Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОДЕН Рене Франсуа Огюст

РОДЕН Рене Франсуа Огюст

РОДЕН (Rodin) Рене Франсуа Огюст (12. 11. 1840, Париж,—17. 11. 1917, Мёдон, назди Париж), ҳайкалтароши франсавӣ.
Дар мактаби рассомй ва математикаи Париж (1854 —1857) назди А. Л. Бари (1864) таълим гирифта, солҳои 1864—1871 дар устохонаи А. Каре- Беллёз кор кар¬дааст. Солҳои 1871 —1877 Брюсселро бо чанд бино ва муҷассамаҳои монументали оро додааст. Эҷодиёти солҳои 1860—1870-и Роден бо ҷустуҷӯҳои навоваронаи реалистӣ, ифодаи амиқи ҳолату ҳаракат ва дра¬матизму афкори чуқури фалсафӣ фарқ мекунад: («Одами биношикаста», 1864, «Асри биринҷӣ», 1877, «Юҳаннои Таъмидӣ ҳангоми ваъзгӯй», 1879). Асари фоҷиавию қаҳрамонии «Гражданҳои Кале» (1884—1888) сокинони озодихоҳу ватандӯсти Калеро таҷассум менамояд, ки дар ро¬ҳи наҷоти шаҳри азизашон (вақти истилои англисҳо, нимаи асри 14) ҷоннисор кардаанд. Роден аз соли 1880 то охири умр композитсияи горелъефии калонҳаҷм—«Дари дӯзахмро офарид. Мавзӯъҳои ҷудогонаи ин композитсия ҳамчун асари алоҳида низ офарида шудаанд («Ҳаво», 1881; «Оне, ки Олмери соҳибҷамол буд», 1885; «Бӯса», 1886; «Мутафаккир», 1888). Роден яке аэ асосгузорони импрессионизм дар ҳайкалтарошӣ ба шумор меравад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …