Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОТШТЁЙН Фёдор Аронович

РОТШТЁЙН Фёдор Аронович

РОТШТЁЙН Фёдор Аронович (26. 2. 1871, Каунас — 30. 8. 1953, Моск¬ва), муаррихи совети, ходими ҷамъиятӣ, дипломат, акад. АФ СССР (1939). Аъзои КПСС аз 1901. Солҳои 1890—1920 дар Британияи Кабир муҳоҷир буд, дар ҳаракатҳои коргарии Англия фаъолона иштирок дошт. Солҳои 1895—1911 аъзои Федератсияи сотсиал- демократҳо (аз
1907—Партияи сотсиал – демократӣ), 1901—1906 аъзои комитети иҷроияи он буд. Дар охири 1890—аввали 1900 дар матбуоти марксистии Британияи Кабир, Россия, Германия, ИМА фаъолона ҳамкорӣ мекард. Баъди ташкил шудани Партияи сотсиалис¬тии Британия (1911) роҳбари қаноти чапи он буд. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18)
интернатсиопализмро тарафдорӣ мекард. Роттердам яке аз муассисони Партияи Комму¬нистии Британияи Кабир буд.
Баъди аз муҳоҷират баргаштанаш аъзои вакилони РСФСР дар гуфтушунид оид ба сулҳ бо Британияи Кабир (1920), вакили мух тори РСФСР дар Эрон (1921—1922), аъзои Коллегияи Комиссариата халқии корҳои хориҷӣ (1923—1930), муҳаррири масъули журнали «Международ¬ная жизнь». Ӯ аъзои дақиқии Ака-демияи Сотсиалистӣ (аз 1924 Ком¬мунистӣ), аъзои президиуми Ассосиатсияи институтҳои тадқиқоти илмҳои ҷамъиятшиносии Россия (1922—1926), директори Институти хоҷагии ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ (1924—1925), аъзои ҳайати асосии таҳририяи «Энсиклопедияи Калони Советӣ» (натри 1; аз 1927 то 1945) буд. Роттердам муаллифи як қатор асарҳои марксистӣ оид ба таърихи Британияи Кабир (аз ҷумла ҳаракатҳои коргарии Англия), Германия, сиёсати мустамликадорӣ ва муносибати байналхалқист. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ас.: Захват и закабаление Египта, 2 изд., М., 1959; Международные отноше¬ния в конце 19 в., М.—Л., I960.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …