Маълумоти охирин
Главная / Илм / РОБИТАҲОИ ЗАМИНИЮ ОФТОБӢ

РОБИТАҲОИ ЗАМИНИЮ ОФТОБӢ

РОБИТАҲОИ ЗАМИНИЮ ОФТОБӢ, таъсири тағйироти ҳурӯҷи Офтобро ба ҳодисоти замини гӯянд. Савияи хурӯҷи Офтоб (миқдори соҳаҳои фаъол ва доғҳои Офтоб, миқдор ва иқтидори афрӯхтҳои офтобӣ ва ғайра) бо даври тақрибан 11-сола тағйир. меёбад. Дар Замин даври 11-сола дар як қатор ҳодисаҳои табиати органикӣ ва ғайриорганикӣ (ошӯбҳои майдони магнитӣ, фаҷри қутбӣ, ошӯбҳои ионосфера, бо даври 11-сола тағйир ёфтани суръати сабзиши дарахтон ва ғайра) зуҳур меёбад. Ба просессҳои заминӣ ҳамчунин соҳаҳои фаъол ва афрӯхтҳои кӯтоҳмуддати дар айни замон муқтадири Оф¬тоб таъсир мерасонанд. Пуриқтидортарин зуҳуроти афрӯхтҳои хурӯҷи Офтоб — афрӯхтҳои офтобӣ (хромосферӣ) номунтазам ба амал меоянд ва 5—40 дақиқа, баъзан чанд соат давом мекунанд. Энергияи афрӯхти хромосферӣ то ба —1032 эрг (1025 Ҷ) расида метавонад. Аз энергияи ҳангоми афрӯхт хориҷшуда танҳо 1—10%-аш ба афканишоти электромагнитии диапазони оптикӣ мувофиқ меояд.

article_big_361751490954542
Хурӯҷи Офтоб моҳиятан ба энергетикаи Замин (чун сайёра) таъсир намекунад, аммо баъзе компонентҳои ҷудогонаи афканишоти афрӯхтҳои хромосферӣ ва соҳаҳои фаъоли Офтоб ба бисёр просессҳои фи¬зикӣ, биофизики ва биохимиявии дар Замин баамалоянда таъсири калон расонда метавонанд.
Соҳаҳои фаъол и Офтоб манбаи пуриқтидори афканишоти корпускулавӣ ҳам мебошанд. Афканишоти кӯтоҳмавҷ ва нурҳои кайҳони офтобӣ дар арзҳои баланд атмосфераи Заминро ионизонида шаффофияти атмосфераро дар диапазонҳои ултрабунафш ва инфрасурх, ҳамчунин шароитҳои паҳноиши радиомавҷҳои кӯтоҳро тағйир медиҳанд. Ҳамин тариқ, таъсири фаъол ияти Офтоб ба ҳодисаҳои геофизикӣ бо ёрии радиат¬сияи кӯтоҳмавҷ ва тавассути майдони магнитии Замин интиқол ме¬ёбад. Шояд омилҳои мазкур барои просессҳои физикавию химиявӣ ва биологӣ ҳам асосӣ бошанд. Ҳамаи робитаҳое, ки боиси аз рӯи даври 11-сола тағйир ёфтани бисёр ҳодисаҳои заминӣ мегарданд, ҳоло ош¬кор нашудаанд. Аммо дастовардҳои илмӣ аз вуҷуд доштани чунин робитаҳо дарак медиҳанд. Macалан, ба даври 1/1-солаи хурӯҷи Офтоб алоқаманд будани зилзила, тағйир ёф¬тани сатҳи оби кӯлҳо, ҳосилнокии зироату сабзабот, афзудан ва кӯчидани ҳашарот, эпидемияҳои грипп, тиф, вабо, афзоиши амрози рагу дил ва ғайра муқаррар карда шудаанд. Маълумоти номбурда аз тағйироти доимии Р. з. о. шаҳодагг медиҳапд. Ку- шодапи қуфли асрори Робитаҳои заминию офтобӣ аҳамияти калони илмию амалӣ дорад. Масалан, дар ҳамин асос вазъи обу ҳаворо барои муддати дароз пешгӯӣ кардан имконпазир мегардад. Дар таърихи омӯзиши илмии Робитаҳои заминию офтобӣ тадқиқоти олими советӣ А. Л. Чижев¬ский мақоми баланд дорад. Ӯро барҳақ бунёдгузори гелиобиология (илмест дар боби таъсири Робитаҳои заминию офтобӣ ба ҳодисоти биологӣ) меноманд.
Ад.: Эллисон М. А., Солнце и его влияние на Землю, М., 1959; Солнечно¬земная физика, Сб., пер. с англ., 1968; Чижевский А. Л., Земное эхо сол¬нечных бурь, М., 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …