Маълумоти охирин

POK

POK, силсилаи сурудҳоест дар қисми шашуми шӯъбаи дуюми мақоми «Бузрук»-и «Шашмақом». Раки шаш суруд иборат аст: Рок, «Мустаҳзоди Рок», «Қашқарчаи Рок», «Соқиномаи Рок», «Уфарқ Рок», «Супориши Рок». Рок аз ҷиҳати зарбу андоза ва сохту суръат аз сурудҳои баҳои дигар фарқ мекунад. Macалан, худи Рок бо зарби 3/8, 3/4 cap шуда, «Мустадзод»-аш ҳам бо ҳамин зарб идома меёбад. Яъне қисми аввали Рок бо шакли мураккаби чапандоз ва мустаҳзодаш бо шакли талқин навохта мешавад. Дар ҳарду қисми Рок аз авҷи «намуди уззол» истифода шудааст. Оҳангҳои Рок миёна ва шӯханд.

surud-nota

Зарби шохаҳои Рок инҳоянд: «Кашқарчаи Рок» 2/4, «Соқиномаи Рок» 4/4, «Уфари Рок» 6/8, «Супориши Рок» 4/4. Рок аз аввал то охир бо шохаҳояш бо диез иҷро мешавад. 2) Ройиҷ Ҷ у р а е в — бо ин ном Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев суруде таҳия кардааст, ки он аз ҷиҳати сохт : ва системаи оҳангиаш аз Pойиҷи «Шашмақом» фарқ мекувад. Pойиҷи Ҷӯраев (дар мусиқишиносӣ бо ҳамин ном маъмул аст) бар услуб ва зарби мусиқии кӯҳистонӣ асос ёфтааст. Сонитар оҳашги ин Ройиҷ ба системаи оҳангҳои рақсӣ дохил гардид. 3) Оҳанги мутантани халқиест, ки онро пеш аз cap шудани тӯй, ҷамъомадҳо, маросимдои тантанавӣ бо карнай, сурнай ва нағора менавозанд. И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …