Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОВАНДӢ Наҷмуддин Абӯбакри Муҳаммад

РОВАНДӢ Наҷмуддин Абӯбакри Муҳаммад

РОВАНДӢ Наҷмуддин Абӯбакри Муҳаммад (таваллудаш 1177— вафоташ номаълум), шоир ва муаррихи давраи Салҷуқиён. Дар Исфаҳон илмҳои замонашро омӯхт. Дар замони салтанати Туғрал ибни Арслон ба дарбори Салҷуқиён даъват шуд. Баъдтар ба Ҳамадон омада, ба хаттотӣ пардохт. Баъди кушта шудани Туғрал ва инқирози давлати Салҷуқиён Ровандӣ ба Ироқ ва аз он ҷо ба Осиёи Сағир сафар кард.
Асари ҳаҷман калони ӯ «Роҳат- ус-судур ва ят-ус-сурур» мебошад, ки аз таърихи хонадони Салҷуқӣ баҳс мекунад. Деҳхудо дар «Луғатнома» намунаи ашъори ӯро овардааст. Ҳамчунин ӯ қайд кардааст, ки Ровандӣ рисолае бо номи «Усули хат» дорад. Дар он 70 намуди хатро нишон додааст. М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …