Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОМИИ ТАБРЕЗӢ

РОМИИ ТАБРЕЗӢ

РОМИИ ТАБРЕЗӢ Мавлоно Шарафуддин Ҳасан ибни Муҳаммад (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1392), шоир ва адабиётшиноси форс- тоҷик. Дар ҷавонӣ бо Насируддини Тӯсӣ вохӯрда, муддате дар хидматаш буда ва аз илму дониши ӯ баҳравар гаштааст.
Муҳимтарин таълифоти Ромии Табрезӣ (ба ғайр аз анвой мухталифи шеър) ду асари адабиётшиносӣ бо номи «Анис- ул-ушшоқ» ва « Ҳадоиқ-у л-ҳақоиқ» мебошад. Дар «Анис-ул-ушшоқ» Ромии
Табрезӣ оид ба ташбеҳоти шоирони форс- тоҷик баҳс кардааст. «Ҳадоиқ-ул-
ҳа- қоиқ» шарҳест ба «Ҳадоиқ-ус-сеҳрфи дақоиқ-иш-шеър»-и Рашиди Ватвот. Дар китоби мазкур, ки аз 50 боб иборат аст, аз санъатҳои бадеии шеър сухан меравад.
M. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …