Маълумоти охирин
Главная / Биология / РАСТАНИҲОИ СУБТРОПИКӢ

РАСТАНИҲОИ СУБТРОПИКӢ

РАСТАНИҲОИ СУБТРОПИКӢ, буттаву дарахтони ҳамешасабз ё хазонрезеро гӯянд, ки дар минтақаҳои субтропикӣ парвариш меёбанд. Ба Растаниҳои субтропикӣ афлесун, норанҷ, лиму, грейпфрут, зайтун, авокадо, анҷир, анор, хурмо, фейхоа, мушмула, финик, бодом, пекан, писта ва дигарҳо тааллуқ доранд; аксари онҳоро дар СССР мепарваранд. Растаниҳои субтропикӣ зимистонро ҳар хел мегузаронанд. Чунончи, лиму ба хунукии кӯтоҳмуддати (1—2 соат) .5—6°С тоб оварда, ҳангоми —7—8°С сахт зарар мебинад. Растаниҳои хазонрез (анҷир, анор, хур­мо) бештар сармобардоранд ва ҳангоми татбиқи агротехникаи дуруст хунукии то— 17°С-ро ба осонӣ аз cap мегузаронанд. Дар давраи нашв талаботи Растаниҳои субтропикӣ ба гармӣ низ ҳар хел аст. Барои нашъунамои мӯътадил ва расидани мева, масалан, растаниҳои ситрусӣ (норанҷ, афлесун), ҷамъи қарорат бояд на камтар аз 4000—4500°С бошад.

rr-subtropiki

Ад.: Розанов Б. О., Эшонқулов У. Э., Меваҳои гармшдӯсти Тоҷикистон, Д., 1973; Осенова Е. X., Лемешенко И. М., Моторнова Р. Н„ Субтро­пические и тропические плоды, М., 1969.

А. А. Ашӯров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …