Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОМАНЕНКО Юрий Викторович

РОМАНЕНКО Юрий Викторович

РОМАНЕНКО Юрий Викторович (таваллудаш 1. 8. 1944, посёлкаи Колтубанови райони Бузулуки вилояти Оренбург) , лётчик-кайҳоннаварди СССР, полковник, ду ка¬рат Қаҳрамонн Иттифоқи Советӣ (1978, 1980). Аъзои КПСС аз соли 1965. Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии лётчикҳо (шаҳри Чернигов) дар сафи Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ чун лётчик-инструктор хизмат кард. Аз соли 1970 дар отряди кайҳоннавардон. 10 декабри 1977 ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз-26» ва ст. мадории идорашавандаи «Салют-6» (якҷоя бо Г. М. Гречко) ба кайҳон парвоз кард. Дар давоми парвоз ба ст. мадории «Салют-6» киштиҳои кайзонии «Со¬юз-27» (бо экипажи В. А. Ҷонибеков ва О. Г. Макаров) ва киштии кайҳонии «Союз-28» (бо экипажи байналхалқӣ А. А. Губарев ва В. Ремек) васл шуданд. Парвоз зиёда аз 96 шаборӯз давом кард. 18. 9. 1980 маротибаи дуюм ҳамчун командири киш¬тии кайҳонии «Союз-38» (ҳамроди Тамайо Мендес Арвалдо) ба кай¬ҳон парвоз кард. Киштии кайҳонии «Союз-38» 19. 9. 1960 бо ст. мадории «Салют-6» қӯш шуд. Кайҳонналарҳои Романенко ва Тамайо Мендес ба ҳуҷраи «Салют-6» гузаштанд. Дар давоми 7 рӯзи парвоз программаи пешбинишуда, ки олимони Куба ва СССР тартиб дода буданд, пурра ва бо муваффақият иҷро гардид. Рӯзи 26. 9. 1960 Романенко ва Тамайо Мендес бо киштии «Союз-36» ба Замин баргаштанд.
Ба Романенко унвони Қаҳрамони РСЧС, Қаҳрамони Республикаи Куба низ дода шудааст. Бо 2 ордени Ленин, орде¬ни Ситораи Сурх ва ордену медалҳои мамлакатҳои хориҷа мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …