Маълумоти охирин

РОСТӢ

РОСТӢ, сифати ахлоқиеро гӯянд, ки хусусияти ҳақгӯии одамонро ифода мекуяад. Ростӣ хоси ахлоқи умумиинсонист. Ростӣ маҳсули тасаввуроти дуруст нисбат ба ҳодисаҳои ҷамъият, рафтору кирдори одамон буда, дар заминаи хислатҳои умумиинсонӣ ташаккул ва инкишоф меёбад. Ҳомиёни ҷамъияти синфию антагонистӣ барои муҳофизати манфиатҳои истисморгарон аксаран аз баёни Ростӣ даст кашида, ҳодисаю воқеаҳоро нодуруст шарҳ медиҳанд. Дар ҷамъияти синфию антагонистӣ ифодакунандаи Ростӣ танҳо мутафаккирони пешқадам буданд. Дар эҷодиёти онҳо васфи Ростӣ мавқеи хос дошта, он ба дурӯғгӯй ва дурӯягӣ муқобил гузошта мешавад. Дар ҳалли ин масъала мутафаккирони форс- тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо Ростиро чун оинаи ҳақиқату воқеият, воситаи рафоқату дӯстии байни одамон тавсиф намуда, онро хислати наҷиби инсонӣ медонистанд.

kak-nauchitsia-govorit-pravdu
Марксизм-ленинизм таълим медиҳад, ки шуурнокии ҳақиқӣ дар заминаи дарки дурусти ҳақиқат, фаҳмиши амиқи зиддиятҳои иҷтимоию таърихӣ, воқеаҳои ҳаётӣ ва дуруст баҳо додан ба ҳодисаҳо пайдо мешавад. Аз ин рӯ; Ростӣ танҳо дар замони сотсиализм ба атрибути ахлоқи тамоми одамон табдил меёбад. Сохти иҷтимоию сиёсӣ ва маънавии ҷамъияти сотсиалисти заминаи боэътимоди такомули минбаъдаи он мебошад.
М. Мирбобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …