Маълумоти охирин

РОШАК

РОШАК (Ferula primaeva), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Пояаш ғафс, баландиаш то 1 м, баргаш серчоки каме дандонадор, хӯшагули чатршакл, меваи эллипсӣ дорад. Моҳҳои апрел-май гулу мева мекунад. Одатан дар бодому фарзкор (1000—1600 м аз саҳти баҳр) мерӯяд.

riesenfenchel

Растении худрӯи хосаи Помиру Олой (қаторкӯҳҳои Сарсарак, Вахш, Ҳазратишоҳ, Дарвоз ва ғайра) мебошад. Пояи наврустаи Рошакро чун сабзавоти иштиҳоовар, сервитамин ва доруи истеъмол мекунанд.
Ад.: Флора СССР, т. 17, М.—Л., 1951; Флора Узбекистана, т. 4, Ташкент, 1959.
Г. К. Кинзикоева.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …