РОМУЗ, далфин, дулфин, делфин (Dolphininaе), як вавъ ширхӯрҳои баҳриро гӯянд, ки аз ҷумлаи китҳои дандондор медонанд. Дарозии танашон 1,2—10 м. Аксар Ромуз дар тахтапушт боли шиноварӣ доранд. Фукашон борик ва дандонашон хеле бисёр (зиёда аз 70) аст. Системаи асаби марказии Ромуз нағз инкишоф ёфтааст; нимкураҳои мағзи сарашон калон аст (дар қишри он то 30 млрд ҳуҷайраҳои асаб ҳаст). Бинобар ин Ромуз ахбори бисёреро қабулу таҳлил ва мисли тӯтӣ бисёр калимаҳоро такрор карда метавонад. Азбаски Ромузҳо ба осонӣ ром мешаванд, онҳоро дар океанариумҳо ва делфинарийҳо нигоҳ дошта, чун ҳайвони лабораторӣ ва сирк истифода мебаранд. Алҳол олимон оид ба хонагӣ кардани баъзе намудҳои Ромуз тадқиқот мебаранд.
Ромузҳо ҷонварони тезшинокунандаанд (суръати ҳаракаташон то 50 км/соат). Аксаран гала-гала шуда зидагӣ мекунанд. Модӣ, нармбаданҳои сарпоӣ ва баъзан харчанг- шаклҳоро мехӯранд. Баъди 10-12 моҳи давраи ҳомила як бача мезоянд, ки он дар 3—5-солагӣ ба балоғат мерасад. Ромузҳо 30—50 сол умр мебинанд. Дар олам 48 намуди Ромуз (аз 20 чине) ва дар баҳрҳои СССР 15 намудашон (аз 12 ҷинс) маълуманд. Дар баҳри Сиёҳ 3 намудашон ҳаст. Та¬комули гидродинамии шакли бадан, сохт ва хусусиятҳои пӯст, қобилияти то ба чуқуриҳои зиёд ғӯта задан ва бисьэёр дигар хусусиятҳои Ромуз ба¬рои бионика аҳамият доранд. Як ка¬тор хусусиятҳои системаи нафаскашӣ ва гардиши хуни Ромузҳо (афзун будани миоглобин, муддати дароз нигоҳ доштани нафаскашии беруна, ноҳассосии маркази нафаскашӣ ба барзиёдии гази карбонат дар хун, суст шудани набз ва аз нав тақсимшавии ҷараёни хун дар вақти ба об ғӯта задан, мубодилаи обу намак ва ғайра) аз назари физиология ва тиб ҷолиби диққатанд. Дар айни замон Ромузҳоро ҳаматарафа меомӯзанд. Дар хориҷа Ромизҳоро ба мақсадҳои ҳарбӣ (ёфтани ҷойҳои минадор, киштиҳои ғарқшуда, инчунин ошкор кардани киштиҳои зериобӣ ва ғайра) низ исти¬фода мебаранд, Гӯшт ва равғани баъзе намуди Ромузро дар Япония ва ҷазираи Соломон мехӯранд. Дар СССР аз соли 1966 шикори Ромуз манъ аст.