Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Геннадий Николаевич

РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Геннадий Николаевич

РОЖДЕСТВЕНСКИЙ Геннадий Николаевич (таваллудаш 4. 5. 1931, Москва), дирижёря советӣ. Арт. Халқии СССР (1970) Соли 1954 Консерваторияи Москваро (синфи дирижёрӣ дар назди Н. П. Амосов ва фортепиано — Л. Н. Оборин) хатм намуд. Солҳои 1951—1960 дирижёр ва 1965—1970 сардирижёри Театри Калон. Солҳои 1901—1974 сардирижёр ва роҳбари бадеии Оркестри калони симфонии радио ва телевизиони умумииттифоқ. Аз соли 1974 сардирижери филармонияи Сток¬голм, сардирижёри Театри камеравии мусиқии Москва ва профессори Консерваторами Москва (аз соли 1976). Дар ре¬пертуари Рождественский баробари осори клас¬сикон асарҳои бастакорони муосир мавқеи калон дорад. Тарғиботчии асарҳои бастакорони советӣ, пеш аз ҳама С. С. Прокофев ва Д. Д. Шос¬такович. Рожденственский яке аз дирижёрони барҷастаи замони мо буда, санъати иҷрокунандагиаш бо умқи афкору эҳсос, техникаи олӣ ва коркарди дақиқи ҷузъиёт фарқ мекунад. Лау¬реати Мукофоти ленинӣ (1970, ҳамчун яке аз таҳиягарони балети «Спартак»-и А. И. Хачатурян, Теат¬ри Калон). Аъзои фахрии Акаде¬мики королии Шветсия (1975). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва ордени булғории Кирилл ва Мефодий мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …