Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОСИХ Мирмуҳаммадзамони Лоҳурӣ

РОСИХ Мирмуҳаммадзамони Лоҳурӣ

РОСИХ Мирмуҳаммадзамони Лоҳурӣ (соли таваллудаш номаълум, Сарҳинди Ҳиндустон — вафоташ 4695, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар айёми ҷавонӣ ба хидмати дарбори ҳукмрони давр дохил гардид. Баъдтар аз хидмат даст кашида, ба кори эҷодӣ машғул шуд. Росит бо адибони забардасти замон — Бедил, Аслами Кашмири, Ҳаким Шуҳрат ва дигар дӯстӣ дошта, аз сӯҳбати онҳо баҳраманд гардидааст. Росих дар мавзӯъҳои фалсафиву ахлоқӣ ва ирфонӣ, ишқу муҳаббат асарҳо эҷод кардааст. Дар эҷодиёти ӯ ҳеҷ гуна асари мадҳӣ ба васфи ҳукмрононт замонаш ба назар намерасад. Аз Росих маснавии «Нозу ниёз» (номи дигараш «Нозу ниёз ва доду фарёд») боқӣ мондааст, ки ҳикоятҳои ахлоқию тамсилиро дар бар мегирад. Росих дар тарбияи як зумра шоирону адибони форсизабони Ҳиндустон саҳми арзанда дорад.
A. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …