Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СЛОВАКИЯ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СЛОВАКИЯ

rs-slovakiya

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ  СЛОВАКИЯ (РСС; 1919), давлати диктатураи пролетариат, ки соли 1919 дар Словакия вуҷуд дошт. Дар вазъияти болоравии ҳаракати револютсионӣ, ки бо таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр (1917) дар Россия ва ташкилёбии Республикаи Советии Венгрия (марти 1919) барпо шудааст. Республикаи Советии Словакия 16 июн дар Прешов (дар территорияи Словакия), ки онро Армияи Сурхи Венгрия ҳангоми ҳуҷуми ҷавобиаш ба қӯшунҳои таҷовузкори ҳукуматҳои буржуазии Руминия ва Чехословакия озод карда буд, эълон гардид. Комитети иҷ- роияи револютсионь (органи олии Ҳокимияти Советӣ дар Словакия, ки 16 июн ташкил шуда буд) 20 июн ҳайати ҳукумати револютсионии Словакияро (дар шащри Кошитса) тасдиқ намуд. Совет дар бораи милликунонии корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ, банкҳо, нақлиёт, мусодираи мулки помешикон ва калисо (аз 50 гектар зиёдаш) қарор қабул карда, дар бораи рӯзи кори 8-соата, зиёд намудани музди кор, нафақа, аз андозҳо озод кардани деҳқонон ва ғайра декрет баровард. Ҳукумати Советии Словакия ба сафарбарӣ ва ташкил намудани Армияи Сурхи Словакия шурӯъ кард. Баъди ба он тарафи хати демаркатсионии Чехословакия маҷбуран оқиб нишастани Армияи Сурхи Венгрия дар зери тазйиқи таҷовузи ҳукумати буржуазии Чехословакия, ки онро империалистони хориҷӣ дастгирӣ мекарданд, Республикаи Советии Словакия РСС 7 июл барҳам хӯрд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …