Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЗӢ Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳё

РОЗӢ Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳё

РОЗӢ Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳё. (28. 8. 865, Рай—25. 10. 925, Рай), файласуф ва табиби бузурги форс-тоҷик. Дар ово¬ни ҷавонӣ ба касби заргарӣ ва саррофӣ шуғл дошт. Аз чиҳилсолагӣ ба омӯзиши тиб ва фалсафа рӯ овар¬да, ҳардуро ба хубӣ фаро гирифт. Баъд аз ин аввал идораи бемористони Рай ва сонӣ бемористони Бағдод ба ӯ супурда шуд. Чанд вақт таби¬би дарбори амири Хуросон Абусолеҳ ибни Исҳоқи Мансур (вафоташ 915) низ буд. Чунон ки аз «Китоб-ул- асрор» ва «Китобу сирр-ил-асрор»-и худи вай бармеояд, ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннар гузаронидааст ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Розӣ дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст.
Аз Розӣ осори бисёре мондааст. Ибни Надим 164, Қифтӣ 133, Берунӣ 184, Абӯусайбиа 234 асарро ба вай нисбат медиҳанд.
Аз осори фалсафии Розӣ фақат порчаҳое дар зимни асарҳои муаллифони мутааххир ва ҳарифони ғоявиаш боқӣ мондааст. Усули асосии фалсафии Розӣ аз исботи қадимияту абадияти панҷ ҷавҳар — модда, за¬мон, макон, офаридгор ва нафс иборат аст. «Падид омадани табоеъ,— навишта буд ӯ,— аз чизе будааст ва он чиз қадим будааст. Ва он ҳаюло будааст. Пас ҳаюло қадим аст ва ҳамеша будааст. Валекин мураккаб набудааст, балки кушода буда¬аст. Ва ба охири кор, ки одам бархезад, ҳаюло ҳамчунон, ки будааст, кушода шавад ва ҳамеша кушода бимонад. Дар хусуси робитаи ма¬лол бо ҳаюло Розӣ мегӯяд: «чун мар ҳаюлоро, ки қадим аст, аз макон чора нест, пас макон қадим аст». Далели аввалин ва мӯътамадтарини Розӣ бар исботи қадимияту абадияти модда он аст, ки чизҳои ҷисмонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметаванад аз адам пайдо шаванд. Ҳар як чизи моддии нав падидомада ночор сабаб, моя ва асоси моддӣ дорад ва «раво нест, ки чизе қоим ба зот, ки ҷисм аст, аз ҳеҷ пайдо шавад».
Дар боби офарида шудан ё нашудани олам баҳс карда Розӣ собит менамуд, ки «Ибдоъ (офариниш) мудол аст ва мумкин нест, ки худо чизе падид оварад на аз чизе». Зим¬ни ин муҳокима Розӣ хулоса бароварда буд, ки худи моддаи олам низ қадим аст: «чун андар олам чизе падид ҳаменаояд магар аз чизе дигар, ин ҳол далел аст, бар он ки ибдоъ мудол аст… Ва чун ибдоъ мудол аст, воҷиб ояд, код ҳаюло қа¬дим бошад».
Назарияи қадимии модда ва муҳолии ибдоъ Розиро ба эътирофи ақидаи атомистӣ овардааст. Ба ақидаи ӯ ҳаюлои мутлақ аз ҷузвҳои тақсимшаванда иборат аст. Олам ва аҷсому ҳаводиси рангини он аз ҳамин ҷузвҳо таркиб ёфтаанд ва дар охир гусехта боз ба онҳо бархоҳанд гашт. Розӣ фано шудани ҷисмҳои оламро на фано шудани ҳаюло (материя)аз балки баргаштан ба сӯи ҷузвҳои тақсимнопазири он медонад. Ин ҷузвдҳо аз назари ӯ азалӣ, абадӣ ва фанонопазиранд. Ин далели он аст, ро ки Розӣ ба принсипи бақои ҳаюло (модда) мӯътадид будааст. Розӣ зимни далли ин масъала масъалаи мизои (андоза)-ро ба миён гузошта, нишон додан хостааст, ки ҳар як ҷисму ҳодиса мизони ҳастии худро дорад ва чун аз он бигузарад, моҳияташ тағйир меёбад.
Дар назарияи маърифат Розӣ ақидаи донисташавандагии оламро тақвият додааст. Ӯ боварӣ дошт, ки инсон ба донистани ҳама чиз ва ҳодисаҳои қодир аст ва дар олам чизе нест, ки аҳли инсон ба он роҳ наёбад. Назарияи маърифати Розӣ аз ҷиҳати моҳияти худ ба назарияи инъикос хеле қаробат дорад, чунки ӯ донишро натиҷат таъсири ашё ва ҳодисаҳо ба эҳсосзои инсон медонад. Розӣ зимни ҳамин эътиқоди гносеологӣ ба ҳаргуна ҳурофот зид баромада, ба танқиди шадиди дин пардохтааст: 1 «Аҳён ва мазҳаб,— навиштааст ӯ,— мухолиф ба андешаҳои фалсафию илмӣ дастанд. Китобҳое, ки ба номи кутуби осмони маъруфанд, кутубе холи аз арзишу эътиборанд. Осори касоне аз қудамо, монанди Афлотун, Арасту, Уқлидус ва Буқрот хидмати муҳимтар ва муфидтар ба башар кардааст».
Дар осори фалсафии Розӣ масъалаҳои ахлоқ низ мавриди таҳҳиқи. муфассал қарор гирифтаанд. Ӯ дар «Аттиоб-ур-рӯҳонӣ»., «Сирра-ул-фалсафия» ва «Китоб-ул-лаззат» ба Macъалаҳои тарбияи ақлию ахлоқӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияти умум ва саодати одамӣ, ақлу инсоф, лаззату азоб, мақсаду мароми ҳаёти инсон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда¬аст. «Мартабаи бартарири мо,— аз ҷумла навиштааст ӯ,— на ба лаззати ҷисмонӣ ғӯтавар шудан, балки касби илм, татбиқи адолат ва комёб шудан ба хайри умум аст. Ин бо¬шад на бо зӯҳду тақво, балки дар натиҷаи иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоъ, на бо итоат ба дину пешвоёни динӣ, балки бо ёрии омӯхтани фалсафа муяссар мешавад». Розӣ барои ахлоқ мизони мутлақеро қоил нест ва усули ахлоқи султону раият, дорову камбағал ва олиму омиро яксон надониста, байни онҳо фард мегузорад.
Баъзе муаллифони сарчашмаҳо Розиро пайрави фалсафаи Пифагор медонанд. Дар адабиёти фалсафии хориҷа адидае мавҷуд аст, ки гӯё Розӣ пайрави фалсафаи Афлотун будааст ва ҳол он ки усули фалсафии Розӣ асосан материалистӣ буда, усули фалсафаи Пифагор ва Афлотун иде¬алистист.
M. Диморшоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …