Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЗӢ Қутбуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Таҳтонӣ

РОЗӢ Қутбуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Таҳтонӣ

РОЗӢ Қутбуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Таҳтонӣ (соли таваллудаш номаълум, Варомини Рай — 1364, Димишқ), файласуф ва мантиқшиноси форс-тоҷик. Шарҳи ҳол ва фаъолияти илмии Розӣ пурра маълум нест. Аз сабаби дар ҳуҷраи қабати якуми Мадраса зиндагӣ карданаш ӯро Таҳтонӣ номидаанд. Розӣ аз устодонаш Азудуддини Иҷӣ ва Алломаи Ҳуллӣ фалсафа, мантиқ ва забони арабиро омӯхта, соли 1361 ба, Шом ва аз он ҷо ба Димишқ меравад. Розӣ дар фалсафа пайрави Ибни Сино буда, таълимоти ӯро аз ҳамлаи душманони ғоявӣ муҳофизат кардааст. Розӣ шореҳи фалсафа низ буд. «Ал-Муҳокимот байн-ул-Имом ва-н-Насир фӣ-шарҳ-ил-ишорот», «Лавомеъ-ул- асрор фӣ шарҳи «Матолеъ-ул-анвор», «Ар-рисолат-ут-тасаввурот ва-т-тас- диқот-ул-Қутбия» ва амсоли он асарҳои Розӣ мебошанд.
Дар асари аввал Розӣ ду шарҳи китоби Ибни Сино «Ишорот ва танбеҳот»-ро, ки аз назари машшоия (Насируддини Тусӣ) ва калом (Фахруддини Розӣ) навишта шудаанд, таҳлил кардааст. Асари дуюм шарҳи рисолаи файласуфи форс-тоҷик Сироҷуддин Абусано Ибни Абӯбакри Урмавӣ (вафоташ 1283) мебошад. Аса¬ри сеюм қазия, мафҳум, муҳокима, тасаввур, тасдиқ ва ҳадду расм ба¬рин масъалазои магтиқи асримиёнагиро дар бар мегирад.
M. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …