Маълумоти охирин

РОСТОВ

РОСТОВ, Р о с т о в-Я р о с л а вский (дар асрҳои 12—17 — Ростов Великий), шаҳрест дар вилояти Ярославли РСФСР. Дар соҳили шимоли ғарбии кӯли Неро воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳани, узели роҳҳои автомобилгард. Корхонаҳои муҳими саноатиаш: фабрикаи катонресии «Ролма», фабрикаи қаҳва, фабрикаи дӯзандагӣ ва сехи агрегатии заводи моторсозии Ярославл. Техникуми хоҷагии қишлоқ ва омӯзишгоҳи педагогӣ дорад. Дар Ростов аз соли 1968 инҷониб лагери байналхалқии ҷавонон «Ростов Великий» кор мекунад.

rr
Ростов яке аз шаҳрҳои қадимтарини рус буда, дар он ёдгориҳои меъмории асрҳои 16—17 боқӣ мондаанд. Соли 1959 дар заминаи музейи кишваршиносӣ Музей-мамнӯъгоҳи меъморию рассомии Ростов-Ярославский барпо гардид. Рострв— маркази ту¬ризм (аз ҷумла туристони хориҷӣ). Шаҳр аз соли 862 маълум аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …