Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОФИЗИЯ

РОФИЗИЯ

РОФИЗИЯ (арабӣ — рад кардан, тарк кардан), яке аз фирқаҳои диниест, ки дар меҳру дӯстӣ ба халифаи чаҳоруми рошиди Алӣ ибни Абутолиб ва фарзандонаш муболиға ва ифрот намуда, ақидаи садобаро доир ба эътироф намудани хилофати Абубакру Умар рад менамояд. Дар маъхазҳо фирқаҳои кайсония, ямония, исмоилия, муборакия ва ғайраро аз ҷумлаи Рофизия шуморидаанд.
Дини ислом Рофизияро лақаби истеҳзоомез ва таҳқиркунанда пиндошта, рофизиёнро «асҳоби ғулув» (яъне аҳли муболиға) ном ниҳодаанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки фирқаҳои Рофизия аз назари дақиқати таърихӣ бештар эронинажод будаанд ва ҳулул, таносух, бидоъ, ташбеҳ ва таъвилро аслиҳаи асосия муборизаи роявии худ нисбат ба дини расмии ислом қарор додаавд. Умуман решаҳои таърихии фирқаҳои Рофизия аз қабилапарастии арабҳо ва ашрофпарастии эрониҳо ғизои маънавӣ мегирад, чун арабҳо ба ҷуз аз қабилаи пайғамбар ва форсҳо ба ҷуз аз насли шоҳаншоҳи каси дигарро пешво интихоб наменамуданд. Фирқаҳои Рофизия моҳиятан ба ҳамин характери меросӣ будани хилофат зид баромада, нисбат ба хулафои рошидин ҳамчун оппозитсия баромад намудаанд.
К. Беков,

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …