Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЗӢ Наҷмуддин Абӯбакр

РОЗӢ Наҷмуддин Абӯбакр

РОЗӢ Наҷмуддин Абӯбакр Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Шодовари Асадӣ, маъруф ба Доя (1177, Рай—1280, Бағдод), аз машҳуртарин намояндагони тававвуфи охири асри 12 ва аввали асри 13. Айёми ҷавонӣ ва таҳсили илми ӯ дар Рай гузашт. Розӣ ба Хуросон, Хоразм, Миср, Шом, Ироқ, Рум ва ғайра сафар карда, қариб сӣ соли ҳаёти худро дар мусофирӣ гузарондааст. Мероси боқигузоштаи Розӣ гуногунранг буда, аз «Мирсод-ул- ибод» («Шоҳроҳи бандагон»), «Ма¬нора т-ус-соирин» («Манораи равандагон»), «Мармузоти асадӣ», «Рисолат-ут-туюр» («Рисолаи оид ба парандагон»), «Рисолаи ақлу ишқ», «Сироҷ-ул-қулуб» («Чароғи дилҳо»), «Ҳасрат-ул-мулк», тафсири қисмате аз сураҳои Қуръон ва ашъори парокандае, ки баъзан дар асарҳои худ огҳоро истифода намудааст, ибо-рат аст. Розӣ бо бисёре аз машоихи машҳури замони худ — Муҳаммади Куф, Шиҳобуддини Сӯҳравардӣ, Авҳадии Кирмонӣ ва ғайра шиносоӣ дошт. Тасаввуфи Розӣ аз тариқаи тасаввуфи ошиқона ё худ аҳли «Сукр», ки асҳоби шӯру шарри ишқу самоъанд ва тасаввуфи «зоҳидона», ки пайрави «саҳв» — ҳушёрӣ мебошанд, сарчашма мегирад. Ба таълимоти ӯ унсурҳои ҳар ду равияи тасаввуф нақши муайян гузоштаанд.
А. Муҳаммадхоҷаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …