Маълумоти охирин

РОКОКО

РОКОКО (франсавӣ rоcосо), услубест дар санъати нафисаи нимаи якуми асри 18 Европа. Пас аз инқирози абсо¬лютизм дар Франсия пайдо шуда, баъдтар дар Германия, Австрия ва дигар мамлакатҳо паҳн гардид. Рококо рӯҳияи гедонистии ашрофонро ифода мекард ва бар дур шудан аз воқеият, муроҷиат ба олами рӯъё асос ёфтааст. Рококо асосан дар меъморӣ, дар ороиши тоқу равоқҳои бино ривоҷ ёфт. Баъди аз даҳон мондани услуби барокко, Рококо дар зимни нақшҳои шикастаю пурпечухам дар оро¬иши бино мавқеъ пайдо кард.

rokoko2

Нақшҳои Рококо дар ашёи дохили бино (мебел, оина, замини намояҳо) карту¬шаҳои (нақшҳои сипаршакл) болои дару тирезаҳо, инчунин дар зарф, яроқ ва дигар афзорҳо ба таври васеъ истифода бурда мешуд. Рококо дар байни наққошони кандакор, заргарон, мисгарон ва дигар ҳунармандон маълум буд. Рококо ба композитсия, сохти умумӣ, намуди зоҳирӣ ва ан¬самбли меъмории бино таъсир намерасонд. Танҳо дар панҷараҳои чӯбӣ, оҳанӣ ва гаҷӣ тарҳу қиёфа ва нақши хосе мениҳод. Меъморони забардасти Рококо дар Франсия — Р. Декотт, Ж. М. Оппенор, Ж. О. Мейсоне ва дигарон Рококо дар санъати рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва графика ҷанбаҳои иҷтимоиро дур карда, образҳои муҳташаму пурдабдабаро талқин мекард. Дар ин соҳаҳо бо услуби Рококо асосан асарҳои мифологӣ, салонӣ, пасторалӣ, симоҳои идеалӣ, образҳои сатҳию мутантан офарида шуданд, ки хусусияти ороишӣ доштанд (рассомони франсавӣ Н. Лайк¬ре, Ф. Лемуан, Ф. Буше). Солҳои 60 асри 18 ҷои Рококоро класситсизм гирифт.
Ад.: Копеива Е. И. Искусство Фран¬ции 18 века. Л., 1971.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …