Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАНДРА Ромиш

ЧАНДРА Ромиш

romesh-chandra

ЧАНДРА Ромиш (тав. 30. 3. 1919, Лайлпур – 4. 07. 2016, Мумбай), ходими ҳаракати коргарии Ҳиндустон; президенти Совети умумиҷаҳонии сулҳ (аз 1977). Аъзои Партияи Коммунистии Ҳиндустон аз с. 1939, аъзои КМ-и он аз с. 1952, аъзои Совети миллӣ аз с. 1968. Солҳои 1966— 77 Котиби генералли Совети умумиҳиндустонии сулҳ. С. 1964 сазовори Медали тиллои сулҳ ба номи Ф. Жолио-Кюри гардид. Лауреати Мукофоти байналхалқии ленинӣ «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байнихалқҳо» (1968), бо ордени Дӯстии Халқҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …