Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Роберт Иванович

РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Роберт Иванович

РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Роберт Иванович (таваллудаш 20. 6. 1932, деҳаи Косиха, райони Троитск, кишвари Олтой), шоири советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1977. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Дар хонаи бачагон тарбия ёфтааст. Институти адабиёти ба номи Горкийро хатм кардааст (1956).
Китоби аввалини шеърҳояш «Ливои баҳор» (1955). Бештар аз ин маҷмӯаи шеърҳои Рожденственский ба табъ расидаанд: «Муҳаббати ман» (1955), «Ба ҳамсолам» (1962), «Но¬ма ба қарни сиюм» (1963), «Хатти ҳаракат» (1965), «Писари Вера» (1966), «То омадани ту». «Достони муҳаббат» (1968). «Рах» (1973) ва ғайра. Ашъори тозааш дар китоби «Солҳои ҳафтодум» (1980) ҷамъ оварда шудаанд. Дар шеъру достонҳои Рожденственский, ки рӯҳи публитсистӣ образҳои баланд ва рангҳои ҷолиб доранд, меъёри ахлоқи коммунистӣ, мубориза ба¬рои сулҳ, фатҳи коинот ва дигар мавзӯъҳои муҳими замон инъикос ёфтаанд. Рожденственский муаллифи як силсила сурудҳост. Шеърҳои шоирони республикаҳои иттифоқиро ба забони русӣ тарҷума мекунад. Аз ҷумла, тарҷумаи достони Мӯъмин Қаноат «Суруши Сталинград» ба қалами ӯ мансуб аст. Шеърҳои Рожденственский ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Порчаҳо аз достони «Мактуб ба қарни сиюм» (1977) ва шеърҳои «Таманно», «Ба¬рои Ксения», «Ҳайкали Алёшаи аскар дар Пловдив», «Толори интизорӣ», «Ситораҳо», «Мадду ҷазр», «Сау¬на», «Дар гусели Офтоб»-и Рожденственский дар тарҷума дастраси хонандагонӣ тоҷик гардидаанд. Барои китоби шеърҳои «Овози шаҳр» ва достони «Дусаду даҳ қадам» лауреати Мукофоти давлатии СССР шуд (1979). Бо ду ор¬ден ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Ҷазр. Шеърҳо, Д., 1981; Избран¬ные произведения в двух томах, т. 1—2. М.. 1979; Семидесятые. М., 1980; Двести десять шагов, М., 1982.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …