Маълумоти охирин

РОЯЛ

РОЯЛ (аз франсавӣ royal — подшо¬ҳӣ) , асбоби мусиқии клавишдори тории зарбӣ. Яке аз намудҳои форте¬пиано. Дар Роял торҳо, дека (манбан овоз) ва механика ба тарзи горизонталӣ (уфуқӣ) ҷойгир шудаанд. Танаи қанотосояш, ки ба се поя устувор аст, ба кӯтоҳии торҳо (овозҳои баланд) ва дарозии торҳо (овозҳои паст) мувофиқат мекунад. Торҳоро ба воситаи модератор соз мекунанд.

concertroyal_gs
Аз рӯи андоза Роял якчанд хел мешавад: консертӣ (дарозиаш 3 м), са¬лонӣ (қариб 2 м), кабинетӣ (1,6 м) ва «минон» (1,1—1,5 м). Диапазони Pоялҳои хурди ҳозира 7 октава, Роялҳои консертӣ ва салонӣ 71/4 октава мебошад. Ҳамчун асбоби якканавозӣ ва ҷӯршаванда дар ансамбл, баъзан дар оркестр истифода мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …