Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОБИАИ АДВИЯ

РОБИАИ АДВИЯ

РОБИАИ АДВИЯ ( таваллудаш байни солҳои 713—718, Басра—801), аввалин сӯфизанест мутааллиқ ба тасаввуфи ошиқона. Дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар айёми кӯдакӣ ӯро дуздида, ба ғуломй фурӯхта буданд. Баъд аз гуломӣ озод шудааст. Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо аввал сарояндагӣ мекард. Сонӣ ба тасаввуф гороида, баъди чанд соли дар саҳро гӯшанишинӣ карданаш ба зодгоҳаш баргашта ҳамфикронашро дар атрофаш ҷамъ намудааст. Дар тасаввуф муҳаққиқон ӯро аз аҳли муҳаббат донистаанд. Бо зуҳури таълимоти Робиаи Адвия зӯдди хунту холи зоҳидони аҳди аввали ислом ба маърифатӣ дардноки ишқу муҳаббат табдил ёфт.
Чуллобии Ҳаҷвирӣ дар «Кашф-ул- маҳҷуб ли арбоб-ил-қулуб» ном асараш овардааст, ки Робиаи Адвия рӯзе ба як даст об ва ба дасти дигараш оташ гирифта, ба кӯча баромада гуфтааст, ки ман бо оташ ҷаннатро оташ мезанам ва дӯзахро бо об ғарқ ме¬кунам то одамон ба ҷаннат рафтаву ба дӯзах афтоданро фикр накунанд. Робиаи Адвия таъкид кардааст, ки муҳаббат ба ҳақиқати азалӣ асоси таълимоти ирфониро ташкил медиҳад ва ориф бо ҳамин сифатҳояш аз обид фарқ мекунад. Ишқи маънавии Робиаи Адвия васл шудани махлуқ ба холиқ, одами сифлӣ ба улвӣ ва Одаму Оламро ифода кардааст. Ҳамин нуқтаи таълимотӣ ӯро Фаридуддини Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» зикр мекунад.
Афкори ирфонии Робиаи Адвия ба ташаккулу инкишофи тасаввуфи ошиқона мусоидат намудааст. Таълимоташ моҳиятан иртиҷоӣ бошад ҳам, ҷиҳати аҳлоқӣ, рӯҳи гуманистӣ ва худшиносии инсон дар он мавқеи мусбат дорад.
М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …