Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЙИҶ Мирзо Муҳаммадалӣ

РОЙИҶ Мирзо Муҳаммадалӣ

РОЙИҶ Мирзо Муҳаммадалӣ (соли таваллудаш номаълум, шаҳри Сиёлкути Панҷоб —вафоташ 1737, Лоҳур, қабраш дар Сиёлкут), шоири форсизабони Ҳиндустон. Илми шеъру адабро дар назди падараш Мир Дӯстмуҳаммади Сонеъ омӯхтааст. Ройиҷ бо Бедил, Носиралии Сарҳиндӣ, Фақируллоҳ Офарини Лоҳурӣ барин шоирони замонаш дӯст будааст. Аз Ройиҷ як девон боқист, ки аз ғазалиёт, рубоиёт, муқаттаот ва марсияҳо фароҳам омадааст. Шоир, махсусан, дар марсия маҳорати баланд доштааст. Аксари шеърҳои ӯ мазмуни сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳаҷвӣ доранд. Дар ашъори Ройиҷ меҳнат ва ҳақиқати зиндагӣ тараннум шудааст. Иқбол ба эҷодиёти Ройиҷ баҳои баланд дода, ӯро шоири ҳақиқатнигор номидааст.
A. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …