Маълумоти охирин

РОССИЯ

РОССИЯ, мамлакат (территория) ва давлате, ки аҳолиаш асосан аз усҳо иборат аст. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр мафҳуми Россия тамоми империяи Россия (аз ибтидои асри 18)-ро ифода мекард. Дар ёдгориҳои хаттӣ номи Россия дар асри 15 сабт шудааст, вале он то охири асри 17 бештар Рус, сарзамини Рус ё давлати Москва номида мешуд. Аз миёнан асри 16 тамоми он заминҳоеро «Россия» ё «подшоҳии Россия» меномиданд, ки ба ҳайати давлати марказонидашуда дохил мешудаид.

840px-russia_physical_location_map_-crimea_disputed-_compressed

Аз асри 17 истилоҳи «Россия» ва «замини Россия» дар навиштаҷотҳои русӣ фаровон истифода мешуд. Дар ибтидои асри 18 дар аҳди император Пётри I давлати Рус расман империяи Россия ном гирифт. Дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Октябр дар қисми зиёди территорияи собиқ империяи Россия Ҳокимияти Совети барқарор гардид ва мафҳуми «Россияи Советӣ» пайдо шуд. Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ташкил ёфт. Соли 1922 РСФСР якҷоя бо РССУ, РССБ ва РСФСЗ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистиро ташкил дод. Ҳоло Россияро РСФСР мегӯянд. Дар нашрияҳои хориҷӣ бо истилоҳи «Россия» аксаран тамоми Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистиро ифода мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …