Маълумоти охирин

РОТА

РОТА пол. rota, нем. Rotte — тӯда, отряд), подразделенияи тактикии қӯшунҳои моторонидаи тирандозӣ, танки, инженерӣ, ҳавоию десантӣ ва ғайра. Дар армияи рус Рота дар «полкҳои сохти нав» пайдо шуда, подразделенияи полки пиёдагард, кавалерия ва артиллерия ба ҳисоб мерафт.

sarboz

Дар кавалерия Рота аввали асри 18 ба эскадрон ва дар артиллерия соли 1833 ба батарея табдил ёфт. То Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) Ротаи пиёдагард дар армияҳои гуногун 200—250 нафарро дар бар мегирифт ва дар аввали Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) аз 120—150 кас иборат буд. Pотаи ҳозиразамон чанд взвод дошта, ба ҳайати баталон до¬хил мешавад. Дар дивизияҳо, бри¬гадаҳо ва баталонҳои қувваҳои мусаллаҳи ИМА, Британия Кабир ва мамлакатҳои дигар Pотаи штаб низ вуҷуд дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …