Маълумоти охирин

РОЗАК

РОЗАК, ҳамел, ҳамел (Humulus lupulus), гиёҳи бисёрсолаи печонест аз оилаи тутиҳо. Пояаш
борики чор ё шашқирраи серхор, тезсабз ва ба растаниҳои дигар печида боло мебарояд (дарозиаш ба7 м мерасад).

hhБаргаш думчадарози яклухт ё 3—5-парраи дилшакл, дандонадор. Гулҳои нарима да хӯшаи туғшакл ва модина дар хӯшаи саракмонанд ҷойгир шудаанд; гулаш майдаи сабзи зардтоб. Pозаки худрӯй дар бисёр ноҳияҳои Евросиё месабзад. Дар Европа мазрӯъ шудааст. Чанд навъҳо дорад. Розакпарварӣ махсусан дар ИМА, РФГ, Чехословакия, Югославия тараққӣ кардааст. Дар СССР (Украина, Поволжия, Олтой ва ғайра) соле ба 15 ҳазор га Розак мекоранд ва аз ҳар га 10—18 с (баъзан то 22 с) ҳосил меғундоранд. Розакро аз қаламча (соли аввал дар ниҳолхона) месабзонанд ва аввали баҳори соли дигар ба замин (ба 1 га зиёда аз 4400 бех) мешинонанд (байни раддаҳо—2,25 м). Риштапояи Розак 15—20 сол месабзад. Давраи рушдаш 120 рӯз. Моҳи июл гул меку¬над, мевааш («ҷалғӯза») август-сентябр мепазад. Ба хоки ҳосилхез (алалхусус сернитроген) ва намӣ серталаб аст. «Ҷалғӯза»-и Розак ашёи муҳимми пивопазист. Бӯю таъми хосаи пиво ба Розак вобаста аст. «Ҷалғӯза» 16—26% ҷавҳар (ғумолон, лупулон ва ғайра), 31% моддаҳои даббоғӣ, 0,3—2% равғаши эфир, зифт ва дигар дорад. Табибони халқӣ ҷӯшоб ё хокаи «ҷалғӯза»-и Розакро барои табобати иллати ҷигару заҳрадон, қабзияти меъда, сили шуш, илтиҳоби гурда, обхӯра (истисқо) ва ғайра истифода мебаранд. Қиёми хушки Розак ҷузъи таркибии доруҳои мусаккини «Ховалетен» ва «Валоседан» аст. Равғани эфири Розакро барои тайёр кардани доруи «Волокордон» (РДГ) ба кор мебаранд. Бо «Волокордон» хафақон (стенокардия), неврози дил, ташаннуҷи рӯда ва ғайраро муолиҷа мекунанд.
Ад.: Минаева В. Г., Лекарствен¬ные растения Сибири, Новосибирск, 1.970; Г а м м е р м а н А. Ф. [ва дигарон], Лекарственные растения, М., 1975; В е- х о а В. Н., Губанов И. А., Лебе¬дева Г. Ф., Культурные растения СССР, М., 1978.
М. Хоҷиматов, А. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …