Главная / Гуногун / РОМАНОВСКИЙ Геннадий Данилович

РОМАНОВСКИЙ Геннадий Данилович

РОМАНОВСКИЙ Геннадий Данилович (30. 7. 1830, Петербург—5. 5. 1906, ҳамон ҷо), геологи рус ва инженери кӯҳкор. Яке аз аввалин муҳаққиқони геологияи Осиёи Миёна. Институти кӯҳкории Петербургро хатм кардааст (1851). Солҳои 1871—1875 ва 1879—1896 профессори институти мазкур. Соли 1874 Романовский ба Осиёи Миёна омада, бо ҳамроҳии И. В. Мушкетов ба омӯхтани сохти геологии ин сарзамин шурӯъ кард. Боқимондаҳои ҳайвонот ва набототи водиҳои Фарғонаю Зарафшонро омӯхта, ба стратиграфияи ин маҳалҳо асос гузошт. Дар натиҷаи тадқиқи бозёфтҳои пале¬онтологӣ ба давраи юра мансуб будани ҳавзаҳои ангишти Осиёи Миёна, нефт доштани территорияҳои Мойбулоқ ва Мойлисои водии Фарғона, инчунин қисми шарқии Андиҷонро муайян намуд. Романовский мавҷудияти дигар сарватҳои зеризаминии водии Фарғонаро низ тадқиқ кард. Дар китоби Романовский «Материалҳо оид ба геологияи Туркистон» маҳсули тадқиқоти бисёрсолаи ӯ доир ба геоло¬гияи Осиёи Миёна гирд оварда шу¬дааст. Романовский дар бораи палеонтология, стратиграфия, тектоника, ва сарват¬ҳои зеризаминии қисми европоии Россия, Урал ва Осиёи Миёна низ як қатор асарҳо эҷод кардааст. Ӯ оид ба такмили техникаи пармакунӣ бисёр таклифҳот пурқимат пёшниҳод карда, ба корҳои пармакунии амиқи наздикии Петербург ва Қрим роҳбарӣ намудааст.
Ад.: Лисичкин С. М., Крупнейший геолог и деятель буровой техники Г. Д. Романовский, «Нефтяное хозяйство», 1953, 9—10.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …