Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РОШТҚАЛЪА

РОШТҚАЛЪА

roshtkala

РОШТҚАЛЪА, деҳа, маркази Совети қишлоқи Роштқалъаи pайони Шуғнови ВМКБ. Территорияи совхози «Сулҳ». Аз деҳа то мар¬кази район 43 км; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 981 нафар (1981), тоҷикон. Дар деҳа мактаби миёна, интернат, мактаби мусиқӣ, хонаи маданият, 2 китобхона, яслию боғчаи бачагон, нуқтаҳои хизмати маишӣ, пункти тиббӣ, дорухона, беморхонаи касалиҳои руҳӣ, шӯъбаи алоқа, идораи ба истифодадиҳии роҳ, кассаи амонатӣ, ошхона ва нонвойхона даст. Соҳаҳои хоҷагиаш ғаллаю картошка ва сабзавоткорист. Заминҳо аз оби Шахдара ва Анчиндара обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …