Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОМАНТИЗМ

РОМАНТИЗМ

РОМАНТИЗМ (аз франсавӣ romantisme), методи маъмули эҷоди бадеӣ, ки асоси онро тасвири ҳастӣ «на чунон ки даст, балки чунон ки мебояд» (Ф. Шеллинг) ташкил медиҳад.
Пайравони Романтизм мӯътақиданд, ки ҳас¬тӣ, чунон ки даст, барои тасвири бадеӣ муносиб нест, онро ба муроди хеш аз нав бояд сохт. Идеали романтикӣ хилофи воқеият буда, зуҳури дилмондагию норозигб ва нафрату эътироз батшаст.

posledniy_den_pompey
Роман¬тикҳо дар бунёди олами бофтаи худ ба гузаштаи адибу афсонавӣ, ояндаи неку дилхоҳ, ба муҳити беғашу дилкаши мавҷуда рӯ овардаанд. Онҳо, ки «аз рӯи ходиши дил» (В. Жуковский) амал мекарданд, мабдаи Романтизм бар субъективизм қарор гирифта, дар он хаёлоти бадеӣ мавқеи асосӣ дорад. Истилоҳи Романтизм ҳамчун ифодакунандаи ҳодисаи адабию бадеӣ аз охири асри 18 дар Германия, аз ибтидои асри 19 дар Франсия, Италия, Полша ва Россия маъмул гардид. Нахустин назариядонони Романтизм адибони немис Фридрих ва Август Вилҳелм Шлегелҳо буданд. Романтизм дар адабиёт ва санъати европоии нимаи якуми асри 19 зуҳури тамом дошт. Вале таҷрибаи бои адабиёту санъати нафисаи Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс- тоҷик шаҳодат медиҳад, ки дар асл Романтизм ҳамчун методи эҷоди бадеӣ нис¬бат ба замоне, ки мутахассисони маданияти Ғарб муайян намудаанд, хеле қадимист. Романтизм методи асосии адабиёти классикии форс-тоҷик аст, ки пояи онро ҳанӯз дар асри 10 Рӯдакӣ гузошта буд. То имрӯз дамчун мето¬ди асосии адабиёту санъати Шарқ эътироф нагардидани Романтизм сабабҳо дорад. Аз ҷумла ин ҳолат,. албатта, пеш аз ҳама натиҷаи ҳанӯз ба тав¬ри бояду шояд тадқик нагардидани ин масъала аст. Сабаби дигарро аз таъсири майли европапарастӣ бояд ҷуст. Аммо сабаби аслӣ дар «инерсияи тафаккури таърихии мост, ки аз европоӣ будани гузаштаи илми адаби муосир cap задааст» (Н. Кон¬рад). Дуруст аст, ки замони пайдоиш ва ташаккули Романтизм дар Шарқ ва Ғарб, заминаҳои иҷтимоию адабӣ ва ҷиҳатҳои дигари он аз ҳам фарқ мекунанд. Ленин бо он ҳама гуногунии роҳҳои миллии инкишоф ва фарқи ҷиддии мавқеи иҷтимоии эҷодкорон Романтизм ваҳдати эстетикии муайяне дорад. Маншаи эҷодиёти пайравони Романтизм номақбулии воқеияти реалӣ ва кӯшиши ба он муқобил гузоштани идеали романтнкист. Аз ин ҷо тавсифи типологии Pомантизми Шарқ моҳиятан ба характеристикаи типологии Pомантизми европоӣ ва рус монанд аст. Як сарчашмаи Pомантизми европоӣ ва рус будани адабиёт ва санъати асрҳои миёнаи Шарқ низ ин қазияро тақвият медиҳад. Агар дар Европаи Ғарбӣ Романтизм баъд аз инқилоби буржуазӣ ҳамчун зуҳури ноқаноатмандии табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуҷуд омада бошад, дар Россия он дар шароити дигартаре ташаккул ёфтааст, гарчанде он ҳам то андозае акси садои ҳодисаҳоест, ки дар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ба амал омадаанд. Романтизм дар Россия capoғози шӯриши мусаллаҳи нахустин инқилобгарони рус ва декабристон бар зидди мутлақият ва крепостнойдорӣ буд. Романтизм дар Шарқ, аз ҷумла, дар ада¬биёти форс-тоҷик, дар заминаи ноқаноатмандӣ аз воқеияти номусоиди замони феодалӣ ва сиёсати иртиҷоии зимогдорони он пайдо шудааст. Ваҳдати эстетикии Романтизмро дар адабиёти европоӣ ва адабиёти форс-тоҷик муштарак будани мавзӯъ ва ғояҳои асосии онҳо — ишқ, май, ахлоқ, тас¬вири табиат, васф, ғояи шоҳи одил, некиву накӯкорӣ ва ғайра, маъмул бу¬дани назм, махсусан лирика, аз чумла ғазал ва достонҳои ишқию романтикона дар онҳо, таваҷҷӯҳ ба асотир, таърих ва ҳаёти шахсони таърихӣ, ривоҷи беандозаи дидактизм, майли фавқулодда ба балоғату фасодати баён, ба хушоҳангӣ (саҷъ), ҷиҳати нафсонии калом, ба баёни рамзӣ ва муболиғаомез, обра¬зу характерҳои мӯҳташам ва ғайра ҳам тасдиқ мекунад. Як хусусияти 9 -и адабиёти форс-тоҷик пурқувват будани тамоюли реалистист, ки ин баъзе муҳаққиқонро ба иштибод андохтааст. Онҳо дар адабиёти форс- тоҷик баробар вуҷуд доштани ду метод — Романтизм ва реализмро тахмин кардаанд, ки аз онҳо бо номҳои «майли романтикӣ» ва «тамоюлоти реалистӣ» ё худ «анъанаҳои роман¬тикӣ ва реалистӣ» ва ғайра ёд оварда, ҳатто давраҳои ташаккули дар яке аз онҳоро низ ба таври худ муай¬ян намудаанд. Гӯё, адабиёти асри 10 як навъ тасвири реалистӣ буда, адабиёти асрҳои 11—12 ва баъд роман¬тикист. Иштибоҳ аз он cap задааст, ки онҳо «ҳақиқати зиндагии» ада¬биёти реалистиро барғалат бо анъана ва унсурҳои реалистӣ, гоҳо бо худи реализм як донистаанд. Илова ба ин онҳо мӯътақиданд, ки гӯё қимати ин ё он адабиёти милли пеш аз ҳама ба мавқеи (реализм, аз ҷум¬ла унсурҳои реалистии он вобаста бошад. Аз ин рӯ, ҷаҳд намудаанд, ки дар чи бештар унсурҳои реалистиро дар Романтизм ошкор созанд. Бо ҳаёт алоқа доштан танҳо махсуси мето¬ди реалистӣ набуда, балки ба методҳои эҷодии дигар, аз ҷумла, ба Романтизм, ки табиатан махлут бо ҳ
астист, низ дахл дорад. Албатта, ин таносуб дар давраҳои гуногуни инкишофи Романтизм дар эҷодиёти пайравони он ва дар ҷинсу намуд ва жанрҳои мухталифи адабӣ ва бадеӣ яксон набудааст. Чунончи, хуруҷи дақиқати зиндагӣ ба адабиёт бунёди реалии Романтизмро дар эҷодиёти аксари адибони асри 10 форс-тоҷик ва Саъдии Шерозӣ мустаҳкам гардонидааст. Ин ҳолат ба табиати жанрҳои насру ҳаҷву қитъа ҳам мувофиқ мебошад. Вале маснавию қасида ва ғазалу рубоӣ барин навъҳои шеъри клас¬сикӣ бештар бардорҳои романтиконаро тақозо мекунанд. Реализм аз Романтизм бо он фарқ намекунад, ки баёни ҳақро дар тасвири зиндагӣ ва инсон талаб менамояд. Ҳақиқати зиндагӣ диққати пайравони Романтизмро низ ба таври худ ҷалб кардааст. Ҳақиқати зиндагӣ дар Романтизм бар хилофи реализм характери умуми дошта, аз ҷузъиёти конкретӣ маҳрум аст. Вале Романтизм ҳеҷ вақт ба ҷамъбасти амиқи воқеият, дарки дурусти ҷараёни зиндагӣ ва қувваи боэътимоди тасвири бадеъ монеъ нашудааст. Вобаста ба шароити конкрети таърихӣ хелҳои гуногуни Романтизм инкишоф ёфтааст. Маъмулан Романтизмро ба навъҳои Романтизми иртиҷоӣ, Pомантизми пешқадам ва Романтизми инқилобӣ ҷудо мекунанд. Меъёри табақабандии намудҳои Романтизм он аст, ки пайравонаш кадом ҷиҳати зиндагиро ҳимоя менамоянд. Агар он кӯҳнаву иртиҷоист, Романтизми иртиҷоӣ, агар наву мутараққист, Pомантизми пешқадам ва агар намоёнгари ҳаёти тозаву муқаддами иҷтимоист, Pомантизми инқилобист. Масъалаи муқаддароти Романтизм дар адабиёт ва санъати муосир низ бисёр муҳим аст. Ба ҳукми қонуни маълуми инкишофи адабиёту санъат методи эҷодии нав комёбиҳои методи собиқро дар за-минаи нави ғоявию эстетикӣ бой мегардонад. Ба ҳам мутобиқат намудани методу майлонҳои гуногуни адабӣ, махсусан дар замони гардишҳои бузурги иҷтимоӣ (аз қабила ғалабаи сохти сотсиалистӣ дар Иттифоқи Советӣ) ба назар мерасад. Инкишофи босуръати адабиёту санъ¬ат, ки дар ин гуна марҳилаҳои таъ¬рихӣ ногузир аст, алалхусус дар ибтидои ташаккули худ муваққатан нуфуз доштани анъанаву унсурҳои ҷараёнҳои мухталифи адабӣ ва таҷдиди онҳоро инкор намекунад. Адабиётшиносон то солҳои 30 дар ада¬биёти рус баробари реализм таваҷҷӯҳоти романтикӣ ва тамоюли танқидиро ҳам ба мушоҳида гирифтаанд. Дар адабиёти тоҷик (солҳои 20— 30) ҷо доштани унсурҳои ҷараёнҳои гуногуни адабӣ, аз қабили реализми маорифпарварӣ ва Реализми як ҳодисаи табиист. Лекин фикри онҳое, ки дар ин солҳо мавҷуд будани ду ва ё се методи эҷодии мустақилро тахмин кардаанд, дуруст нест. Зеро дар шароити воқеияти сотсиалистӣ барои дар як вақт, муваққатӣ бошад ҳам, ҷо доштани ду ва ё се методи эҷодӣ, принсипҳои ғоявию эстетикии ба ҳам зид заминае нест. Баробари ба методи асосии адабиёти советӣ табдил ёфтани
ре¬ализми сотсиалистӣ дар ибтидои солҳои 30 анъанаи ҷараёнҳои адабии Реализм ва реализми танқидӣ ҷои худро ба ро¬мантика, услубҳои романтикӣ ва танқидӣ дода, ҳамчун қисми таркибии реализми сотсиалистӣ зуҳур намудаанд. Романтика, алалхусус романтикаи инқилобӣ, аз аввал хосияти муҳими адабиёт ва санъати советист. Чунки он дар замони рӯҳбаландии умум ва муҳити романтикии ғалабаи ваҳони нав бар дунёи
кӯҳна ба вуҷуд омада буд. Худи воқеият бардори романтикиро тақозо мекард. Романтика ба рӯҳи замон мувофиқ афтод. Аз ин рӯ, тасодуфй нест, ки реализми адабиёту санъати советӣ рӯҳаи романтикона аст. Ҳатто асарҳои сирф реалистӣ низ аз он бенасаб нестанд. Масалан, «Чапаев»-и Д. Фурманов, «Семент»-и Ф. Глад-ков, «Торумор»-и А. Фадеев, «Замини корамшуда»-и М. Шолохов, «Бешаи рус»-и Л. Леонов, «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, «Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода, «Ман гунаҳкорам»-и Ҷ. Икромӣ, «Суруши Сталинград»-и М. Қаноат ва ғайра. Ро¬мантика иқтидори реалистиро афзудааст. Услуби романтики ҳам, ки намоёнгари мабдаи романтикии реа¬лизми сотсиалистист, нисбатан ба сари худ мустақил мебошад. Вуҷуди онро ҳанӯз дар Съезди 2-юми нави¬сандагони советӣ (1954) С. Вурғун исбот карда буд. Услуби романти- кӣ аломати диди махсуси эҷодкор ба воқеият аст. Дар адабиёти сове¬тии тоҷик ҷараёни романтикии услуб нуфузи зиёд дорад. Эҷодиёти С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ ва Р. Ҷалил намунаи барҷастаи он мебошад.
Ад.: Сайфуллоев А., Оид ба тафаккури реалистӣ дар адабиёти гузашта, «Садои Шарқ», 1973, М 8; Ш у к у р о в М., Паҳлӯҳои тадқиқи бадей, Д., 1976; Проблемы становления реализма в ли¬тературах Востока, М., 1964; Асадулл а е в С. Г., Историзм, теория и типология сотсиалистического реализма, Баку, 1969; Залесская Л. И., О романтическом течении в советской ли¬тературе, М., 1973; Маймин Е. А.,
О русском романтизме, М., 1975; Истоки, формирование и развитие социалистиче¬ского реализма в литературах советского Востока, Ташкент, 1976; Дубровина И.-М., Романтика в художественном про¬изведении, М., 1976.
А. Сатторов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …