Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ ОҲАНИ ЗАКАСПИЙ

РОҲИ ОҲАНИ ЗАКАСПИЙ

РОҲИ ОҲАНИ ЗАКАСПИЙ, роҳи оҳани муқаррариест байни Красповодск ва Самарқанд. Он аз тарафи Россияи подшоҳӣ солҳои 1880—1899 сох-та шудааст. Тӯлаш 1415 чақрим. Роҳи оҳани Закаспий асосан ба мақсади зарбию стра¬тегӣ, гирифтани пеши роҳи таҷовузи Англия ба Осиёи Миёна бунёд ёфта, минбаъд аҳамияти калони сиёси, иқтисодӣ ва маданӣ пайдо кард.

transkaspische_eisenbahn

Он районҳои гуногуни Осиёи Миёнаро бо дигар шаҳрҳои марказии Россия пайваста, ба инкишофи муносибатҳои капиталистӣ дар Оси¬ёи Миёна роҳ кушод. Мақсади гузаронидани роҳи оҳан дар Осиёи Миёна то ҳамроҳшавии ин кишвар ба Россия пайдо шуда буд. Лоиҳаҳои роҳи оҳане, ки Осиёи Миёнаро бо Россия бояд пайвандад, аз тарафи шахсони алоҳидаи ҳукуматӣ, аз ҷумла русҳо ва хориҷиён, ба миён гузошта шуда буд. Минбаъд миқдори чунин лоиҳаҳо афзуд. Аз соли 1865 то соли 1888 беш аз 40 лоиҳа мавриди муҳокима қарор гирифт. Мувофиқи ин лоиҳаҳо роҳи оҳан ба дохили Осиёи Миёна бояд ба ду самт кашида мешуд. Корҳои тайёрии сохтмони роҳи оҳани Оренбур Тошкент оғоз ёфт. Вале мақсадҳои стратегӣ ва сиёсии ҳукумати рус барои кашидани роҳ ба тарафи вилояти Закаспий сабаб гардид. Сохтмони Роҳи оҳани 3акаспий августи 1880 cap шуда, аз Узун- Ада-Красноводск (халиҷи Михайлов¬ский баҳри Каспий) ба воситаи Авлиёат Қизиларвот 314 чақрим (тобистони 1881), Қизиларвот — Ашқобод 205 чақрим (1885), Каахка — Аму¬дарё 717 чақрим (1885), дар давраи дуюм (июли 1885) Марв — Чорҷӯй 227 чақрим (1886), Чорҷӯй — Бухоро — Самарқанд (1888) сохта шуд. Роҳи оҳани 3акаспий аз Красноводск то Самарқанд 15 май 1888 ба истифода дода шуд. Барои сохтмони он 79,7 млн сӯм сарф шуд. Минбаъд хатҳои зерини роҳҳои оҳан кашида шуданд: Авлиёато—Красноводск (солҳои 1894— 1896), Самарқанд — Андиҷон ва хатти Тошкент (солҳои 1895—1898), Марв — Кушка (1900; дар ҳудуди ҷануби империяи Россия). Роҳи оҳани 3акаспий бо душвориҳо бунёд ёфт. Ҳукумат барои таъмини он бо қувваи арзони кори солдатҳои рус ва коргарони халқҳои гуногун (русҳо, тоҷикон, туркманҳо, ӯзбскҳо, эрониҳо, тоторҳо ва ғайра)- ро истифода бурд. Дар сохтмони Роҳи оҳани 3акаспий ҳазорон намояндагони халцҳои гуногун маҷбурӣ кор фармуда мешуданд. Масалан, соли 1885 аз уезди Аш¬қобод 4 ҳазор нафар туркманҳо ба кор сафарбар карда шуданд. Дар сохтмони ин хатти роҳ 1000 нафар коргарони кирояи маҳаллӣ иштирок доштанд. Коргарони маҳаллӣ ба корҳои ғайриихтисос машғул мешуданд. Дар Роҳи оҳани 3акаспий ҳунармандон, деҳқонон, мардикорони кишвари Туркистон, аз ҷумла Тоҷикистони тореволютсионӣ, қувваи асосии корӣ буданд. Дар Роҳи оҳани 3акаспий шароити меҳнат тоқатнопазир ва музди меҳнат хеле нам буд. Рӯзи кори 10—12, баъзан то 16—17 соат давом мекард. Касалиҳои гузаранда дар байни коргарон авҷ мегирифт. Ин боиси норозигии коргарон, корпартоӣ ва ҳаракатҳои коргарӣ гашт. Баромадҳои револютсионии роҳиоҳанчиён махсусан дар арафа ва давраи ревояютсияи якуми рус, давраи нави болоравии ҳаракатҳои револютсионӣ, шӯриши со¬ли 1916, Револютсияи феврали соли 1917, Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр вусъат ёфт. Роҳи- оҳанчиён кӯшиш мекарданд, ки ҳамеша дар сафи пеши муборизаи ре¬волютсионии синфи коргарӣ кишвари Туркистон бошанд.
В. И. Ленин оид ба аҳамияти иқтисодию хоҷагии Роҳи оҳани 3акаспий гуфта буд, ки «Роҳи он тарафи Каспий барои капитал Осиёи Миёнаро «кашф» кардан гирифт» (Б. И. Ленин, Ас., ҷ. 5, с. 85). Роҳи оҳани 3акаспий ба мақсади ҳарбии сиёсӣ ва мустамликавӣ сохта шуда бошад ҳам, аҳамияти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мада¬нӣ дошт. Соли 1888 ба воситаи Роҳи оҳани 3акаспий бештар аз 5,5 ҳазор пуд, соли 1889 зиёда аз 8,4 ҳазод пуд бори гуногун кашонда шуд. Баъди як соли ба охир расидани сохтмони Роҳи оҳани 3акаспий (1889) содирот 4,6 млн сӯм ва воридот қариб 6 млн сӯмро ташкил дод. Дар муддати 13 сол (солҳои 1887—1900) ба воситаи ин роҳ боркашонӣ 7,3 баробар афзуд. Тавассути ин роҳ кашондани пахта махсусан вусъат ёфт. Масалан, соли 1900 аз Осиёи Миёна беш аз 5 млн 846 ҳазор пуд пахта кашонда шуд, ки нисбат ба пахтай соли 1880 кашонда 19,4 баробар зиёд буд. Солҳои 1880—1917 аз Осиёи Миёна ба Россия 225,9 млн пуд пахта фиристода шуд. Муносибатҳои тиҷоратии Осиёи Миёна на танҳо бо Рос¬сия, балки бо мамлакатҳои хориҷӣ (Эрон, Афғонистон, Қошгар ва ғайра) низ равнақ ёфт. Равуои мусофирон бо Роҳи оҳани 3акаспий зиёд шуд. Чунончи, солҳои 1889—1900 пассажиркашонй 3,5 баробар афзуда, аз 213 ҳазор ба 746 ҳазор нафар расид.
Дар Роҳи оҳани 3акаспий пролетариати маҳаллии роҳиоҳанчӣ ташаккул ёфт. Соли 1893 дар он бештар аз 5,5 ҳазор нафар коргарон кор мекарданд, ки аз он ҷо 4,5 ҳаҳор нафар коргарони кирояи доимӣ ва мардикорони рӯзбаъй буда, 12 фоизро намояндаи халқҳои маҳаллӣ ташкил медоданд. Роҳи оҳани 3акаспий ба равнақи муносибатҳои тиҷорати дохилӣ ва берунии Осиёи Миёна бо Россия, мамлакатҳои хориҷӣ, ба тараққии соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ, пайдоиши корхонаҳои саноатӣ ва маҳалҳои руснишин, таҳаввули ҳунармандӣ, инкишофи саноатӣ кӯҳӣ, паҳн гардидани маданияти пешқадами халқп рус дар байни халқҳои маҳаллӣ, болоравии шуури миллии- коргарон, вусъати ҳаракатҳои ре-волютсионӣ ва ғайра мусоидат намуд. Роҳи оҳани 3акаспий боиси пайдоиш, ҷойгиршавӣ, ташаккул ва афзоиши корхонаҳои саноатии кишвар гардид. Масалан, зиё¬да аз 81 фоизи корхонаҳои саноатӣ дар наздикии хатти роҳи оҳан бунёд ёфтанд.
Баъди пурра ба охир расидани сохтмон хатҳои роҳи оҳани Урсатевск (Хавос ё Черняево)—Андиҷон (1897) ва Самарқанд — Тошкент (1898) аз ихтиёри Вазорати ҳарбӣ ба ихтиёри Вазорати алоқаи роҳ гузашт. Роҳи оҳани 3акаский ҳоло дар ҳайати роҳи оҳани Осиёи Миёна аст.
Ад.: Ленин В. И., Сабақҳои кризис, Ас., ҷ. 5; Г у л и ш а м б а р о в С. И., Экономический обзор Туркестанского района, обслужиоаемого Среднеазиат¬ской железной дорогой, Ашхабад, 1913; Ахмеджанова 3. К.. К истории строительства железных дорог в Сред¬ней Азии (1880—1917 гг.), Ташкент, 1965.
Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …