Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОМАНОВ Григорий Василевич

РОМАНОВ Григорий Василевич

РОМАНОВ Григорий Василевич (таваллудаш 7. 2. 1923, деҳаи Зихново, ҳозира райони Боровичи, вилояти, Новгород), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1983). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1944 Соли 1953 Ин¬ститути киштисозии Ленинградро (ғоибона) хатм намуд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1946—1954 конст¬руктор, сардори сектори Бюрои марказии конструктори заводи ба номи А. А. Жданови (Ленинград) Вазорати саноати бинокорӣ. Солҳои 1955—1957 котиби комитети партиявӣ, ташкилотчии партиявии КМ КПСС дар ҳамон завод. Солҳои 1957—1961 котиб, котиби якуми Комитети партиявии райони Кирови Ленинград. Солҳои 961—962 котиби Комитети партия¬вии шаҳри Ленинград. Солҳои 1962—1963 котиб, 1963—1970 котиби дуюми Комите¬ти партиявии вилояти Ленинград, 1970— 1983 котиби якуми Комитети партия¬вии вилояти Ленинград. Июни 1983—ию¬ля 1985 котиби КМ КПСС буд. Дар съездҳои 23—26-уми КПСС аъзои КМ, аз соли 1973 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсӣ, 1976—1985 аъзои Бюрои сиёсии КМ КПСС. Депутати Совети Олии CCСP (даъватҳои 7—11). Аъзои Президиуми Совети Олии (СССР (1976—1985). Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шу¬дааст. Аз июли 1985 дар нафақа.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …