюбов зич алоқаманд мебошад.

Ба империяи Россия ҳамроҳ гардидани халқҳои Закавказия ва Осиёи Миёна, инчунин аз худ карда шудани Сибир ва Аляска шавқу рағбати муаррихонро ба омӯхтани Шарқ афзуд. Дар омӯзиши таъриху маданияти халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ҳанӯз дар ибтидои асри 19 муваффақиятҳои калон ба даст омаданд. Сафоратҳое, ки Россияи подшоҳӣ дар аморати Бухоро ва хониҳои Хеваю Хӯқанд кушода буд, дар омӯзиши ҳаматарафаи ин кишвар ва гирд овардани дастхатҳои шарқӣ ҳиссаи калон гузоштанд (сафорати Негри дар Бухоро, 1820; сафорати Игнатев дар Хева ва Бухоро, 1858 ва ғайра). Дар арафаи ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ва баъд аз он барои тадқиқи ҳаматарафаи ин сарзамин шароити мусоид фароҳам омад. Соли 1855 дар Университети Петербург факултети шарқшиносӣ таъсис гардида, Университети Қазон ба яке аз марказҳои шарқшиносӣ табдил ёфт. Шарқшиносони рус И. Н. Берёзин, Н. Н. Пантусов, Г. С. Саблуков, В. В. Григорев, В. В. Бартолд, Н. Ликошип ва дигар асарҳои як қатор муаррихони Осиёи Миёна, аз ҷумла Рашиддудини Фазлуллоҳ («Ҷомеъ ут-таворих»), Наршахӣ («Таърихи Бухоро»), Мирзошамси Бухороӣ («Баёни баъзе ҳаводисоти Бухоро, Хӯқанд ва Кошғар»), Ниёзмуҳаммади Хӯқандӣ («Таърихи Шоҳрухӣ») ва ғайраро тарҷума ва нашр карданд.

Аз солҳои 60 асри 19 доираи мавзӯи тадқиқоти таърихи васеъ шуд. Плеханов таърихи ҳаракати револютсияи пролетариро дар Россия кор карда, ба таърихи афкори ҷамъиятии рус аз мавқеи марксистӣ наздик шуд.

Владимир Илич Ленин консепсияи марксистии таърихи Россияро кор карда баромад. Ӯ дар бисёр асарҳои тадқиқотӣ ва баромадҳои публисистии худ масъалаҳои асосии таърихи Россия ва ҷаҳонро шарҳ дод. Ленин дар таълимоти худ оид ба муносибатҳои мутақобилаи қонунҳои умумӣ, махсус ва ҷузъии тараққиёти ҷамъият, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, синфҳо ва муборизаи синфӣ, револютсияи иҷтимоӣ, партияи марксистии типи нав, миллатҳо ва ҳаракати миллии озодихоҳӣ ва ғайра саҳми бузург гузошт.

Дар кори аз нуқтаи назари марксистӣ омӯхтани таърихи Россия ва ҷаҳон марксистон А. Г. Шлихтер, М. П. Милютин, Н. Н. Батурин, В.В. Воровский, И. И. Скворсов-Степанов, А. В. Луначарский ва дигар ҳисса гузоштанд.

Баъди ғалабаи Револютсияи  Октябр барои гузаронидани тадқиқотҳои таърихӣ дар асоси методологияи марксистӣ-ленинӣ имконият пайдо шуд.

Солҳои 20 дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР доир ба таърихи револютсияҳои  Феврал ва Октябр, ҷанги гражданӣ аввалин асарҳои илмӣ ба вуҷуд омаданд, омӯзиши таърихи сохтмони сотсиалистӣ сар шуд, ба тадқиқи таърихи Партияи Коммунистӣ аҳамияти калон дода мешуд. Қарорҳои Комитети Марказӣ ВКП(б) ва Совети Комиссарони Халқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1934—36) доир ба омӯзишу дар мактаб ва донишкадаҳои олӣ таълими фанни таърих ба инкишофи илми таърих дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР мусоидат кард.

Дар арафа ва давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ба мавзӯъ-ҳои ҳарбӣ-таърихӣ, таърихи халқҳои славян, ба муборизаи зидди идеологияи фашизм, аз ҷониби фашистон сохтакорона шарҳ додани просесси таърихи умумиҷаҳонӣ диққати махсус дода шуданд. Дар давраи баъди ҷанг муаррихони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба омӯзиши  масъалаҳои муҳими таърихи Ватан (таърихи деҳқонон, тараққиёти давлати феодалӣ, таърихи ҳаракати револютсионӣ, таърихи хоҷагии халқ ва ғайра) машғул шуданд. Ба тадқиқи таърихи қадимаи Шарқ аҳамияти калон дода шуд.

Қарорҳои Съезди 20-уми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС (1956) ва қарори Комитети Марказии Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз 30 июни 1966 «Дар бораи бартараф намудани шахспарастӣ ва оқибатҳои он» ба инкишофи илми таърих таъсири калон расонданд.

Қарорҳои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС доир ба масъалаҳои идеологӣ, хусусан қарори 1967 «Оид ба тадбирҳои минбаъда инкишоф додани илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва баланд бардоштани роли онҳо дар сохтмони коммунистӣ», қарорҳои съездҳо, пленумҳои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза  КПСС дар тараққиёти илми советии таърих роли муҳим бозиданд.

Муаррихони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар пешрафти илми советии таърих саҳми босазое гузошта, «Таърихи Москва» (ҷилди 1—6, «Очеркҳои таърихи Ленинград» ҷилди 1—6), «Таърихи Академияи Фанҳои  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР» (ҷилди 1— 2), «Таърихи Сибир аз давраҳои қадим то ҳозир» (ҷилди 1—5) ва дигар асарҳо офариданд.

Институти марксизм-ленинизми назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза  КПСС, филиалҳои дар Москва ва Ленинград будаи он, кафедраҳои таърихи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС-и мактабҳои олӣ, Институти таърихи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР-и Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар муассисаҳои илмии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР доир ба таърихи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР тадқиқот мебаранд.

Илми иқтисодиёт. Дар Руси Қадим ғояҳои иқтисодӣ дар рисолаҳом динӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии давлатӣ ифода меёфтанд. Дар аввалин ҳуҷҷатҳои Руси Киев идеяҳои иқтисодӣ характери синфӣ доштанд. Дар асри 18 М. В. Ломоносов бо ғояҳои прогрессивии иқтисодӣ баромад кард. Ломоносов дар асарҳои худ роҳҳои аз худ кардани боигарии тамими мамлакат, сохтмони фабрикаву заводҳо, равнақи савдо ва афзоиши шумораи аҳолиро нишон дод. Дар миёнаҳои асри 19 демократҳои револютсионии рус (В. Г. Белинский, А. И. Герсен, Н. П. Огарев, Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов) бар зидди ҳуқуқи крепостноӣ баромада, ба афкори иқтисодии рус таъсири калон расонданд.

Аввалин тарғиботчии афкори иқтисодии марксистӣ дар Россия Г. В. Плеханов мебошад.

Дар тараққиёти иқтисоди сиёсии марксистӣ ва афкори иқтисодии рус Владимир Илич Ленин саҳми бузург гузошт. Ӯ назарияи иқтисодии Марксро вобаста ба шароитҳои конкретии Рос-сия моҳирона ба кор бурд. Ленин дар асарҳои худ таълимоти Марксро дар бораи предмет ва методи иқтисоди сиёсӣ, партиявияти он, дар бо-раи дараҷаҳои тараққиёти капитализм дар саноат, дар бораи такрор-истеҳсолкунӣ ва кризисҳо ғанитар гардонд. Ленин қонуни тараққиёти нобаробари иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои капиталистиро дар давраи империализм кашф карда, исбот намуд, ки сотсиализм метавонад сараввал дар чанд ва ҳатто дар як давлати алоҳидаи капиталистӣ ғалаба кунад. Ӯ баъд аз револютсия роли иқтисодӣ ва вазифаҳои давлати диктатураи пролетариатро илман асоснок намуда принсип, метод ва шаклҳои хоҷагидории сотсиалистиро кор карда баромад.

 

Таълимоти Ленин дар бораи имконият, роҳҳо ва методҳои сохтмони сотсиализм дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, масъалаҳои иқтисодии давраи гузариш дар ҳуҷҷатҳои Партияи коммунистӣ, асарҳои иқтисодчиёни Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР инкишоф дода шуданд.

Дар миёнаҳои солҳои 30 дар давраи ба охир расидани гузариш ва асосан бунёд шудани ҷамъияти сотсиалистӣ омӯзиши ҳаматарафаи муносибатҳои истеҳсолии давраи сотсиализм, қонунҳои иқтисодии ҷамъияти сотсиалистӣ сар шуд. Дар соҳаи методологияи иқтисодиёти сиёсӣ кори тадқиқотӣ авҷ гирифт. Ба программаи мактабҳои олӣ омӯзиши иқтисоди сиёсии сотсиализм дохил карда шуд.

Солҳои 60— аввали 70 дар илми иқтисодиёт ва кори амалии роҳбарӣ ба хоҷагии халқ методҳои иқтисодӣ-математикӣ васеъ ба кор бурда шуд. Дар қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза  КПСС «Доир ба кори ташкилоти партиявии Институти иқтисодии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР» (1 декабри 1971) вазифаҳои илми иқтисодиёти Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР муайян карда шуданд.

Бисёр марказҳои тадқиқотҳои иқтисодии республика аҳамияти умумииттифоқӣ доранд. Муҳимтарини онҳо: Институти иқтисоди Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (таъсисаш 1936), Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналхалқии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1956), Институти тадқиқоти илмии иқтисодии назди Госплани Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1955).

Илми ҳуқуқшиносӣ. Илми ҳуқуқшиносӣ дар давраи Пётри I инкишоф ёфта, солҳои 60 асри 19 басо авҷ гирифт. Илми ҳуқукшиносии рус дар аввалҳои асри 20 пурра зери таъсири буржуазияи либералӣ монда буд. Дар арафаи Револютсияи Октябр назарияи марксистӣ-ленинӣ масъалаҳои асосии давлат ва ҳуқуқро ба таври принсипиалӣ ҳал нашуда, барои шакл гирифтани илми нави ҳуқуқшиносӣ имконият дод. Дар асоси консепсияҳои марксистии масъалаҳои давлат ва ҳуқуқ ҳанӯз дар солҳои аввали баъд аз ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр конститутсияи нави совети — Конститутсияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР (1918) таҳия карда шуд, ки он прин-ципҳои лепинии ягонагии ҳокимияти давлатӣ, худмуайянкунии мил-латҳо, Советҳоро ҳамчун шакли давлатии диктатураи пролетариат му-айян мекард. Назарияи советии ҳуқуқи давлат дар конститутсияҳои минбаъдаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР (1924 ва 1937) боз ҳам бештар инкишоф ёфт. Системаи судӣ, органҳои прокуратура (нигаред Прокуратураи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР) дар асоси илмӣ ташкил шуданд. Солҳои 20 доир ба ҳама соҳаҳои ҳуқуқ кодексҳои қонунҳо қабул карда шуд. Дар пешрафти илмӣ ҳуқуқшиносӣ қарорҳои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза  КПСС «Оид ба тадбирҳои минбаъда инкишоф додани илми ҳуқуқшиносӣ ва беҳтар намудани таълими ҳуқуқшиносӣ дар мамлакат» (1961) ва «Оид ба тадбирҳои минбаъда инкишоф додани илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва баланд бардоштани роли онҳо дар сохтмони коммунистӣ (1967) роли бағоят калон бозиданд.

 

 

Олимони ҳуқуқшиноси Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар таҳияи Асосҳои қонунгузории Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР доир ба соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, кодексҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими қонунгузорӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР доир ба масъалаҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ муассисаҳои тадқиқоти илмии ҳуқуқ, кафедраҳои факултетҳои ҳуқуқшиносии Университети Москва, Ленинград, Қазон ва дигар университетҳо, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва мактабҳои олии ҳуқуқшиносӣ тадқиқот мебаранд. Нигаред низ мақолаи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ, боби Илм.

Илми адабиётшиносӣ. Дар таърихи илми адабиётшиносии рус В. Г. Белинский, Н. Г. Чернишевский, Н. А. Добролюбов ва дигар роли калон бозидаанд. Онҳо дар асарҳои худ принсипҳои таърихият, халқи-ят ва реализмро ҳимоя мекарданд. Баъд аз Револютсияи Октябр адабиётшиносӣ ба илми мустақил табдил ёфт.

Бо ташаббуси Максим Горкий соли 1932 Институти адабиёти ҷаҳонии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР таъсис гардида, ба маркази тадқиқоти масъалаҳои адабиётшиносӣ табдил ёфт. Дар пешрафти илми адабиётшиносии советӣ асарҳои олимони номи А. С. Орлов, Н. И. Конрад, В. Ф. Шишмарёв, В. В. Виноградов, В. М. Жирмунский,  М. П. Алексеев, Д. С. Лихачёв, М. Б. Храпченко аҳамияти калон доштанд. Солҳои 60— ибтидои солҳои 70 доир ба реализм, масъалаҳои гуманизм дар адабиёт мубоҳисаҳо барпо шуданд; оид ба масъалаҳои актуалии реализми сотсиалистӣ конференсияҳои умумииттифоқи баргузор гардиданд. Қарори Комитети Марказии Пратияи Коммуистии Иттифоқи Советӣ КПСС «Доир ба танқиди адаби-бадеӣ» (1972) танқиди адабӣ ва ада-биётшиносиро дар ибтидои солҳои 70 хеле ҷоннок кард.

 

Илми забоншиносӣ. Охири асри 16— ибтидои асри 17 аввалин грамматикаҳои славянӣ тартиб дода шуданд. Асосгузори забоншиносии илми рус М. В. Ломоносов мебошад; ӯ асоси грамматикаи илмӣ ва терминологияи русро тартиб дод, аввалин шуда фикри аз нуқтаи назари муқоисавӣ-таърихӣ омӯхтани забонҳои Россияро баён кард. Таълимоти ӯро А. X. Востоков ва дигар инкишоф доданд.

Дар нимаи якуми асри 18 тадқиқи забони халқҳои маскуни Россия сар шуд. Аз ҷумла як гурӯҳ тадқиқотчиён (0. Н. Бётлингк, В. В. Радлов, К. Г. Залемая ва дигар) сохти фонетикӣ ва грамматикии забони туркӣ, диалектография, диалектологияи онро омӯхтанд. Дар шакл гирифтани забоншиносии назариявӣ дар охири асри 19— ибтидои асри 20 намояндагони мактаби забоншиносии Москва (асосгузораш Ф. Ф. Фортунатов) ва Қазон (асосгузораш И. А. Бодуэп до Куртенэ) таъсири калон расонд.

Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 омӯзиши забонҳои славянӣ (О. М. Бодянский, В. И. Григорович, Р. Ф. Брандт, А. А. Кочубинский ва дигар) давом кард.

Дар асрҳои 19 Ва 20 ба омӯзиши забонҳои романӣ ва германӣ, забонҳои халқҳои Кавказ, ҳавзаи баҳри Балтика, Шарқи советӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ — муғулӣ, хитоӣ, японӣ, кореягӣ, туркӣ, эронӣ, арабӣ, забонҳои халқҳои Африка ва ғайра аҳамияти калон дода шуд.

Баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр базаи назариявии тадқиқот қатъиян тағйир ёфта, доираи он васеъ гардид. Дар соҳаи лексикография ҷиддан кор бурда мешавад. «Луғати тафсирии забони русӣ» зери таҳрири Д. Н. Ушаков (1934—40), «Луға-ти забони адабии ҳозираи рус» дар 17 ҷилд (1948—05) ва дигар луғатҳо нашр шуданд. Лексикографияи дузабона (луғатҳои русӣ-миллӣ ва миллӣ-русӣ) инкишоф меёбад.

 

Доир ба диалектологияи забонҳои халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР асарҳои хулосавӣ офарида мешаванд, атласҳои шеваи забони русии вилоятҳои марказӣ, забони белорусӣ, шеваи халқии забони украинии вилояти Закарпатия аз чоп баромаданд. Атласи диалектологии умумитуркӣ, луғатҳои диалоктологии забонҳон бошқирдӣ, уйгурӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, озарбойҷонӣ ва дигар ба чоп тайёр мешавад. Масъалаҳои қонунҳои тараққиёти забони русӣ (лексикология, грамматика, стилистика, фразеология ва ғайра) омӯхта мешаванд. Солҳои 60, алалхусус солҳои 70 забон аз нуқтаи назари мантиқӣ-математикӣ, статистикӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифт.

Муассисаҳои асосии забоншиносии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар системаи Академияи Ф Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР мебошад. Факултетҳои филологии университетҳо ва институтҳои педагогӣ дар соҳаи забони русӣ кори илмӣ мебаранд.

Соли 1974 дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР тақрибан 3 ҳазор муассисаи илмӣ (мактабҳои олӣ низ ба ҳамин ҳисоб медароянд), зиёда аз 1670 институти тадқиқоти илмӣ буд. Дар соҳаҳои гуногуни илм (1979) тақрибан 900 ҳазор ходими илмӣ кор кард. Дар байни ходимони илмии республика қариб 22 ҳазор доктори илм ва зиёда аз 201 ҳазор номзади илм буд.

Институтҳои тадқиқоти илмӣ ва марказҳои илмии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР бо олимони дигар республикаҳои иттифоқӣ дар алоқамандии зич ҳамкорӣ мекунанд. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ дар республикаҳои автономии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР кадрҳои илмии миллӣ ба камол расиданд, бисёр муассисаҳои илмӣ ташкил шуданд. Олимони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар кори ташкилотҳои илмии бай-налхалқӣ, конгрессҳои илмӣ, конференсияҳо ва ғайра, ки дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва хориҷа барпо мешаванд, фаъолона иштирок мекунанд. Москва, Ленинград, Новосибирск ва дигар шаҳрҳои республика ба марказҳои калони илмӣ табдил ёфтаанд.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1913 дар Россия 856 газета, 1331 журнал, зиёда аз 30 ҳазор номгӯй китоб нашр шуд. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ кори нашриёт хеле тараққӣ кард.

Дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР чанд нашриёти республикавӣ — «Советская Россия», «Со-временник», «Детская литература», «Малыш», «Просвещение», «Художник Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР» ва дигар кор мекунанд.

Дар вилоятҳоя калон, кишвар ва республикаҳои автономӣ низ нашриётҳо ҳастанд. Соли 1974 дар республика 50,7 ҳазор номгӯй китоб ва брошюра ба забони русӣ, 1,3 ҳазор номгӯй ба дигар забонҳои халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, 3 ҳазор номгӯй ба забони халқҳои мамлакатҳои хориҷӣ китоб чоп карда шуд.

Соли 1974 дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 29 газетаи умумииттифоқӣ, 1 газетаи республикавӣ, 153 газетаи кишварӣ, вилоятӣ ва округӣ, 81 газетаи республикаҳои автономӣ ва вилоятӣ, 428 газетаи шаҳрӣ, 1585 газетаи районӣ ва дигар (4106 газета ба забони русӣ, 304 газета ба дигар забонҳои халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР) нашр мешуд; ба ғайр аз ин 4940 номгӯй журнал, ҳар гуна бюллетенҳо ба забони русӣ, 71 номгӯй нашрияи гуногун ба дигар забонҳои халқҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва 142 номгӯй нашрия ба забони халқҳои мамлакатҳои хориҷӣ нашр мешуд. Журналҳои адабӣ-бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии «Москва» (аз соли 1957), «Нева» (Ленинград, аз соли 1955), «Дальний Восток» (Хабаровск, аз соли 1946), «Дон» (Ростови Дон, аз соли 1957) «Подъём» (Воронеж, аз соли 1957), «Волга» (Саратов, аз соли 1966) ва ғайра нашр мешаванд.

Ҳаҷми радиошунавонии Марказӣ ва маҳаллӣ дар территорияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР дар як шаборӯз 558,6 соат мебошад. Москва 8 программа дорад, 3 программаи он барои ноҳияҳои дурдаст ахборот медиҳад. Радиои маҳаллӣ ба 46 забон барномаҳо дорад. Дар территорияи республика, ба ғайр аз Маркази телевизиони умумииттифоқ (Москва), дар республикаҳои автономӣ, кишвар, вилоят ва округҳои автовомӣ 78 студияи телевизион, 135 стансияи пуриқтидори ретранслятсионӣ кор мекунанд. Барои ноҳияҳои дурдасти Сибир, Шарқи Дур, Шимоли Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР системаи «Восток» ва «Орбита» хизмат мерасопад. Ҳаҷми миёнаи на-моишҳои телевизион дар ак шаборӯз дар территорияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 990 соат ме-бошад.

 

Адабиёт. Мероси бои фолклори рус дар асоси суруду ғазалҳои халқӣ ба вуҷуд омадааст, ки он дар тӯли асрҳои 11—17 пурра шакл гирифт. Дар фолклори асри 18 меҳнати деҳқонон, аҳволи вазнини коргарон, хуруҷҳои онҳо ба муқобили хуҷаинонашон акс ёфта буданд. Охирҳои асри 19 дар фолклор суруди револютсионӣ мавқеи мустаҳкам пайдо кард. Дар эҷодиёти даҳонакии халқи рус сурудҳои маросимӣ, эпикӣ ва афсонаҳо мақоми хос доранд. Дар сурудҳои эпикӣ низову нифоқи иҷтимоии давраҳои гуногун, дар достонҳо бо-шад, муборизаи халқ бар зидди душманони ватан, идеалҳои қаҳрамонӣ, ҳақиқату адолат, қувваи беинтиҳои халқ ва ғайра тараннум мешаванд. Дар достонҳои эпикӣ корнамоиҳои баҳодурон Иля Муромес, Добриня Никитич, Василий Буслаев васф шудааст. Дар асри 19 романс ва рубои бештар инкишоф ёфтанд ва як қатор асарҳои фолклорӣ китобат шуданд. Ёдгориҳои барҷастаи адабиёти қадимаи хаттии рус ба чоряки дуюми асри 11 мансубанд.

Адабиёти асри 14 солҳои 50 асри 15 идеологияи давраи дар атрофи Москва муттаҳид шудани князиҳои Руси Шимол-Шарқро ифода мекунад. Жанри достони қаҳрамонӣ-таърихӣ («Достони задухӯрди новгородиҳо бо суздалиҳо», сикли достонҳо бар васфи Иоанн Новгородский, «Қиссаи Меркурий Смоленский», «Қиссаи Темури Ланг») инкишоф меёбад.

Дар нимаи дуюми асри 15— аввали асри 16 дар адабиёт услуби экспрессивӣ-эмосионалӣ, жанри афсонаи сиёсӣ ва публисистика ривоҷ ёфт. Дар эҷодиёти Фёдор Карпов, Иван Пересветов, Ермолай-Еразм баъзе ғояҳои давраи Эҳё инъикос гардиданд.

Дар асри 17 адабиёти навъи асрҳон миёна тадриҷан ба адабиёти давраи нав табдил меёбад, жанрҳои нави адабӣ пайдо шуда, просесси демократикунонии адабиёт суръат мегирад. Адабиёти асри 17 ба ҳаёт наздик гардид, дар наср таҳлили психологӣ мушоҳида мешуд, асарҳое таълиф мешуданд, ки асоси онҳоро моҷарои ишқӣ ташкил мекард, тарҷумаи новелла ва романҳои рисарӣ авҷ гирифт. Классисизм дар адабиёти рус дар мубориза бо барокко ва тамоми мероси адабиёти асрҳои миёна ташаккул меёфт. Дар эҷодиёти А. Д. Кантемир, дар рисолаи В. К. Тредиаковский «Усули нав ва мухтасари эҷоди шеъри русӣ» (1735), «Номаҳо дар боби шеърнависӣ» (1747), А. П. Сумароков (1717—77) ва «Риторика»-и (1746) Ломоносов ҳамаи жанрҳои асосии адабиёт муайян ва таъсиф карда шудаанд. Асарҳои фоҷиавии Сумароков ва қасидаҳои русии Ломоносов ибтидои ҳақиқии адабиё-тӣ нави рус гардиданд. Дар адабиёти классисизм жанрҳои ҳаҷви ин-кишоф меёбад (А. Д. Кантемир, А. П. Сумароков, М. В. Ломоносов). Дар чоряки охири асри 16, баъди аз чоп баромадани асари Д. И. Фонвизин («Норасида») жанри мазҳака мақоми нав пайдо мекунад, вусъати жанри фоҷиа низ ба ҳамин давра рост меояд. Асари А. Н. Радишев (1749— 1802) «Саёҳат аз Петербург ба Москва» (1700) аввалин китоби оригиналие буд, ки ба жанри сентиментализм тааллуқ дорад. Повестҳои «Мактубҳои сайёҳи рус»-и Н. М. Карамзин (1766—1820) роҳҳои пешрафти насри сентименталиро муайяи карданд.

Адабиёти нимаи якуми асри 19 бо тезутундшавии кризиси системаи крепостноӣ, авҷи ҳаракати миллӣ, пухта расидани ғояҳои дворянҳои рӯҳияи револютсионӣ дошта, ки аз ибтидои давраи якуми ҳаракати озодихоҳӣ дар Россия дарак медоданд, характернок мебошад. Ҷиҳатҳои классисизм ва сентиментализм дар фоҷиаҳои манзуми В. А. Озеров (17160—1816) ифода шудаанд.

Саромадони назми мағмум В. А. Жуковский (1783—1852) ва К. Н. Батюшков (1787—1855) буданд. Солҳои 20 анъанаҳои он дар эҷодиёти А. А. Делвиг (1798—1831), Н. М. Язиков (1803—46), Б. А. Баратинский (1800—44) вусъат ёфт. Назми гражданӣ ҷараёни дигареро ба вуҷуд овард, ки дар фаъолияти шоирон — декабристҳо: В. Ф. Раевский (1795— 1872), К. Ф. Рилеев (1795—1826), В. К. Кюхелбекер (1797—1846) ва А. А. Бестужев-Марлинский (1797— /837) хеле хуб ифода ёфтааст. И. А. Крилов ва А. С. Грибоедов дар жанрҳои эпикӣ ва драмавӣ асосҳои эстетикии реализми танқидиро кор карда баромаданд.

Дар ҳаракати адабии солҳои 30 асри 19 фаъолияти Александр  Сергеевич Пушкин (1799— 1837) мақоми хосе дорад. Бо мурури замон Пушкин қонунҳои объективонаи таърихро дарк карда, дарёфти заминаҳои адолати ҷамъиятиро дар рафти худи просесси таърихӣ мушоҳида намуд.

Дар чоряки дуюми асри 19 адабиёти рус дар шароити бағоят вазнин пеш мерафт. Ҳукумати подшоҳӣ сиёсати барҳам додани маданияти пешқадамро пеш гирифт. Бо вуҷуди ин, анъанаҳои назми реалистиро, ки ба он Пушкин асос гузошта буд. Михаил Юревич Лермонтов идома дод. Реализми рус дар эҷодиёти Николай Васлевич Гогол, Алексей Вавилевич Колцов, дар мақолаҳои танқидӣ-эстетикии Александр Иванович  Герсен ва Белинский ҳарҷониба ва хуб ифода ёфтанд.

Солҳои 1839—46 «Отечественные записки», баъдтар журнали «Современник» роли прогрессивӣ бозид. Дар асри 19 адибони рус дар тараққии афкори эстетикӣ роли калон бозиданд. Виссарион  Григоревич Белинский, Александр Иванович  Герсен, Николай Гаврилович Чернишевский таърихи адабиёти русро ҳамбаста бо таърихи муборизаи озодихоҳӣ таҳлил мекарданд. Белинский хусусиятҳои реализми русро дар давраҳои аввали ташаккули он муайян кард. Демократҳои револютсионӣ Николай  Александрович Добролюбов ва Николай Гаврилович Чернишевский кори ӯро давом дода, хусусиятҳои асосии эҷодиёти на-висандагони бузурги русро муайян намуданд.

Эстетикаи Виссарион  Григоревич Белинский ба эҷодиёти нависандагон  Федор Михайлович  Достоевский (романи «Одамони бечора”,1846), Александр Иванович Герсен (романи «Кӣ гунаҳкор», 1846—47), Иван  Александрович Гончаров) романи «Таърихи муқаррарӣ», 1847), Иван Сергеевич Тургенев («Хотираҳои шикорчӣ», 1847—52) ва дигар таъсири калон расонд.

Нимаи дуюми асри 19 давраи гулгулшукуфии реализми танқидии рус мебошад. Федор Михайлович  Достоевский дар асари худ «Хотираҳо аз хонаи беҷон» (1861—62), Алексей  Фиофилактович Писемский дар романи «Ҳазор ҷон» Россияи крепостпоӣ, қашшоқӣ, беҳуқуқӣ ва зулму истибдоди онро ба қалам додаанд. Тургенев дар романҳои «Рудин* (1856) ва «Ошёни дворянҳо» (1859) ба ҳам мувофиқат накардани гуфтору рафтори ашрофонро, ки ба оқибатҳои фоҷиавӣ оварда мерасонданд, нишон медиҳад. Заминаҳои иҷтимоӣ ва психологии пайдо шудани «одамони зиёдатиро» Иван  Александрович Гончаров дар романи—«Обломов» (1859) хелехуб тадқиқ кардааст.

Дар охири солҳои 60 яке аз шоҳасарҳои адабиёти рус ва ҷаҳонӣ — романи «Ҷанг ва сулҳ»-и Лев Николаевич Толстой (1828—1910) таълиф шуд. Романи «Ҷанг ва сулҳ» ҷангномаи миллии халқист, ки дар он қисмати халқҳо, одамони алоҳида, воқеаҳои ҳақиқии таърихӣ, арбобони таърихӣ дар пайдарҳамии хронологӣ ва робитаи мантиқӣ устокорона ба қалам дода шудаанд. Солҳои 70 достони Николай  Алексеевич Некрасов «Дар Русия осуда кист?» (1866 —76; тарҷумаи тоҷикӣ, 1980) нашр шуд, ки он «қомуси ҳақиқии ҳаёти халқи рус* буд. Дар он ҳалокати ҳокимияти помешикӣ, ислоҳоти деҳқонон ва оқибатҳои он, сабру тоқати чандинасра, эътирози халқи баошӯбомада ифода ёфтаанд. Всеволод Михайлович Гаршин ва В. Г. Короленко дар эҷодиёти худ тасвири реалистонаро бо романтика алоқаманд намуда, ба адабиёт бо мавзуи қаҳрамонӣ дохил шуданд.

Антон Павлович Чехов (1860—1904) дар повест, ҳикоя, песа ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ («Одам дар ғилоф», «Се хоҳарон», «Арӯс», «Моҳихӯрак», «Ваня-тағо*, «Боғи олуболу» ва ғайра) хулқу атвори мешанҳо, мардуми бекасу кӯй ва нокомиҳои онҳоро реалистона ба қа-лам дод. Шаклҳои нави адабие, ки Чехов ба вуҷуд овард, ба пешрафти новеллистикаву драматургияи рус ва ҷаҳон таъсири калон расонд.

Ба давраи сеюм — давраи пролетарии ҳаракати озодихоҳӣ дохил шудани Россия дар публисистикаи солҳои 90, ки дар саҳифаҳои журналҳои «Новое слово», «Жизнь» ва ғайра чоп мешуд, инъикос шудааст. Дигаргуниҳои иҷтимоии солҳои 90 дар эҷодиёти Максим Горкий (1868—1936) акс гардидааст. Горкий ҳамчун ифодакунандаи рӯҳи револютсионии синфи коргар беҳтарин анъанаҳон реализм ва романтизми прогрессивии асрҳои 19—20-ро идома дод. Қаҳрамонони афсонавию романтикии асарҳои ӯ «Кампир Изергил» (1895), «Таронаи Лочив» (1899), «Таронаи Мурғи Тӯфон» (1901) оммаро ба муборизаи револютсионӣ даъват мекарданд. Дар охири солҳои 1890— аввали соли 1900 дар роману песаҳои Максим Горкий падидаҳои реализми сотсиалистӣ мушоҳида гардид. Дар романи «Фома Гордеев» (1899), повести «Се нафар» (1900) таърихи иекишофи капитализм дар Россия, характери буржуазияи рус ва роли пролетариат дар инкишофи ҳаракати озодихоҳӣ нишон дода шудааст. Дар песаи «Мешанҳо* (1901) коргари рус аввалин бор ҳамчун қаҳрамони нави таърих арзи вуҷуд кард, дар песаи «Дар қаър» (1902) ҳаёти онҳое, ки аз ҷабри капитализм ба «қаър*-и зиндагӣ афтодаанд, инъикос ёфтааст, дар песаи «Дачани-нинҳо* (1904) устодони маданиятро даъват кардааст, ки барои халқ аҷод намоянд, дар песаи «Ваҳшиҳо» (1905) ваҳшонияти буржуазия фош шудааст. 27 ноябри 1905 дар Петербург аввалин бор Максим Горкий ва Владимир Илич Ленин бо ҳам вохӯрдаанд, ки ин ба тамоми фаъолияти минбаъдаи нависанда таъсири бузург гузошт. Горкий дар очерк ва памфлетҳои худ «Дар Америка» ва «Мусоҳибаҳои ман» (ҳар ду 1906) револютсияи русро ҳимоя ва бардурӯғии демократияи буржуазияро фош кард. Бо роҳбарии Партияи болшевикӣ дар роҳи сотсиализм мубориза бурдан ва дар ҷараёни ин мубориза ба вуҷуд омадани одами нав бори нахуст дар адабиёти бадеӣ дар романи Горкий «Модар» (1906) инъикос шудааст. Владимир Илич Ленин дастнависи романи «Модар»-ро хонда, аҳамияти замонавии онро таъкид намуд. Повести «Тавба» (1908), ки рӯҳи идеалистӣ дошт, ду-чори танқиди сахти Ленин гардид. Дар песаҳои «Охиринҳо» (1908), «Ҳаёти Матвей Кожемякин* (1910— 11) ҳаёти мешанӣ ва душманони ииқилоб танқид шудааст. Максим Горкий ба қувваи ташкилотии партия, пролетарнати револютсионӣ ва иттифоқи он бо деҳқонон дар давраи тайёрӣ ва гузаронидави Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр баҳои дуруст дода натавонист. Ленин ӯро барои ин сахт маҳкум намуд ва камбудиҳои ғоявии Горкийро сари вақт нишон дода, ӯро чун адиби пролетарӣ, бунёдгузори маданияти сотсиалистӣ ва ёрдамчии содиқи партия тарбият кард.

Ҳанӯз дар солҳои 90 бо нашри маҷмӯаҳои шеърҳои К. Д. Бальмонт (1867 —1942) «Дар беканорӣ» ва «Хомӯшӣ», маҷмӯаи Брюсов «Символистони рус», инчунин шеърҳои В. Соллогуб (1863—1927), Д. С. Мережковский (1866—1941) ва дигар дар адабиёт ҷараёни нав — символизм шакл гирифт. Символистон дар атрофи нашрияҳои «Северный вестник», «Мир искусства», «Новый нуть» муттаҳид шуданд. Мунаққидони боистеъдод —- марксистон Г. В. Плеханов (1856—-1918), В. В. Воровский (1871-1923). А. В. Луначарский (1875— 1933) ва дигар бо ҷаҳолатпарастӣ дар адабиёт мубориза мебурданд. Мақолаҳои Ленин «Ташкилоти партиявӣ ва адабиёти партиявӣ», «Хотираи Герсен», «Оид ба ифтихори миллии великорусҳо» программаи ҷанговаронаи танқиди болшевикӣ гардиданд.

Дар арафаи Револютсияи Октябр Пролеткулт ташкил шуд, ки он дар байни пролетариат кори маданӣ-маърифатӣ мебурд. Назариячиёни Пролеткулт ба вуҷуд овардани маданияти махсуси пролетариро зарур шуморида, аҳамияти мероси мадании гузаштаро инкор мекарданд, нисбат ба партия ва давлат ғояҳои сепаратистӣ мегузарониданд. Мактуби Комитети Марказии РКП(б) «Оид ба Пролеткултҳо* (1920), ки хатоиҳои ин ҷараёнро ошкор менамуд, дар таърихи ҳаёти идеологии ҷамъият роли калон бозид.

Адабиёти давраи Ҷанги гражданӣ (1918—20) рӯҳияи револютсиониро ифода мекард. Назми баъдиреволютсионии Владимир  Владимирович  Маяковский — «Қасидаи револютсия», «Левый марш» (ҳар ду 1918) ва ғайра дар таърихи лирикаи ҷаҳонӣ зуҳуроти наве буд.

Як зумра нависандагони боистеъдод—Д. А. Фурманов (1891—1926),Б. А. Лавренёв (1891—1959), Л. М. Леонов (таваллуд 1899), К. А. Федин (1892—1977) ва дигар дар матбуоти даврии фронтӣ кор мекарданд ва барои асарҳои минбаъдаи худ материали фаровон ҷамъ меоварданд. Аз соли 1921 нашри журналҳои адабӣ-бадеии «Красная новь», «Книга и революция», «Печать и революция», «Сибирские огни», «Молодая гвардия», «Новый мир», «Октябрь» сар шуд. Романи А. С. Сёрафимович «Сели оҳанин» (1924) дар инкишофи адабиёти реализми сотсиалистӣ роли муҳим бозид. Д. А. Фурманов дар ро-мани «Чапаев» (1923) ҳақиқати таърихӣ ва психологиро бо бадеияти баланд ифода кард. А. А. Фадеев дар романи «Торумор» (1927) авва-лин шуда образи болшевиконро офарид. Офарида шудани образи В. И. Лешга (очегрки Максим  Горкий «Владимир  Илич  Ленин (1924—1931), достони «Владимир Илич Ленин» (1924) ва силсилаи шеърҳои Маяковский аҳамияти бағоят калон дошт.

Дар нимаи дуюми солҳои 20 дар мавзӯи пешрафти хоҷагии халқ романҳои «Семент»-и Ф. В. Гладков, «Печи домнагӣ»-и (1925) Н. Н. Ляшко, «Заводи чӯб»-и (1928) А. А. Караваева офарида шуданд. Дар ин давра жанри повеллистикаи адабиёти советӣ тараққӣ мекунад (новеллаҳои «Роҳи қадима»-и (1927) А. Толстой, «Трансвааль»-и (1926) К. Федин). Дар назми нимаи дуюми солҳои 20 достонҳое эҷод шуданд, ки аҳамияти иҷтимоӣ-таърихии револютсияро мавриди таҳлил қарор додаанд: достони «Хуб»-и (1927) Владимир Владимирович Маяковский, достони Сергей  Александрович Есенин «Қиссаи бисту шаш нафар» (1924), достони Пастернак «Соли нӯҳсаду панҷум» (1925—26) ва ғайра.

Дар маркази диққати адабиёти советии солҳои 30 одами нав меистод, ки ӯ дар давраи советӣ ба воя расида, тарбия ёфтааст. Николай  Александрович  Островский (1904—36) дар романи «Обутоб ёфтани пӯлод» (қисми 1—2, 1932—34) образи коммунисти ҷавонро офарид, ки ӯ баҳри кори револютсия қувва ва ҷони худро дареғ намедорад. Дар эпопеяи М. Шолохов «Дони ором» (1928—40) қисмати таърихии казакони Дон дар револютсия нишон дода шудааст.

Дар адабиёти солҳои 30 роли романи таърихӣ баланд шуд. Дар ин давра «Кюхля» (1925) ва «Марги Вазири мухтор»-и (1927—28) Ю. И. Тыпянов (1894—1943), «Радищев»-и (1932—39) О. Д. Форш (1873—1961), «Степан Разин»-и (1926—27) А. П. Чапыгин (1870—1937), «Емельян Пу-гачёв»-и (1938—45) Шишков, «Чингизхон»-и (1939) В. Г. Ян (1875— 1950) ва ғайра офарида шуданд. Романи A.           Толстой «Пётри 1»(1929—45) воқеаи бузурго дар адабиёт гардид. Мустаҳкам гардидани робитаи адабиётҳои миллии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ҷиҳати та-раққиёти адабиёти солҳои 30 мебошад. Ҳаёти халқҳои бародар мавзӯи асосии адабиёти рус гардид: «Шеърҳои Кахетия»-и (1935) Николай Тихонов (1896 —1979), «Қайдҳои сафар»-и (1934) B.М. Инбер (1890—1972), «Қарабу-ғоз» (1932), «Колхида»-и (1934) Константин Георгиевич Паустовский (1892—1968), «Одам пӯсташро иваз мекунад»-и (қисми 1—2, 1932—33), Б. Ясенский (1901— 41) ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд. Солҳои 20—30 давраи гул-гулшукуфии адабиёти советии бачагона буд. Афсона ва шеърҳои Корней Чуковский, Самуил Маршак, асарҳои Аркадий Гайдар, Владимир Маяковский, Агния Барто, Сергей Михалков ва дигар дар кори дар рӯҳи ғояҳои социализм тарбия намудани бачаҳо роли бағоят муҳим бозиданд.

Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Батани (1941—45) адабиёти советӣ фаъолияти худро пурра ба ҳифзи Ватани сотсиалистӣ равона кард. Бисёр нависандагон (Аркадий Гайдар, Ю. Кримов, М. Петров, И. Уткин ва дигар) дар роҳи ҳимояи Ватан ҷон нисор намуданд. Суруди «Ҷанги муқаддас»-и (1941) Лебедев-Кумач ба гимни Ҷанги Бузурги Ватанӣ табдил ёфт. Дар ин давра шеърҳои баландғояи Константин Симонов «Интизорам бош», «Куш ӯро!*, А. А. Сурков «Суруди далерон», А. Ахматова «Мардонагӣ», асарҳои публисистии И. Эренбург «Ҷанг* (китоби 1—3, 1942—44), А. Толстой «Чиро мо ҳимоя мекунем», «Ҷанговарони рус», М. А. Шолохов «Мактаби адоват», Л. Леонов «Шарафи Россия», «Ғазаб» эҷод гардиданд, ки онҳо адабиёти русро аз ҷиҳати мавзӯъ хеле гапӣ гардонданд. Достони А. Т. Твардовский «Василий Тёркин» (1942—45) асари барҷастатарини адабиёти давраи ҷанг ба шумор меравад.

Пас аз ҷанг романи «Гвардияи ҷавон»-и (1945, таҳрири нав 1951) А. Фадеев ва «Достони марди ҳақиқӣ»-и (1946) Б. Полевой таълиф шуд, ки дар ин асарҳо фазилатҳои одами советӣ — ғолиби фашизм инъикос гардидааст.

Дар тараққиёти адабиёти баъдиҷангии солҳои 1946—48 қарорҳои Комитети Марказии ВКП(б) доир ба масъалаҳои идеологӣ («Дар бораи журналҳои «Звезда» ва «Ленинград» ва ғайра) аҳамияти калон доштанд. Охири солҳои 40-аввали солҳои 50 меҳнати қаҳрамононаи халқ яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёти рус гардид. Бисёр нависандагон кӯшиш менамуданд, ки образҳои меҳнаткашони пешқадами шаҳру деҳот, коммунистон — ташкилотчиёни омма, командирони истеҳсолотро офаранд. Чунинанд образҳои Воропаев аз романи «Бахт»-и П. А. Павленко (1899—1951), инженерҳо Батманов ва Беридазе аз романи «Дур аз Москва»-и В. Н. Ажаев (1915— 68), персонажҳои романи «Дарав»-и Г. Е. Николаева (1911—63), «Рӯзҳои ҳаёти мо»-и В. К. Кетлинская (таваллуд 1906), «Баландӣ»-и Е. 3. Во-робёва (таваллуд 1910), образҳои се насли сулолаи коргарон — киштисозон аз романи В. А. Кочетов (1912—73) «Журбинҳо» ва дигар.

Нависандагони советӣ дар мубориза баҳри сулҳ фаъолона иштирок намуда, тарзи зиндагонии буржуазӣ ва идеологияи буржуазӣ, империализм ва мустамликадориро фош, тазоди ду системаи ҷамъиятро нишон медиҳанд. Ба ин китоби шеърҳои К. Симонов «Дӯстон ва душманон» (1948), А. Сурков «Сулҳ ба ҷаҳон» (1950), Н. Тихонов «Ду ҷараён»(1951), песаи Константин Симонов «Масъалаи рус» (1946), Лавренёв «Садои Америка» (1950) ва ғайра мисоли равшан шуда метавонанд.

Дар адабиёти баъдиҷангии рус романи В. Панова «Кружилиха» (1948), асари сегонаи В. А. Каверин «Китоби кушода» (1949—56), ҳикояҳои С. П. Антонов (таваллуд 1915), Ю. М. Нагибин (таваллуд 1920) мавқеи хос доранд. Дар романи иҷтимоии фалсафии Л. Леонов «Бешаи рус» (1953) моҳияти гуманистии корнамоии халқ дар ҷанги зидди фашизм ифода гардида, меҳнат ҳамчун эҷодиёт тараннум шудааст. Дар асарҳои К. А. Федин, Г. М. Марков, С. В. Сартаков, В. А‘. Закруткин, Ф. В. Гладков, В. А. Смирнов ва дигар воқеаҳои пеш-азреволютсионӣ ва давраи Револютсияи Октябр инъикос гардидаанд.

Ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барпо шудани системаи ҷаҳонии сотсиализм, просесси бошиддати заволи системаи мустамликадорӣ симои сайёраро тағйир дода, дар назди ходимони адабиёт вазифаҳои нав ба нав гузоштанд.

 

Солҳои 50 адабиёт бо асарҳои наво, ки дар онҳо ҳақиқати ҳозираи советӣ ҳаматарафа таҳлил карда мешуданд, ғанӣ гардид. Дар баробари Москва ва Ленинград  дар Вологда, Воронеж, Ростови Дон, Смоленск, Иркутск, Хабаровск ва дигар шаҳрҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР низ марказҳои калони адабӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1958 Иттифоқи нависандагони Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР таъсис ёфт. Дар Иттифоқи Советӣ ва берун аз хоки он асарҳои нависандагони миллатҳои гуногуни республика — тотор М. Ҷалил (1906—44), авар Расул Ғамзатов (таваллуд 1923), бошқирд М. Карим (таваллуд  1919), балқар Қ. Кулиев (таваллуд 1917), қалмоқ Д. Кугултинов (таваллуд  1922), чукчи Ю. Рытҳзу (таваллуд 1930) ва бисёр дигар нависандагон шӯҳрат пайдо кардаанд. Адабиёти халқҳои бародари мамлакат, аз он ҷумла халқҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР, на танҳо таъсири адабиёти советии русро ҳис мекунанд, балки дар айни замон худ низ ба он таъсири илҳомбахш мерасонанд.

Солҳои 50—60 дар баробари наср назм ҳам хеле тараққӣ кард. Дар ин давра П. Антоколский, Н. Асеев, С. Маршак, Л. Мартынов, М. Светлов, А. Ахматова, Б. Слуский, Д. Самойлов, А. Яшин, В. Шефнер, В. Соколов ва дигар бо маҷмӯаҳои шеърҳои баландмазмуни худ хази-наи назми республикаро ғанитар гардониданд. Охири солҳои 50—аввали солҳои 60 ба адабиёт як зумра нависандагони соҳибистеъдод — Е. Евтушенко, A. Вознесенский, Р. Рождественский, B.           Сибин ва дигар дохил шуданд.

Дар адабиёти солҳои 60  ҳикояи М. Шолохов «Қисмати одам» (1957) ба авҷи нави ба ном «насри ҳарбӣ» ибтидо гузошт. Асарҳои А. Калинин, Г. Бакланов, Ю. Бондарев ва Б. Василев ва дигар низ ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

 

Солҳои 50—60 қисми 2-юми романи М. Шолохов «Замини корамшуда» (1955—60) ва бобҳои нави романи ӯ «Онҳо баҳри ватан ҷангиданд» (1943—69) аз чоп баромад, ки он воқеаи калоне дар адабиёти рус буд. Дар насри солҳои 60—70 мавзӯи қишлоқ мавқеи махсус пайдо кард. В. Кочетов дар романи «Бародарон Ершовҳо» (1958) образи синфи коргар, В. Кожевников дар повести «Ши-нос шавед, Балуев!» (1960) образи коркуни хоҷагӣ, роҳбари ӯҳдабарои коллективи калонро офариданд. Дар сохтмони коммунистӣ беш аз пеш баланд шудани роли маданияти бадеӣ дар қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Пратия Советского Союза КПСС «Дар бораи танқиди адабӣ-бадеӣ» (1972) қайд шудааст. Ин қарор дар айни замон ба баланд бардоштани савияи ғоявӣ эстетикии санъати советӣ, му-боризаи оштинопазир бар зидди идеологияи буржуазӣ, тадқиқ намудани            просессҳои дар ҷамъият ба амалоянда, хусусан ба муносибати револютсияи илмию техникӣ, ки ба ташаккулл симои маънавии замон ва одами даврони мо таъсир мерасонад, даъват мекунад.

Ба таври ҳаққонӣ дар мисолҳои  конкретии таърихӣ ииъикос намудани ҳаёт дар инкишофи револютсионии он, ҳимояи идеалҳои олии инсоният, гуманизми воқеӣ ин аст хизмати шоён ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти советии рус.

Дар адабиёти солҳои 60-нимаи аввали 80 гирдоварии сарватҳои нави ғоявию эстетикӣ, ки барои инкишофи нави босуръат ва мунтазами эҷодиёти бадеӣ замина фароҳам меорад, идома дорад.

Дар офаридаҳои нави адибони  номвар Ю. Бондарев, Ф, Абрамов,  В. Астафев, С. Залигин,  Шукшин, Р. Ҳамзакш В. Распутин, Е. С Евтушенко, М. Карим ва дигар умдатарин масъалаҳои воқеияти муосир,  дигаргуниҳои куллии иҷтимоию сиёсӣ ва маданию маънавие, ки дар  рӯзгори советӣ ба амал меоянд. Аз ин ҷиҳат самти асосии инкишофи адабиёти сермиллати советӣ ба эҷодиёти ин адибон вобаста аст.

 

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Аввалин нишонаҳои санъати ҳудуди Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба давраҳои палеолит мансубанд. Дар давраи неолит сохтмони бошишгоҳҳои рӯизаминӣ ва сохтани ашёи сафолии нақшин маъмул гашт. Дар давраҳои энеолит ва биринҷӣ сохтмони хонаҳои ғӯлачӯбӣ ва пуштаҳо, дар Прикубане бошад, сохтани долменҳо ба ҳукми анъана даромад.  Наққошии рӯи сафол мураккабтар шуд, ҳайкалтарошии  монументалӣ (аз санг), ҳунари рехтагарӣ инкишоф ёфт. Намунаҳои  санъати давраи гузариш аз биринҷӣ ба асри оҳан аз бозёфтҳои маданияти кобанӣ (Кавкази Шимолӣ) пайдост.  Аз асрҳои 8—7 то милод то асрҳои аввали милод, ки давраи инқирози ҷамъияти ибтидоӣ ва ташаккули сохти авлодӣ буд, бошишгоҳҳои атрофашон  пуштаву қаторадор расм шуд (ҳавзаи дарёҳои Ока, Кама, Белая ва ғайра).  Дар давраи гузариш аз маданияти  қадим ба асрҳои миёна, ки ҳазоран  1милодро дар бар мегирифт, иттиҳодҳои  нави қабилавӣ ва давлатҳои навбунёд ба вуҷуд омаданд. Дар асрҳои  9—10 маданияти шаҳри Руси Қадим  ташаккул ёфт.

Асрҳои 10—13 давраи гул-гулшуку-фии санъати Руси Қадим буд. Ин санъат дар заминаи маданияти асримиёнагии Европаи Шарқию Ҷанубӣ, ки анъанаҳои он асосан дар Византия ташаккул ёфта буд, баҳра бардошта, бо биноҳои сангӣ, маъбадҳои типи насронӣ, жанри  асримиёнагӣ — фрескаҳо, хотамкориҳо, иконаҳо, минётури китобй ва ғайра падид омадааст. Санъати Руси Қадим дар шаҳрҳои сершумор,  дар территорияи хеле паҳновар —- аз ноҳияҳои шимоли ғарбии Новгород то нимҷаэзираи Таман инкишоф ёфт. Дар Киев, Чернигов, Новгород, Полоск ва дигар шаҳрҳо калисоҳои ҷомеи мӯҳташам (калисои 1-3-гунбазаи София дар Киев, калисои София дар Новгород), истеҳкомҳои сангӣ, қасрҳо  бунёд гардида, асарҳои гаронбаҳои санъати тасвирӣ ва ороишию амалӣ (нигаред Руси Киев) эҷод шуданд. Дар асри 12, ки давраи парокандагии феодалӣ буд, роли мактабҳои бадеии маҳаллӣ — мактаби Новгород ва мактаби Владимиру Суздал афзуд (маъбадҳои Нередиса, калисоҳои ҷомеи Успенский ва Дмитриевский дар Владимир). Ҳунарҳои заргарӣ, кандакорӣ (дар чуб) ва мисгарӣ низ  тараққӣ кард.

Охири асрҳои 13— 17 пешравии санъати  Руси Қадим дар натиҷаи истилои муғулҳо қатъ гардида, аз охири асри 13 боз рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ин  санъати сирф миллии рус буд, ки дар ташаккули санъати украину белорус низ роли калон бозид. Асрҳои 13—16 мактаби Новгород аз нав нумӯ кард (асарҳои Феофан Грек дар калисои Спаси Илин, минётури китобӣ, ҳайкалтарошӣ). Падидаҳои  мактаби Псков низ дар ин зумра ҷои намоёнро ишғол мекунанд. Новгород ва Псков қалъабандӣ шуда, дар асрҳои 13—14 сохтани қалъаҳои алоҳида маъмул гашт (Копоре, Изборск). Мактаби санъати тасвирии Ростов, Ярославл, Твер, Вологда инкишоф ёфт. Аз асри 14 мактаби бадеии Москва роли аввалиндараҷаро соҳиб гашт. Деворҳои  Кремли Москва аз чӯби булут (1339), баъдтар аз санги сафед (1367) бардошта шуданд, бурҷҳо бино ёфтанд. Дар нимаи дуюми асри 15 давлати мутамаркази Рус ташкил шуд ва ба ин муносибат дар Москва бисёр ҳунармандон, косибон ва рассомон ҷамъ омада буданд. Санъати рус давраи Эҳёро аз сар нагузаронида бошад ҳам, он аз анъанаҳои устодони асримиёнагӣ хеле баҳра бурдааст. Дар охири асри 15— аввали асри 16 атрофи Кремли Москва (дар ҳудуди ҳозирааш) қалъабандӣ шуда, байни деворҳои кунгуракориаш 18 бурҷ ҷой гирифт, ансамбли калисоҳои дохилаш ба вуҷуд омад. Дар асри 16 дар меъмории Москва сохтани маъбадҳои махсус — дар шакли бурҷҳои болояшон хаймашакл (калисо дар Коломенское, маъбади Василий Блаженний) расм шуд. Сохтмони биноҳои сангии қариб дар ҳамаи марказҳои Давлати Рус маъмул гашт: дар Нижний Новгород, Тула, Коломна, Зарайск, Смоленск, Серпухов кремлҳо сохта шуданд. Дар шимол бештар дайрҳо, калисоҳо ва хонаҳои истиқоматии сангин месохтанд. Асрҳои 14—15 давраи болоравии санъати рассомии Москва буд. Дар ин ҷо дар ин давра Феофан Грек, Прохори Городси, Даниил Чёрний, Андрей Рублёв кор кардаанд. Дар эҷодиёти онҳо тасвири инсон мақоми махсус дошта, образҳо бо самимият ва меҳри беандоза офарида мешуданд (фрескаҳои калисои ҷомеъ дар Владимир, иконаи «Салоса»-и Андрей  Рублёв ва ғайра; фаъолияти Дионисий ва макта-би ӯ — иконаҳои дайри Ферапонт). Дар минётури китобӣ сюжетҳои дуняшӣ пайдо шуданд. Баъди ба роҳ монда шудани китобчопкунӣ санъати гравюра ба вуҷуд омад. Ба қадри вусъат ёфтани ҳудуди Давла-ти Рус ва ба вуҷуд омадани шаҳрҳои нав сохтмони биноҳои маъму-рию хоҷагӣ, калисою маъбадҳо авҷ гирифт. Меъмории асри 17 бо намоҳои рангину назаррабояш ҷолиб аст (меҳмонсарой дар Архангелск, калисои Иоанн Предтеча дар маҳаллаи Толчковои Ярославл, хонаи Лапинҳо дар Псков, хонаи пурнақшунигори Коробовҳо дар Калуга ва ғайра). Калисоҳои маҳаллии Москва ва но-ҳияҳои он ҳам бо ҳамин усул ороиш ёфтаанд. Ба санъати тасвирии монумелталӣ унсурҳои тазйинӣ бештар дохил гардида, онҳо ба қолинҳон рангоранг монанданд. Аксари онҳо пейзажҳои реалӣ ва саҳнаҳои манширо инъикос кардаанд (асарҳои Иосиф Владимиров, Симон Ушаков). Оружейная палата, ки яке аз марказҳон бадеии миёнаҳон асри 17 буд, қувваҳои эҷодиро муттаҳид намуда, ҷустуҷӯҳои нави санъаткоронро дастгирӣ мекард. Санъати ороишию амалӣ бо суръати баланд пеш меравад. Махсусан ҳунарҳои қадимаи заргарӣ, коркарди бадеии фулузот, минокорӣ, кандакорӣ (дар чӯбу санг), гулдӯзӣ, кулолӣ ва ғайра ривоҷ ёфт. Дар тӯли асрҳои миёна маданияти халқҳои Шимол ва Сибир дар шакли ибтидоӣ идома дошт. Дар байни халқҳои Поволжия, ки дар зинаи нисбатан баланди тараққиёт меистоданд, саноеъи меъморӣ (чӯбӣ), гулдӯзӣ, кандакории чӯб, дар Тотористону Бошқирдистон меъмории диниву дунявӣ (асосан аз санг) рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар Кавкази Шимолӣ, ки то асри 12 асосан маъбадҳои сангии насронӣ сохта мешуданд (водии дарёи Зеленчук ва ғайра), минбаъд сохтмони масҷиду мақбараҳо (биноҳои динии мусулмонӣ) авҷ гирифт. Дизсозӣ низ маъмул шуд.

Асри 18-нимаи аввали асри 19 санъати рус, ки дар асрҳои 17—18 ба камол расид, минбаъд иқтидори давлати мутлақи Русро инъикос мекард, равобити мадании Давлати Рус  бо Европаи Ғарбӣ мустаҳкам шуд; рассомони Европои Ғарбӣ ба Россия омада, санъаткорони рус барои қамоли касб ба он ҷо мерафтанд. Соли 1757 дар Петврбург АР таъсис ёфт, Санъати асри 18, ки бо ғояҳои маърифатпарварӣ саршор гардида, дар таърихи маданияти рус як навъ гардише буд, дар худ нишонаҳои Ренессансро дошт. Аз охири асри 17 шаҳрсозӣ тараққӣ кард: шаҳрҳои Невянск, Екатеринбург, Таганрог, Кронштадт ба вуҷуд омаданд. Калонтарини онҳо Петербург буд. Дар ин ҷо сохтмони қасрҳо авҷ гирифт (ансамбли Петродворес). Аз ибтидои асри 18 услуби барокко ҳукмрон гашт, ки он хусусиятҳои меъмории маҳаллиро низ нигоҳ дошта, биноҳо дорои бандубасти мукаммал ва нақшунигори дилпазир буданд (Қасри зимистонӣ ва дигар қасрҳои Петербург, ансамбли Сарское Село — ҳоло шаҳри Пушкин; офаридаҳои меъмор В. В. Растрелли). Солҳои 1760—70 давраи гузариш ба классисизм буд. Махсусан эҷодиётп меъмор В. Баженов ҷолиб аст: лоиҳаи азнавсозии Кремли Москва, хонаи Пашков, ансамбли Сарисин дар Москва, ки дар онҳо унсурҳои барокко бо пафоси граждании хоси классисизм даромехтааст. Дар санъати меъморӣ услуби махсуси биносозию шаҳрсозӣ ба вуҷуд омад. Мувофиқи он зиёда аз 400 лоиҳаи азнавсозии шаҳрҳои Давлати Рус тартиб дода шуд. Твер (ҳоло шаҳри Калинин), Ярославл, Кострома ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Мувофиқи плани генералӣ шаҳрҳои Петербург (1763—69) ва Москва (1775—90) симои худро тағйир доданд. Бинои Институти Смолний (меъмор Ҷ. Кваренги), Қасри Таврия (И. Е. Старов), бинои Китобхонаи оммавӣ (Е. Т. Соколов) Дурдонаҳои ансамбли меъмории Петербург ба ҳисоб мераванд. Биноҳои офаридаи М. Ф. Казаков дар таърихи шаҳрсозии Москва саҳифаи нав буд (бинои Сенат дар Кремл, Университети Москва, хонаҳои истиқоматӣ, калисоҳо). Қасрҳои берунишаҳрӣ, ки мувофиқи қоидаву қонунҳои классисизм дар чорбоғҳо бино меёфтанд, ансамбли сифатан нав буда, намунаҳои шоиронаву лирикии меъморӣ ба шумор мерафтанд (биноҳон Кваренги, Ч. Камерон, Риналди, В. Ф. Бренна, Н. А. Лвов дар Сарское Село, Павловск, Гатчина). Дар даҳсолаи аввали асри 19 меъморӣ бо услуби ампир ривоҷ ёфт, ки он тараннуми шукуҳу ҷалол, ватандӯстӣ, қудрати инсонро меъёр интихоб карда буд. Ин ҷиҳат махсусан пас аз ғалаба дар Ҷанги ватании соли 1812 қувват гирифт. Бнноҳо бо сутунҳои мӯҳташам, муҷассамаҳои қавнпайкар, аробаву афзори ҷангӣ, гулчанбари нусрат ва ғайра оро дода мешуданд. Тамо-юлҳои услуби ампир пеш аз ҳама дар эҷодиёти А. Н. Воронихин (ка-лисои ҷомеи Қазон ва Институти кӯҳкорӣ) ва А. Д. Захаров (муаллифи навсозии -Адмиралтейство) ба назар мерасад. Офаридаҳои К. И. Росси, А. А. Монферран ва В. П. Стасов (Маидони қаср, Майдони саноеъ; ансамблҳои майдони Сенат) намунаи олии санъати меъморианд. Дар Россияи николаӣ сохтмони казарма, анбор ва госпиталҳо авҷ гирифт. Ин гуна иншоот, ки аз рӯи лоиҳаи ягона сохта мешуданд, ба баъае мавзеъҳои шаҳрҳо намуди якрангу дилгиркунанда бахшидаанд. Ғайр аз ин, кризиси ҷараёни классисизм ҳам ба таназзули санъати меъморӣ сабаб шуд. Санъати тасвирии асрҳои 17 —18 низ тағйироти калонро аа сар гузаронд. Ҷои икона ва нақшҳои рӯидевории калисоиро мусаввара, гравюраҳои дунявӣ (аксар асарҳои манзаравӣ ва размӣ) ва ҳайкалтарошӣ гирифт. Дар ин санъати си-фатан нав образи инсон ба мадди аввал баромад. Кӯшишҳои аввали-ни портретофарӣ дар эҷодиёти баъзе рассомони асри 18, ки бо вуҷуди соддалавҳии услубашон одамони давраи Пётрро тасвир карда тавонистаанд, ба назар мерасад (А. М. Матвеев, И. Н. Никитин, Л. Каравак). Дар нимаи дуюми асри 18 офаридани портретҳое, ки ҷаҳони ботинӣ, характери моделро мекушоданд, авҷ гирифт (портретҳои Ф. С. Рокотов, Д. Г. Левитский, муҷассамаҳои Ф. И. Шубин). Дар асри 18 офаридани мусаввараҳои таърихӣ (А. П. Лосенко, И. А. Акимов, Г. И. Угрюмов), маишӣ (И. Фирсов, М. Шибанов) ва пейзаж (М. М. Иванов, Ф. Я. Алексеев) расм шуд. Инчунин дар ин давра ҳайкалтарошӣ ба қуллаи баландаш расид( муҷассамаҳои И. П. Прокофев, М. И. Козловский; сағонаҳои мармарию биринҷие, ки Ф. Г. Гордеев ва И. П. Мартос офаридаанд). Ҳайкалҳои монументалӣ ҷузъи муҳими ансамблҳои бошукӯҳ гардид (асарҳои Э. М. Фалқоне, Мартос дар Москва ва Петербург).

 

Ҷараёни романтизм пеш аз ҳама дар эҷодиёти портретнигорон зоҳир гашт (асарҳои 0: А. Кипренский, В. А. Тропиннн). Асарҳои К. П. Врюллов саршори психологизми амиқанд. Рағбати баъзе мусаввирон ба ҳаёти ҳаррӯза, одамони оддӣ ва умуман муҳити атрофи инсон аф-зуд. Дар ин ҷода А. Г. Венесианов ва пайравони ӯ мақоми махсус иш-ғол кардаанд. Романтикҳои ин давр инсонро чун қаҳрамони драмаи таърихӣ мешинохтанд («Рӯзи охирини Помпеии К. Брюллов, «Зуҳури Исо ба мардум»-и А. А. Иванов). Дар миёнаи асри 19 мусаввараҳои жанрӣ мақоми худро дарёфтанд (графикаи ҳаҷвии А. Агин, Е. Бернадский). Санъати истеҳсоли чинивору шиша, кандақорӣ дар устухон, кулолӣ, тӯрбофӣ, гулдӯзӣ ва дигар ҳунарҳо низ равнақ доштанд.

Дар нимаи дуюми асри 19—ибтидои асри 20 Россия бо роҳи капиталистӣ инкишоф меёфт ва ин албатта ба ҳаёти маданӣ таъсир накарда намонд. Инкишофи стихиявии капитализм водор меқард, ки шаҳрҳо бо суръати баланд вусъат ёбанд. Дар натиҷаи бесарусомон ва якбора афзудани аҳолӣ дар гирду атрофи шаҳрҳо казармаҳои коргарӣ, маҳаллаҳои камбағалнишин ба вуҷуд омаданд. Шаҳрсозӣ таназзул кард. Дар ибтидои асри 20 ғояҳои нави шаҳрсозӣ ба вуҷуд омаданд, лекин кӯшишҳои меъморони пешқадам амалӣ нагарди-данд. Минбаъд шаҳрсозӣ аз рӯи усули «модерн» идома ёфт (аксар хонаҳои шахсӣ). Баъзе меъморон ба меъмории гузашта (А. В. Щусев), классисиизм (Фомин), Ренессапс (И. В. Жолтовский) рӯ меоварданд. Дар ин давра характери санъати тасвирӣ ҳам ба куллӣ тағйир ёфт. Аксари мусаввирон аз ҷараёни ҳукмрони академизм даст кашида, ба гурӯҳи Передвижникҳо пайвастанд. Онҳо аз рӯи принсипҳои эстетикаи револютсионӣ асар меофариданд, реализми танқидиро пойдор мегардонданд (Н. В. Неврев, В. В. Пукирёв, Л. И. Соломаткин, Г. Перов, Г. Мясоедов, К. А. Савиский, В. Стасов, Н. Крамской). Бисёр рассомон ба эпосҳои қаҳрамонӣ муроҷиат мекарданд («Баҳодурон»-и В. Васнесов). Дар мусаввараҳои монументалиаш И. Е. Репин образи деҳқонони Россияро таҷассум намудааст («Бурлакҳо дар Волга»). Мусаввараи таърихӣ дар эҷодиёти В. И. Суриков ба қуллаи баланд расид («Боярзан Морозова»). Пейзажнигорӣ ҳам хеле тараққӣ кард (асарҳои А. К. Саврасов, И. И. Шишкин, А. Куинҷи, И. Айвазовский, И, Левитан). Минбаъд ба санъати тасвирӣ мавзӯъҳои инқилобӣ роҳ ёфта, образи коргари оддӣ офарида мешуд (асарҳои С. В. Иванов, Н. А. Ярошенко). Рассомон В. А. Серов, М. А. Врубел дар асарҳояшон зебоии абадии инсону табиатро васф кардаанд. Рассомоне ба майдон омаданд, ки бо муборизаи сиёсӣ ҳамқадам гаштанд. Графика ривоҷ ёфт (В. Серов, Б. Кустодиев, М. Добужинский, Е Лансере, И. Репин, В. Маковокий, И. Бродский ва дигар). Ба эҷодиёти баъзе рассомон ғояҳои сотсиализм роҳ ёфтанд (портрети муҷассамавии Карл Маркс — асари А. С. Голубкина). Анъанаҳои реализм дар пейзажҳои П. И. Петровичев, Л. В. Туржанский, К. Ф. Юон, Кустодиев идома кард. Бо вуҷуди андаке роҳгум задаи аз ҳақиқатнигорӣ (ба тамоюлҳои формалистӣ майл пайдо кардан) баъзе рассомон композисияҳои рамзии шоирона офаридаанд (М. Сарян, П. Кузнесов, Петров-Водкин, А. В. Куприп, Р. Фалк ва дигар). Санъати прогрессивии рус ба маданияти дигари халқҳои Россия таъсири калон расонд.

Санъати советӣ. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр санъати сифатан нави ҷамъияти сотсиалистиро ба арсаи вуҷуд овард. Плани ленинии пропагандаи монументалӣ ба амал бароварда ме-шуд, Сохтмони аввалин иншооти инженерию индустриявӣ ба роҳ монда шуд (ГидроЭлектроСтансияҳо, радиостансияҳо). Корҳои шаҳрсозӣ бо қувваи тоза пеш рафт. Мавзолеи Владимир Илич Ленин (солҳои 20, меъмор А. В. Щусев) бунёд шуда, ансамбли Майдони Сурхро ғанитар гардонд. Шаҳрҳои кӯҳна реконструксия шуда, шаҳрҳои нав бунёд меёфтанд (Магнитогорск, Новокузнеск). Миёнаи солҳои 30 сохтмони корхонаҳои саноатӣ авҷ гирифт, конструксияҳои металлӣ ва оҳанубетонӣ маъмул гардид (Метрополитен ва кӯпрукҳои Москва).

Мувофиқи қарори Комитети Марказии ВКП(б) ва Совети Комиссарони Халқи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР «Дар бораи плани генералии реконструксияи Москва» (1935) пойтахти ватанамон симои худро хеле тағйир дод.

Солҳои ҷанг меъморон асосан бо ҳалли масъалаи кучондани корхонаҳои саноатӣ ба шарқи мамлакат машғул буданд. Садҳо шаҳрҳои тороҷгашта аз нав барқарор карда шуданд, заводҳои нав ва иншооти бузурги гидротехникӣ ба вуҷуд омаданд (канали Волгаю Дон). Минбаъд сохтмони микрорайонҳо авҷ гирифт. Миёнаи солҳои 50 районҳои истиқоматии калон дар Москва, Ленинград, Ярославл, Свердловск, Горкий, Волгоград, Куйбишев, Владивосток, Красноярск, Омск, Новосибирск ба вуҷуд омаданд. Солҳои 60 аксар шаҳрҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР аз рӯи лоиҳаи генералӣ реконструксия мешуданд. Масалан, хиёбони ба номи Калинини Москва намунаи олии ансамбли меъморист. Солҳои 60—70 шаҳрҳои нав бунёд ёфтанд (Набережние Челни), сохтмони хонаҳои панелии бисёрошёна расм шуд. Бештар ба сохтмони комплексҳои спортӣ, тамошогоҳҳо, биноҳои маданию маърифатӣ диққат медиҳанд.

Санъати тасвирии республикаи ҷавони советӣ ба хизмати револютсия сафарбар шуд. Пеш аз ҳама, жанри плакати тарғиботӣ ва графикаи газетиву журналӣ ривоҷ ёфт (Д. С. Моор, В. Н. Дени; оинаҳои РОСТА). Дар бобати ба роҳ мондани пропагандаи монументалн Андреев, Ковенков, Манизер, Мухина, Шервуд ва дигар хизматҳои калон карданд. Воқеаҳои револютсия дар асарҳои Брод-ский, И. Владимиров, Малявин, Кустодиев, Петров-Водкин, Рылов, Юон, Н. Купреянов таҷассум ёфтанд. Солҳои 20—ибтидои солҳои 30 мусаввараҳои тематикии сюжетдор маъмул мегардад (асарҳои А. М. Герасимов, М. Б. Греков, А. Дейнека, Б. Иогансон, Е. А. Касмап, Ю. Пименов). Офаридани образи Ленин яке аз ҷиҳатҳои муҳими жанри портретнигорин ин давр буд. Эҷодиёти ин давраи ҳайкалтарошон Б. Д. Королёв, Матвеев, Мухина, И. Д. Шадр ҷолиб аст.

Жанри натюрморт мақом пайдо кард (Кончаловскии, Лентулов). Дар инкишофи навъҳои гуногуни графикаи китобӣ: ксилография — рассомон В. Фаворский, А. Кравченко, линогравюра — И. Павлов, П. Старопосов, офорт — И. Нивинский ва дигар саҳм гузоштаанд. Ба санъати ороиши саҳна майлҳои конструктивистӣ роҳ ёфтанд (И. Рабинович, Н. Алтман).

Пас аз баромадани қарори Комитети Марказии ВКП(б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабию бадеӣ» иттифоқи ягонаи рассомон таъсис ёфт. Асарҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо тавассути тасвири мусодамаҳои характерҳои одамон конфликтҳои таърихӣ кушода мешуданд («Истинтоқи коммунистон»-и Иогансон); аксари онҳо саршори рӯҳияи романтикаи револютсионӣ буданд («Қасамёдку-нии партизанҳои Сибир»-и С. Герасимов).

Азбаски сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ авҷ гирифт, санъатҳои ороишии хотамкорию минокорӣ, сураткашии рӯи девор ва ғайра аз нав инкишоф ёфт (Л. А. Бруни, Деннека, Фаворский, Н. Ефимов ва ғайра). «Коргар ва колхозчизан»-и Мухина ҳамчун рамзи ҷамъияти советӣ шинохта шуд. Ҳайкалтарошии монументалӣ авҷ гирифта, бисёр шаҳрҳо бо муҷассамаҳои бузургон оро ёфтанд (асарҳои Манизер, Меркуров, Томский).

Жанри сатираи сиёсӣ боло рафт. Устодони ин намуд дар атрофи «Крокодил» муттаҳид шуданд (Л. Бродаты, Б. Ефимов, Кукрыниксҳо ва ғайра). Солҳои ҷанг жанри плакати сиёсӣ тараққӣ кард (Эҷодиёти В. С. Иванов, Ф. Корецкий, Ефимов, Кукрыниксҳо). «Оинаи ТАСС» (дарМосква) ва «Қалами мубориз» (дар Ленинград) фаъолияти худро аз нав ба роҳ монданд. Қаҳрамонию шуҷоати халки советӣ дар эҷодиёти Н. Жуков ва дигар устодони Студияи рассомони ҳарбии ба номи М. Греков, дар эҷодиёти С. Герасимов, Дейнека, А. Пластов, М. Авилов, И. Серебряний, В. Яковлев, Г. Верейсқий ва дигар хуб таҷассум ёфтааст.

Ба шарафи ғалаба бар фашизм дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва мамлакатҳои озодгашта обидаҳои нусрат ва муҷасаммаҳои қаҳрамонон бунёд ёфтанд. Инсондӯстии Армияи Советии бахшояндаи озодӣ дар ансамбли мемориалии Трентовпарк (Берлин) таҷассум ёф-тааст (Е. В. Вучетич бо шарикмуаллмфонаш). Муҷасамма ва портрет-ҳои қаҳрамонони ҷангро ҳайкалтарошон Томский, Л. Е. Кербел, Вл. Е. Сигал ва дигар офаридаанд. Солҳои баъди ҷанг мусаввараҳо асосан дар мавзӯи меҳнату ҳаёти осоишта офарида мешуданд. Дар ин давра бештар тасвири пейзажҳои дилпазир, тараннуми зебоии инсону табиат ба назар мерасид. Иттифоқи Рассомон Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР соли 1960 таъсис ёфт ва эҷодкоронро дар атрофаш бештар муттаҳид намуд.

Солҳои 50—70 асосан сохтмони комплексҳои мемориалӣ авҷ гирифт (ансамбли Волгоград (ҳайкалтарош Вучетич ва дигар). Ҳунарҳои халқӣ, махсусан минётурнигорию минокорӣ (минётурҳои Палех, Мстёр, Холуй, Городес) тараққӣ карданд. Соҳаи нави эҷодиёт — дизайн ташаккул ёфт.

Мусиқӣ. Сарчашмаҳои мусиқии рус аз маданияту маишати қабилаҳои славянҳои шарқӣ бармеояд. Нақши он давраҳо дар баъзе сурудҳои маросимӣ, ки то рӯзҳои наздик маъмул буданд, нигоҳ дошта шудаанд. Дертар сурудҳои лирикии халқӣ ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро ҳар сароянда бо обуранги хосе иҷро мекард.

Дар Руси Киев эпоси қаҳрамонӣ маъмул гашт. Аз сарчашмаҳои хаттӣ ва бозёфтҳои археологӣ бармеояд, ки дар ин давра мусиқии созӣ инкишоф ёфта будааст (созҳои гусли, гудок, сопел, най, севниса ва ғайра). Скоморохҳо ноширони асосии маданияти мусиқии рус буданд. Охири асри 10, пас аз пойдор гардидани дини насронӣ сурудҳои калисоӣ маъмул гаштанд (ягона намуди мусиқии касбӣ, ки бо аломатҳои махсус сабт мешуд асрҳои 16—17 мукаммал шуд). Ни-маи дуюми асри 17 сурудхонии бисёровоза-кант (ҳам сурудҳои калисоӣ ва ҳам дунявӣ) ба ҳукми анъана даромад. Дар аҳди Пётри 1 хондани кантҳои мутантан расм шуд. Асри 18 мусиқӣ аз калисо ҷудо шуда, ҷузъи муҳими ҳаёти маишии мардум гашт. Театри опера таъсис ёфта, консертҳои оммавӣ барпо мегардид. Охири асри-18 мактаби бастакории рус пурра шакл гирифт (М. С. Березовский, Д. С. Бортнянский, В. А. Пашкевич ва дигар), ки он аз ғояҳои маориф-парварии рус баҳравар гашта буд. Бастакорони асри 18 асосан ба жанри опера таваҷҷӯҳ доштанд. Мелодрамаҳо (масалан, «Орфей»-и Фомин, 1792) ва асарҳои созии ҷолиб офарида мешуданд. Ибтидои асри 19 операнависон бештар ба мавзӯъҳои афсонавӣ, халқӣ-эпикӣ рӯ меоварданд («Иляи баҳодур», 1806). Намояндаи барҷастаи романтизми операвӣ А. Н. Верстовский буд. Солҳои 30—40 бо эҷо-диёти М. И. Глинка давраи нави мусиқии рус оғоз ёфт. Ба шарофати ӯ мактаби мусиқии рус дар Европа ба яке аз аввалин ҷойҳо баромад. Асарҳои ӯ операҳои «Иван Сусанин» (1836) ва «Руслан ва Людмила» (1842), асарҳои симфонии «Камаринская» (1848), «Увертюраҳои испанӣ» асоси симфонизми миллии рус гаштанд. Махсусан романҳои дилангези  ӯ шӯҳрат ёфтанд. А. С. Даргомижский бо асарҳояш хазинаи мусиқии русро ғанитар гардонд. А. Г. Рубинштейн соли 1859 дар Петербург Ҷамъияти мусиқии русро таъсис дод. Ин ҷамъият дар шаҳрҳои Москва ва Петербург Синфҳои мусиқӣ кушод, ки дар заминаи онҳо консерваторияҳои Москва ва Петербург ташкил шуданд. Солҳои 60 гурӯҳи «Тӯдаи муқтадир» ташкил ёфт, ки бастако-рони ҷавонро муттаҳид карда, ғояҳои револютсионию демократиро тарғиб мекард (М. А. Балакирев, А. П. Бородин, Ц. А. Кюи, М. П. Мусоргский, Н. А. Римский-Корсаков). Мунаққидон В. Ф. Одоевский ва В. В. Стасов дар инкишофи мусиқии рус хизмати босазо кардаанд. Мусиқии нимаи дуюми асри 19 яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи мусиқии ҷаҳон аст («Княз Игор»-и Бородин, «Борис Годунов»-и Мусоргский, «Евгений Онегин» ва «Моткаи қаромашшоқ»-и Чайковский ва ғайра). М. А. Балакирев, Римский-Корсаков низ симфонизми русро бо асарҳои худ бой гардонданд. Балетҳои Чайков-ский «Кӯли қувон» (1878), «Нозанини хуфта» (1889), «Щелкунчик» (1892) давраи нави инкишофи санъати мусиқӣ буд. Баъдтар чунин бас-такорони машҳур ба мисли А. К. Глазунов, С. И. Танеев, А. К. Лядов ва дигар ба майдон омаданд. Дар эҷодиёти бастакорони ибтидои асри 20 Римский-Корсаков, С. 6. Рахманинов ва А. Н. Скрябин баъзе ҷиҳатҳои ҳаракати револютсионӣ инъикос ёфтаанд. Дертар асарҳои И. Ф. Стравинский ва С. С. Прокофев ба вуҷуд омаданд. Ибтидои асри 20 маданияти иҷрокунандагии санъаткорон боло рафт. Мактаби вокалии .рус бо намояндагони барҷастааш Ф. И. Шаляпин, А. В. Нежданова, Л. В. Собинов, И. В. Ершов шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр барои инкишофи минбаъдаи мусиқии рус давраи наве кушод. Бисёр кадрҳои баландихтисос ба республикаҳои дигари миллӣ фиристода мешуданд ва онҳо дар сабзондани санъаткорони маҳаллӣ кӯмак мекарданд. Муаллифи 27 симфония Н. Я. Мясковский асосгузори симфонизми советии рус ҳисоб меёбад. Минбаъд бастакорони бузурги советӣ Д. Д. Шостакович, В. В. Щербачев, Л. К. Книппер, В. Я. Шебалин жанри симфонияро боз ҳам ривоҷ доданд. Операҳои ҷолиб низ эҷод мешуданд: «Дони ором»-и И. Дзержинский, «Дар бӯрон»-и Т. Н. Хрепников (1939), «Семён Котко»-и С. Прокофев (1939) ва ғайра. Мав-зӯи таърихию револютсионӣ ва замонавӣ дар эҷодиёти Ю. А. Шапо-рин, Р. К. Щедрин, Д. Кабалевский, Р. Глиэр, Б. Асафьев, А. Хачатурян мавқеи хос пайдо кард. Солҳои ҷанг (1941—45) суруд ҳамчун жанри оммавӣ маъмул гашт. Сурудҳои А. В. Александров, М. И. Блантер, А. А. Давиденко, И. О. Дунаевский, Э. Колмановскин, Б. А. Мокроусов, В. И. Мурадели, А. И. Пахмутова, В. П. Соловёв-Седой, М. Г. Фрадкин, Я. Френкел, Т. Н. Хренников, А. Эшпай хеле машҳур гаштаанд. Намояндагони машҳури мусиқии советӣ — дирижёрон И. С. Голованов, А. М. Пазовский, А. Мелик-Пашаев, Е. Мравянский, А. В. Александров, пианино-навозон Г. Г. Нейгауз, Э. Гилелс, С. Рихтер, скрипканавозон Д. Ойстрах, Л, Когап, сарояндагоп В. Барсова, М. Максакова, И. Архипова, И. Козловский, С. Лемешов ва дигар мебошанд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар шаҳрҳову республикаҳои автономии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР шумораи зиёди театрҳои мусиқӣ, филармония, муассисаҳою донишкадаҳои мусиқӣ ба вуҷуд омаданд. Дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР (соли 1975) 42 театри мусиқӣ, 1 театри драмаи мусиқӣ, 8 театри мусиқӣ, 24 оркестри симфонӣ, 19 дастаи сарояндагони хор, 13 консерватория ва дигар мактабҳои олии мусиқӣ, 114 омӯзишгоҳи мусиқӣ, 10 омӯзишгоҳи санъат, 2 омӯзишгоҳи хор, қариб 3000 мактаби мусиқии бачагона амал мекард.

Рақс. Балет. Таърихи хореографияи рус аз давраҳои сохти авлоди сар мешавад. Рақсҳо ва хороводҳои миллӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷамъият то асри 17 маълум буд. Дертар, вақте ки санъати рус таҳти таъсири маданияти Европа монд, аъёну ашроф рақсҳои халқиро намеписандиданд. Охири асри 17— ибтидои асри 18 рақсҳои нави европоӣ: менуэт, контраданс, полонез маъмул гаштанд. Рақси миллӣ бошад, танҳо дар деҳот инкишоф меёфт. Намудҳои машҳури он: бариня, казачок, кадрил. Дар асри 18 рақси русӣ ба театри касбӣ роҳ ёфт.

Баъди Револютсияи Октябр хореографияи миллии рус рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1937 Ансамбли рақси халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, соли 1978 ансамбли «Березка» ва соли 1960 Ансамбли рақси халқҳои Сибир таъсис ёфтанд. Дар республикаҳои автономӣ ҳам коллективҳои рақсӣ ташкил шуданд.

Балет. Театри балети рус дар нимаи дуюми асри 17 ба вуҷуд омад. Соли 1738 дар Петербург мактаби балет (ҳоло Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград) ва дар Москва Омӯзишгоҳи хореографии  академӣ таъсис ёфт. Асрҳои 18—19 бастакороне ба майдон омаданд, ки барои балет мусиқӣ меофариданд (С. Н. Титов, С. И. Давидов, К. Кавос ва дигар).

Соли 1825 дар Москва Театри Калон кушода шуд. Дар нимаи дуюми асри 19 театри балет бо роҳи нав инкишоф ёфт. Балетмейстер М. Петипа дар соҳаи хореографияи рус хизматҳои шоён кардааст («Баядерка»-и — Минкус, «Нозанини хуфта»-и Чайковский, «Раймонда»-и Глазунов). Ибтидои асри 20 балети рус дар санъати балети ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол кард. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр балети рус бо қувваи наве инкишоф ёфт, Балетмейстерон К. Голейзовскии ва Ф. Лопухов дар инкишофи балети советӣ хизмати арзанда доранд. Устодони машҳури балети советии рус: Е. Гелсер, Л. Жуков, Е. Гердт, М. Семёнова, Г. Уланова, Н. Дудинская. О. Лепешинская, А. Ермолаев, А. Мессерор, В. Чабукиани.

Солҳои 30—40 жанри драмаи хореографӣ ба мадди аввал баромад («Фонтани Богчасарой»-и Б. Асафев, «Ромео ва Ҷулетта»-и С. Прокофев). Солҳои 30 дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР 17 коллективи нави балет таъсис ёфт. Солҳои ҷанг дастаҳои балети Москваю Ленинград ба шаҳрҳои дигар кӯчонда шуданд ва ба ин васила санъати балети он маҳалҳо ҳам пеш рафт. Солҳои 40— 50 аз рӯи асарҳои адабӣ балетҳо таҳия мешуданд («Мисинсавор»-и Глиэр, «Тарас Булба»-и Соловёв-Седой). Спектаклҳои миллӣ низ гузошта мешуданд («Гаянэ»-и А. Хачатурян, «Шурале»-и Яруллин ва ғайра). Балетмейстери машҳури советӣ Гри-горович «Достони муҳаббат»-и А. Меликов(1901), «Спартак»-и А. Хачатурян (1967), «Кӯли қувон» (1970) ва «Нозанини хуфта»-и (1973) Чайковскийро ба саҳна гузошт. Балетмейстерон И. Д. Белский, Л. Якобсон, Н. Касаткина, В. Василев асарҳои бисёреро ба саҳна гузоштанд. Раққосони нав ба майдон омаданд: М. Плисеская, Р. Стручкова, А. Осиненко, Ю. Жданов, А. Макаров, Е. Максимова, Н. Сорокина, В. Василев, М. Лиепа, А. Сизова, Ю. Соловёв ва ғайра.

Театри драма. Аввалин паҳнкунандагони маданияти театри рус скоморохҳо буданд (аз асри 11 то асрҳои 16—17). Театри лӯхтак низ маъмул буд (қаҳрамони асосиаш Петрушка). Соли 1672 дар дарбори шоҳ Алексей Михайлович театри аввалин ташкил ёфт. Соли 1702 бо фармони Петри I дар Москва театри давлатӣ кушода шуд (дар Майдони Сурх). Дар солҳои 30— 40 асри 18 дастаҳои миллии актёрӣ низ ҳунарнамоӣ мекарданд (таҳти роҳбарии Волков, Книппер). Соли 1757 дар назди Университети Москва Театри университет (дертар Театри Пётр), соли 1824 Театри хурд таъсис ёфт. Охири асри 18— ибтидои асри 19 театрҳои крепостноии хусусии дворянҳо хеле маъмул гаштанд.

Баъди Ҷанги ватании соли 1812 бештар асарҳои фоҷиавӣ (драмаҳои В. Озеров, Шекспир, Шиллер) ба саҳна гузошта мешуданд. Охири асри 19, солҳои реаксия театрҳо бештар бо водевил ва мелодрамаҳо баромад мекарданд. Ин гуна репертуарро В. Г. Белин-ский ва Н. В. Гогол сахт танқид карда буданд. Ба саҳна гузошта шу-дани «Муфаттиш»-и Гогол ҳодисаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ гардид. Дар ин давра дар театри хурд актёрони машҳур П. Мочалов ва М. Щепкин ҳунарнамоӣ мекарданд, ки бо эҷодиёташон равияҳои романтизм ва реализмро дар театри рус пойдор гардониданд. Охири солҳои 50 баромадҳои публисистии Н. Г. Чернишевский ва Н. А. Добролюбов ба пешравии театр кӯмак расонданд. Асарҳои А. Н. Островский дар таърихи театр давраи наверо кушод («Камбағалй айб нест», «Раъду барқ» ва ғайра). Дар ин замина актёрони боистеъдод П. М., М. П. ва О. О. Садовскийҳо, Л. П. Косиская, С. В. ва П. В. Василевҳо ба камол расиданд, мактаби нави актёрӣ ба вуҷуд омад. Намояндагони барҷастаи ин мактаб М. Н. Ермолова И. В. Самарин, С. В. Шумский, Ё. В. Самойлов, М. Г. Савина, П. А. Стрепетова, М. Т. Иванов-Козелский, В. И, Андреев-Бурлак, Н. X. Рибаков, М. И. Писарев ва дигар буданд.

Кушодашавии Театри бадеии Москва (МХАТ), ки онро К. С. Станиславский ва Вл. И. Немйрович-Данченко таъсис дода буданд (1898) ва Театри драмаи Петербург, ки ташкилкунандааш В. Ф. Комиссаржевская буд (1904), дар таърихи театр ҳодисаи бузурге гардид. Чанд студияҳои театрӣ кушода шуд (студияи Е. Б. Вахтангов дар Москва —1913, Студияи Мейерхолд дар Петроград — 1914). Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Совети Комиссарони Халқ оид ба театрҳо декрети махсус баровард, ки мувофиқи он бояд театрҳо миллӣ кунондаву кори онҳо муттаҳид гардонда мешуд. Методи реализми сотсиалистӣ роҳи ягона ва асосии инкишофи минбаъдаи театр гашт. Асарҳои саршори романтикаи револютсионӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ тезу тунд ба саҳна гузошта шуданд («Мистерия-буфф»-и  B.Маяковский, режиссёр Мейерхолд).

Cолҳои 1918—20 аввалин театрҳои бачагона ба кор даромаданд. Театрҳои коргарҷавонон ба вуҷуд омаданд. Солҳои 30 меҳнати бунёдкорона мавзӯи асосии репертуари театрҳо гардид. Песаҳои нави шавқовар ба саҳна гузошта шуданд: «Ҳаммом»-и В. Маяковский, «Дӯсти ман»-и Н. Погодин, «Фоҷиаи оптимистӣ»-и В. Вишневский, «Ҷанговарон»-и Ромашов. Спектаклҳое, ки образи Ленинро васф мекарданд таҳия гардиданд: «Одами милтиқдор»-и Погодин (дар роли Ленин Б. Щукин), «Ҳақиқат»-и Корнейчук (дар роли Ленин М. Штраух) ва ғайра. Солҳои 30— 40 театрҳо ба драматургияи М. Горкий рӯ оварданд: «Егор Буличов ва дигарон», «Мешанҳо», «Душманон», «Дачанишинон» ва ғайра. Асарҳои классики мавқеи хос пайдо карданд: «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта», «Се хоҳарон». Системаи Станиславский дар инкишофи театр роли бағоят калон бозид. Актёрони машҳури ин давра: А. Остужев, В. Пашенная, 0. Книппер-Чехова, В. Качалов, И. Москвин, М. Тарханов, М. Штраух, Д. Орлов, Ю. Глизер, Е. Гоголева, Н. Анненков, М. Сарёв, А. Тарасова, Б. Ливанов, А. Грибов, М. Яншин, В. Мареская, Ю. Юрев, Н. Черкасов, Б. Бабочкин. Солҳои баъди ҷанг спектаклҳои ба мавзӯи ватандӯстӣ бахшидашударо мегузоштанд: «Гвардияи ҷавон» (аз рӯи асари Фадеев), «Виҷдон»-и Че-пурин ва ғайра. Минбаъд дар саҳна образи ҳамзамонон, созандагони коммунизм офарида шуд: «Уқёнус»-и Штейн, «Хиёбонн Ленинград»-и Шток, «Ошпаззан»-и Софронов. Режиссёрону актёрони номвари му–осир: Г. Товстоногов, Б. Равенских, 0. Ефремов, Е. Симонов, Ю. Бори-сова, К. Лавров, И. Смоктуновский, М. Улянов, Т. В. Доронина, Ё. П. Леонов, Е. А. Евстигнеев, А. Д. Папапов ва дигар. Горкий, Қазон, Куй-бишев, Новосибирск, Саратов, Свердловск, Ярославл низ марказҳои асосии ҳаёти театрӣ мебошанд. Дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ҳоло 292 театри драмаи мусиқӣ, бачагона ва тамошобинони ҷавон, Ҷамъияти театрии умумироссиягӣ кор мекунанд.

 

Сирк. Сирки рус аз санъати скоморохҳо ибтидо гирифтааст. Соли 1648 шоҳ Алексей Михайлович баромади скоморохҳоро манъ карда буд. Вале асри 18 ин ҳунар аз нав ҷон гирифт ва акнун ярмаркаву сайлҳои халқӣ бе иштироки он намегузаштанд. Сиркҳои касбӣ дар Россия асри 18 пайдо гардида, дар онҳо асосан артистони хориҷӣ баромад мекарданд. Бо ташаббуси бародарон А. А., Д. А. Ни-китинҳо дар Пенза (1873) ва дигар  шаҳрҳо, баъд дар Москва (1911) сирки таҳҷоӣ кушода шуд (А. Л. ва В. Л. Дуровҳо, паҳлавонон И. Под-дубний, И. Заикин, И. Шемякин баромад мекарданд). Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр сирк на танҳо чун объекти дилхушӣ, балки чун воситаи тарбия низ ривоҷ ёфт. Устодони сирки советӣ: В. Л. Дуров, В. Е. Лазаренко, М. И. Калядин, С. Ротмистров, Н. Лавров, М. Румянсев, К. Берман, Ю. Никулин, М. Шуйдин, А. Николаев Ю. Попов ва дигар

Эстрада. Дар консертҳо актёрони драма М. Шепкин, П. Мочалов, П. Садовский, М. Ермолова ва дигар бо шеърҳо, монологҳо ва ҳикояҳои хурд баромад мекарданд. Фаъолияти консертии сарояндагони опера П. Богатирев, Ф. Шаляпин гуногунранг буд. Баъди Револютсияи Октябр жанри эстрада бо роҳи нав пеш рафт. Солҳои 20—30 театрҳои эстрада дар Москва, Ленинград, Нижний Новгород, Ростови Дон ва дигар шаҳрҳо ба кор даромаданд. Намояндагони машҳури эстрадаи советӣ: Б. Борисов, Н. Смирнов-Соколский, С. Образсов, Р. Зелёная, А. Шварс, С. Кочарян, А. Менделевич, Л. Миров, М. Новиский, Л. Утесов, М. Бернес, К. Шулженко, Л. Зикина, Эдита Пеха, М. Кристалинская, Иосиф Кобзон, Э. Хил, Аркадий Райкин, Алла Пугачёва, В. Леонтев, Юрий Антонов.

Кино. Аввалин киносеансҳо дар Москва ва Петербург соли 1896 барпо гардиданд. Соли 1908 кинофирмаҳои Л. 0. Дранков, А. Ханжонков, И. Ермолев ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Солҳои 1911—13 режиссёр ва оператор В. Старевич аввалип филмҳои мулти-пликатсиониро ба навор гирифт. Режиссёрон В. Гардин, Я. Протазанов, Е. Бауэр, П. Чардынин, актёрон В. Холодная, И. Мозжухин, В. Максимов, В. Орлови, кинооператорон А. Левиский, Н. Коаловский ва дигар маданияти филмофариро баланд бардоштанд.

Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр ба санъати кино аҳамияти махсус дода шуд. Дар Петроград ва Москва комитетҳои кино ташкил шуда, истеҳсол ва прокати филмҳо вусъат ёфт. Соли 1920 «Модар»-и Горкий (режиссёр Разумный) аввалин бор ба навор гирифта шуд. Кинохроника хеле маъмул гашт, Филми ҳуҷҷатии пурраметражи режиссёр Д. Вертов «Таърихи Ҷанги гражданӣ» (1922) ибтидои кинопублисистикаи советӣ буд. Устодони васли кӯҳансоли кинемато-графистон С. Эйзенштейн, В. Пудовкин, Вертов, Кулешов, Ф. Эрмлер дар мавзӯи револютсионӣ филмҳои безаволи худро офаридаанд («Киштии зиреҳпӯши «Потёмкин» —1925, «Октябр» — 1927, «Модар»—1926, «Заволи Санкт-Петербург*—1927 ва ғайра). Дертар режиссёрон Г. Козинсев, Л. Трауберг, Б. Бариет, Протазапов, С. Юткевич, Эрмлер бо фаъолияти пурсамари худ хазинаи кинематографияи советиро ғанӣ гардонданд. Дар мавзӯи муосир санъаткорони номӣ Е. Червяков, И. Пырьев, М. Донской, С. Д. ва Г. Н. Василевҳо, А. Иванов, Н. Зархи, И. Хейфис, А. Роом, Ю. Ранзман филмҳои ҷолиб офаридаанд. Филмҳои аввалини овоздор (ихтироъкорони аппаратураи нав П. Г. Тагер ва А. Ф. Шорин) ба на-вор гирифта шуд: «Роҳхати ҳаёт* (1931, Н. Экк), «Чапаев» (1934, ре-жиссёр бародарон Василевҳо, дар роли Чапаев Б. Бабочкин), асари се-гонаи «Ҷавонии Максим» (1935), «Бозгашти Максим» (1937) ва «Ма-ҳаллаи Виборг» (1939, режиссёрон Козинсев ва Трауберг, дар роли Максим — Б. Чирков), «Мо аз Кронштадт» (1936, режиссёр Е. Л. Дзи-ган), «Депутати Балтика* (1937, режиссёр Зархи ва Хейфис). Филмҳо дар бораи Ленин муваффақияти бузурги кинематографи советӣ буд: «Ленин дар Октябр» (1937), «Ленин дар соли 1918» (1939, режиссёр М. Ромм) ва «Одами милтиқдор» (1938, режиссёр Юткевич). Филмҳои ба-ландғояи реалистӣ дар бораи ҳаёти муосир: «Билети партиявӣ» (1936, режиссёр Пырев), «Аъзои ҳукумат>> (1940, режиссёр Зархи ва Хей-фис) ва ғайра. Филмҳои мазҳакавии баландғояи «Бачагони хушҳол» 1934), «Сирк» (1936), «Волга-Волга» (1938, режиссёр Г. Александров ва саргузаштӣ: «Хатои инженер Кочия» (1939), «Мардонагӣ» (1939, режиссёр Калатозов ва ғайра) офарида шуданд. Филмҳои «Петри I* (1937—39, режиссёр В. Петров), «Александр Невский» (1938, режиссёр Эйзенштейн), «Суворов (1941, режиссёр Пудовкин) дар тарбияи ватандӯстӣ роли муҳим бозиданд. Як зумра филмҳо барои бачагон, филм-афсонаҳо ва филмҳои ҳуҷҷатии ҷолиб эҷод шуданд. Истеҳсоли муттасили киножурнали «Илм ва техника» ба роҳ монда шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ филмҳое эҷод шуданд, ки дар тамошобинон рӯҳи ватандӯстӣ ва бовариро ба ғалабаи халқи советӣ мепарвариданд: «Котиби райком» (1942, режиссёр Пирев), «Ду ҷанговар* (1943, режиссёр Л. Луков), «Фронт* (1943, режиссёр Василевҳо) ва ғайра. Солҳои баъди ҷанг филмҳои намоён эҷод шуданд: «Гвардияи ҷавон» (1948, режиссёр Герасимов), «Достони марди ҳақиқӣ» (1948, режиссёр Н. Столпер), «Глинка» (1947, режиссёр Арнштам) ва ғайра.

Солҳои 50 базаи киностудияҳои «Мосфилм» ва «Ленфилм» васеъ гардида, сафи санъаткорони соҳаи кино бо кадрҳои нав пурратар шуд. Он солҳо ва минбаъд филмҳое офарида шуданд, ки бештар ҷаҳони ботинии қаҳрамонро мекушоданд: «Оилаи бузург» (1954, режиссёр Хейфис), «Коммунист» (1959, режиссёр Райзман), «Ромкунии оташ» (1972, режиссёр Д. Храбровиский). Дар бораи қаҳрамонии халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ филмҳои «Парвози турнаҳо» (1957, режиссёр К. Калатозов), «Қисмати одам» (1959, режиссёр Бондарчук), «Зиндаҳо ва мурдаҳо» (1964, режиссёр Столпер), «Озодшавӣ» (1970—71, режиссёр Ю. Озеров), «Субҳи ин ҷо сокит…» (1972, режиссёр Ростоский), «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд» (1975, режиссёр Бондарчук) эҷод шуданд. Образи Ленин боз ҳам амиқтар дар филмҳои «Ленин дар Полша» (1966, режиссёр Юткевич), «Дафтари кабуд» (1963, режиссёр Кулиҷонов), «Дили модар» (1966) ва «Садоқати модар» (1967, режиссёр Донской) кушода шуд. Асарҳои классикони рус ва хориҷа ба экран баромаданд: «Дони ором» (1957—58, режиссёр Герасимов), «Ҷанг ва сулҳ» (1966—67, режиссёр Бондарчук), «Отелло» (1956, режиссёр Юткевич), «Шоҳ Лир» (1970, режиссёр Козинсев). Истеҳсоли филмҳои мултипликатсионӣ ва ҳуҷҷатӣ авҷ гирифт. Кяножурналҳои даврии «Пионерия» (аз соли 1931), «Навигариҳои рӯз» (аз 1944), «Спорти советӣ» (аз 1946), «Кинохроникаи хориҷӣ» (1955) ва ғайра истеҳсол шуданд. Пешрафти револютсияи илмию техникӣ истеҳсоли филмҳои илмию оммавӣ ва таълимиро (солҳои 60—70) авҷ гиронд. Ҳар сол зиёда аз 500 киножурнали илмию оммавӣ истеҳсол мешавад. Режиссёрону актёрони соҳибноми кинои муосири Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР: С. Ф. Бондарчук, С. А. Герасимов, В. М. Шукшин, М. И. Ромм, Э. А. Рязанов, В. В. Тихонов, Е. С. Матвеев, Л. М. Гурченко, К. Ю. Лавров, Н. А. Крючков, А. А. Миронов ва дигар.

Алоқаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР. Халқи кабири рус на танҳо дар озод намудани халқи тоҷик аз зулму ситами ҳокимияти подшо- ҳии Россия ва аморати Бухоро, балки дар барпо намудани давлати мус тақили тоҷикон, тараққиёти ҳаматарафаи Республикаи Советии Со- тсиалистии Тоҷикистон, аз ҷумла пешрафти иқтисодиёти он хизмати бузурги таърихӣ кард. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Октябр дар территорияи ҳозираи Тоҷикистон саноат, ба маънои томаш вуҷуд надошт. Фақат дар районҳои шимоли корхонаҳои хурд-хурди косибӣ буданд. Дар сохтани аввалии фабрику заводҳо, пеш аз ҳама халқи Федератсияи Россия дасти мадад дароз кард, мошину механизмҳо, ма- солеҳи бинокорӣ, коргарону мутахассисон мефиристод. Дар республика на фақат фабрику заводҳо месохт, балки барои ин корхонаҳо аз аҳолии маҳаллӣ кадрҳо низ таиёр мекард. Ба туфайли ин ёрманди саноати республика соҳиби бештар аз сад соҳа гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он дар солҳои Ҳокимияти Советӣ зиёда аз 500 баробар афзуд. Ёрии  Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР яке аз омилҳои асосии тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва таҷҳизоти мураккаби электронӣ медиҳад.

Дар роҳҳои республика мошинҳои боркаши «ЗИЛ», «Москвич», мошинҳои азими боркаши КАМАЗ, мошинҳои сабукрави «Волга»-и заводи Горкий ва «Жигули»-и заводи Толятти ва ғайра дар ҳаракатанд. Заводҳои «Уралмаш» ва «Уралэлектротяжмаш» экскаватор, компресор, таҷҳизоти гуногуни электрӣ медиҳанд. Даҳҳо корхонаҳо кранҳои гуногуни борбардор мефиристанд. Дар киштзорҳои Тоҷикистоп комбайнҳои «Нива» ва «Колос»-и истеҳсоли заводҳои Рос- тов ва Таганрог, трактори пуриқтидори К-700 — «Кировес», тракторҳои истеҳсоли заводҳои Волгоград ва Челябинск кор мекунаид. Қариб дар ҳамаи стансияҳои электрии республика генераторҳое ҳастанд, ки дар заводҳои Ленинград ва Урал сохта шудаанд. 3аводи «Электросила »-и Ленинград ба сохтани агрегатҳо барои Гидро Электро Стансияи азими Роғун супориш гирифтааст. Телевизору радиоприёмник, соат, асбобҳои гуногуни электрӣ, матоъ, либос, пойафзол, мебел, чинниворӣ ва садҳо дигар номгӯи маҳсулоти корхонаҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР-ро дар ҳар як хонаи мардуми тоҷик дидан мумкин аст.

Ягон бинои ҳозиразамонеро, ки дар сарзамини мо қомат афрохтааст, бе чӯбу тахтаи бешазорҳои Россия тасаввур кардан муҳол аст. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ба сохтмонҳои республика прокати металли сиёҳ, қубурҳои гуногунҳаҷм, арматура, шиша, таҷҳизоти фабрику заводҳо ва иншооти гидротехникӣ медиҳад.

Тоҷикистон, ки соҳиби саноати пуриқтидору гуногунсоҳа гардидааст, маҳсулоти бисёр корхонаҳои худро ба Федератсияи Россия ва дигар республикаҳо мефиристонад. Пеш аз ҳама ба корхонаҳои саноати бофандагӣ ба миқдори зиёд нахи пахта медиҳад. Шоҳии тоҷик, қолину пойандози қолин, матоъҳои пахтагин, либоси трикотажӣ ба шаҳру районҳои Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР фиристода мешавад. Алюминии хушсифати шаҳри Турсунзода, гидроаппаратураи комбайнҳои ғалладарави «Нива» ва «Колос»-и заводи «Тоҷикгидроагрегат», дастгоҳҳои торпечонию бофандагии заводи «Тоҷиктекстилмаш», ба номи Дзержинский ғалақаҳои чӯянии заводи арматурии ба номи Орҷоникидзе, яхдонҳои «Помир», дастгоҳҳои металлбурӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои заводи «Автозапчаст»-и Конибодом, маҳсулоти заводи рангҳои минералии Исфара, асбобҳои ғайри- стандартии заводи таҷрибавии таҷҳизоти технологии Кӯлоб ба бисёр корхонаю муассисаҳо Федератсияи Россия фиристода мешаванд. Чароғу кандилҳои истеҳсоли заводи техникаи рӯшноидиҳандаи Исфара чандин стансияҳои метрои Москваю Ленинградро фурӯзон кардаанд. Қисми зиёди маҳсулоти заводи кабели Душанбе, маснуоти гидроизолятсионии Ҳисор ва трансформатори Қӯрғонтеппа низ ба Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР фиристода мешавад.

Колхозу совхозҳои Тоҷикистон ҳар сол ба Москваю Ленинград, Уралу Сибир, Шарқи Дуру Шимоли Дур даҳҳо ҳазор тонна ангур, себу зардолу, меваи ситрусӣ, харбузаю тарбуз, сабзавот, меваи хушк ва ҳар гуна, шарбат, консервҳои меваю сабзавот мефиристанд.

Робитаи иқтисодии ду республикаи бародарӣ—Тоҷикистон ва Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР сол аз сол инкишоф меёбад.

А. Мамадризоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …