Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОБСОН Пол

РОБСОН Пол

РОБСОН (Robeson) Пол (таваллудаш 9. 4. 1898, Принстон ИМА—23. 2. 1976, ҳамои ҷо), сарояндаи америкоӣ (бас), актёри драмавӣ, ходими ҷамъияти. Аз оилаи зангӣ. Факултети ҳуқуқшиносии Университети Колумбияро (Ню-Йорк) хатм намуда, дар театрҳои Америка ва Англия ҳунарнамоӣ кардааст. Роли беҳтаринаш — Отел¬ло (1920, театри «Савой», Лондой). Соли 1925 чун сарояндаи сурудҳои халқии зангиён шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Солҳои 1936—1937 дар назди ҷанговарони зиддифашистии Ис¬пания ва дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939—1945) консертҳо додааст. Ба бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла ба СССР (бори аввал 1934) сафари ҳунарӣ кардааст. Репертуараш (ба 20 забон месарояд) аз сурудҳои халқии зангиён ва америкоӣ, «сурудҳои зиддифашистии испанӣ, немисӣ, сурудҳои халқҳои СССР ва ғайра иборат буд. Робсон— аъзои Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ; профессори фахрии Консерваторияи Москва (аз соли 1958). Лауреати Мукофоти байналхалқии Сулҳ (1950) ва Мукофоти байналхалқии ленинии «Барои мустаҳкам
намудани сулҳи байни халқҳо» (1953).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …