Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОБЕСПЕР Максимилен Мари Изидор де

РОБЕСПЕР Максимилен Мари Изидор де

РОБЕСПЕР (Robespierre) Максимилен Мари Изидор де (6. 5. 1758, Аррас—28. 7. 1794, Париж), арбоби Револютсияи Кабири Фран¬сия, яке аз роҳбарони якобичиён. Аз оилаи адвокат. Баҳори соли 1792 Робеспер пароканда кардани Маҷлиси қонунгузорӣ (охири тирамоҳи соли 1781 ба ҷои Маҷлиси муассисон ташкил шуда буд), ҷорӣ намудани ҳуқуқи интихоботии умумӣ ва дар асоси он даъват намудани Конвентро талаб кард. Робеспер бевосита ба шӯриши халқии 10 августи 1792 иштирок накарда бошад ҳам, рӯзи дигар аъзои Ком¬мунаи Париж интихоб шуд. Сентябри 1792 рӯи миқдори овозҳо аввалин депутат аз Париж ба Конвент интихоб гардида, ҳамроҳи Ж. П. Ма¬рат муборизароба муқобили жирондчиён роҳбарӣ менамуд ва кӯшиш мекард, ки шоҳи собиқро ба қатл расонад. Ӯ яке аз роҳбарони сиёсии шӯриши халқии 31 майи —2 июни 1792
буд, ки ҳокимияти жирондчиёнро сарнагун кард. Робеспер илҳомдиҳандаи асосии сиёсати револютсионии якобичиён гардид. Ӯ «аввалин шуда аз ҷиҳати назариявӣ шакли наву элии ташкили ҳокимияти давлатӣ— диктатураи револютсионию демократиро асоснок намуд. «Револютсия ин ҷанги озодихоҳона ба муқобили душманони он, конститутсия — режими музаффарона ва озодии ҳаст» — гуфта буд ӯ дар баромадаш ба Конвент. Июли 1703 Робеспер ба ҳайати Комитети наҷоти ҷамъиятӣ дохил шуда, амалан роҳбари он гардид, дар сафарбар намудани қувваҳои халқ ва таъмин намудани ғалаба дар мубориза ба муқобили контрреволю¬тсияи дохилию хориҷӣ саҳм гузошт.
Истеъдоди бузурги ташкилотӣ дошт. Маҳдудияти буржуазӣ ва сиё¬сати риёкоронаи Робеспер ва як қисми якобичиён бо сардории у, ки дар мубо- риза бо талаодои революционии «де- ворагон» ва якобичиёни чан зоҳир шуд, боиси аз оммаи халқ дур шудани якобичиён гардид. Аз сустшавии ҳокимияти якобичиён унсурҳои бур¬жуазии зиддиреволютсионӣ истифо¬да бурда, табаддулот гузаронданд. 27 июли 1794 Робесперро ба ҳабс гирифта, рӯзи дигар қатл кардаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …