Маълумоти охирин

РОМАНС

РОМАНС (аз испанӣ romance, айнан романӣ, яъне испанӣ), асари мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳо. Истилоҳи «Романс» дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, он аввал сурудҳои дунявии ба забонт испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудзои калисоӣ, ки ба лотинӣ эҷод мешуданд). Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид. Дар Романс оҳанг бо шеър (нисбат ба суруд) робитаи зичтаре дошта, на танҳо хусусияти умумӣ ва сохти бадеӣ, балки образҳои алоҳида ва ҷузъҳои оҳангию вазнии шеърро низ инъикос мекунад.

86

Дар Романс ҳамовозии созҳо хеле аҳамият дорад ва дар бисёр мавридҳо бо партияи вокалӣ як ҷузъи баробарҳуқуқи Романсро ташкил медиҳад. Романс чунин навъҳо дорад: баллада, элегия, баркарола ва ғайра. Романс ҳамчун жанри мусиқӣ-бадеии синтети¬кӣ дар нимаи дуюми асри 18 дар Германия, Франсия ва Россия инкишоф ёфт. Дар асри 19 мактабҳои миллии Романс ташаккул меёбанд: олмонӣ ва австриягӣ (Ф. Шуберт, Р. Шуман, И. Брамс, X. Волф), франсавӣ (Г. Берлиоз, Ш. Гуно, Ж. Бизе, Ж. Масс¬ив), русӣ (М. И. Глинка, А. С. Даргомижский, М. А. Балакирев, М. П. Мусоргский, А. П. Бородин, Н. А. Римский-Корсаков, П. И. Чайкоский, С. В. Рахманинов, С. И. Тане¬ев). Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 мактабҳои миллии чехӣ, финӣ ва Норвегии Романс пайдо шуданд. Дар асри 20 оҳангсозон аз жанрҳои типи даст кашида, дар жанри Романс роҳҳои нави) пайванди мусиқӣ ва сухани бадеиро меҷӯянд. Дар Pоманси советӣ воситаҳои ифода торафт меафзоянд, барои чанд навозандаву ҳофиз ва барои овозу ансамблзои созӣ силсилаи Романҳо эҷод мешаванд. Дар мусиқии муосири тоҷик низ жанри Романс хеле ривоҷ ёфтааст. Pомансҳои оҳангсозои 3. Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, А. Ҳамдамов, Я. Сабзанов, X. Абдуллоев ва дигарон дар санъати мусиқии имрӯзаи тоҷик мавқеи калон доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …