Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «РОКИ АБДУЛЛОҲ»

«РОКИ АБДУЛЛОҲ»

«РОКИ АБДУЛЛОҲ» оҳанги машҳур мансуб ба мусаннифи он Абдуллоҳ. 2) Шӯъбаи овозӣ дар мақоми «Рост Панҷгоҳ» («Ҳафтдастгоҳ»)-и эронӣ, ки дар байни шӯъбаҳои «Роки ҳиндӣ», «Нағмаи Рок» воқеъ аст. 3) Шӯъбае дар мақоми «Моҳур» («Ҳафтдастгоҳ»-и эронӣ), ки пас аз чор қисмати созию овозии шӯъбаи «Ироқ», шӯъбаҳои «Роки ҳиндӣ», «Нағмаи Рок» меояд. Дар ин мақом одатан «Роки Абдуллоҳ» бо муқаддима ва сурудаш пеш аз «Соқинома» омада, зарбу усули он ба шӯъбаҳои баъдина ҳамнаво мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …