РОВ, рова, роба (Ferula foetidissima), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Баланднаш то 1 м; пояи ғафси бӯри сурхтоб ба қисман шохронда, барги пармонанди чок- чок, гули зард, хӯшагули чатршакл, меваи эллипсӣ (дарозиаш 12—18 мм) дорад.
Май — июн гулу мева мекунад. Дар ноҳияҳои Тоҷикистони Марказӣ, Ҷанубӣ ва Помири Ғарбӣ мерӯяд. Ров растании ниҳоят бадбӯй аст. Пояи наврустаи онро чун сабзавоти сервитамин ва доруӣ истеъмол мекунанд.
Ад.: Флора СССР, т. 17, М.—Л., 1951; Флора Узбекистана, т. 4, Ташкент, 1969.
Г. К. Кинзикаева.