Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОКФЕЛЛЕРҲО

РОКФЕЛЛЕРҲО

РОКФЕЛЛЕРҲО (Rockefeller), яке аз гурӯҳҳои калонтарини молиявию саноатии ИМА. Асоси иқтидори Рокфеллерҳо даромади нефт аст. Соли 1870 Ҷон Д. Рокфеллери калони (1839—1937) ширкати «Стандард ойл»-ро барпо намуд, ки он охири асри 19 тақтир, коркард, фурӯш ва маҳсулоти нефти) ИМА-ро монополия кард. Солҳои 20 ин гурӯҳ дар байни ҳашт гурӯҳи калонтарини ИМА баъди гурӯҳи Моргануо ҷои 2-юмро гирифт. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939—1945) Рокфеллерҳо доираи нуфузи худро хеле васеъ карданд. Дар ибтидои солҳои 70 маблағи мубодилоти гурӯҳ ба 124,6 млрд дол¬лар расид. Маркази империяи саноативу молиявии Рокфеллерҳо мисли пештара монополияи «Стандард ойл компани» (Ню-Джерси), ки он соли 1972 «Эксон» ном гирифт, инчунин банки калони тиҷоратии «Чейз Манхаттан банк» мебошад. Банк аз ҷиҳати маблағи муомилотӣ дар байни 50 банки тиҷоратии ИМА ҷои 3-юмро ишғол мекунад. Гуруҳи Рокфеллерҳо шабакаи серсоҳаи муассисаҳои кредитии молиявӣ (банкҳо, ширкатҳои суғурта ва дигар муассисаҳои молиявӣ) дорад. Рокфеллерҳо ко¬ри банки тиҷоратии «Кемикал Ню Йорк корпорейшен» ва ду ширкати суғуртаи «Эквитейл лайф» ва «Метрополитен лайф»-фо низ назорат ме¬кунад. Сохти гурӯҳи Рокфеллерҳо дар натиҷаи инкишофи капитализми давлатию монополистӣ ва револютсияи илмию техникӣ хеле тағйир ёфт. Рокфеллерҳо на фақат саноати нефт ва банкҳо, инчунин ширкатҳои сершумори мошинсозӣ, электротехникӣ ва саноати хӯроквориро низ инҳисор кардаанд. Вале асоси иқтидори молиявии гурӯҳи Рокфеллерҳоро ширкати нефти «Эксов» ташкил медиҳад. Даромади солонаи он ба 1,5 млрд доллар мерасад. Гуруҳи Рокфеллерҳо ҳамроҳи дигар гурӯҳҳои молия¬вии ИМА кори як, қатор иттиҳодияҳои калонтарини Америка («Аме¬рикан телефон энд телеграф», «Интернэшонал бизнес машине», «Вестипгауз электрик», «Мак-Доннелл- Дуглас эркрафт») ва калонтарин банкҳои инвеститсионӣ («Стоун энд Уэбстер» ва «Фёрст Бостон карпорейшен»)-ро назорат мекунад. Дар ибтидои солҳои 70 ба ин гурӯҳ панҷ писари Ҷон Рокфеллери хурди роҳбарӣ мекарданд. Мувофиқи маълумоти америкоиён молу мулки шахсии оилаи Рокфеллерҳо тақрибан ба 4—10 млрд доллар мерасад. Роли маркази ташкилии капиталҳои оилавиро ширкати «Рокфеллер бразерс инкорпорейтед» иҷро мекунад, ки он соли 1946 ташкил ёфтааст. Манбаи даромади молиявию саноатии Рокфеллерҳо дар тамоми ноҳияҳои дунё мавҷуд аст. Рокфеллерҳо ба ҳаёти сиёсии ИМА ва пеш аз дама ба интихоби президент ва аъзоёни конгресс таъсири калон мерасонад.
Ад.: Фурсенко А., Династия Рок¬феллеров, М.,1970; Жуков Е. Ф., Страховые монополии в экономика США, М., 1971; Беглов И., США: собствен-ность и власть, М., 1971.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …