Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ ОҲАНИ ТУРКИСТОНУ СИБИР

РОҲИ ОҲАНИ ТУРКИСТОНУ СИБИР

РОҲИ ОҲАНИ ТУРКИСТОНУ СИБИР, Турксиб, як қисми роҳи оҳани Қазоқистон, ки aз Семипала¬тинск (дар Шимол) ба воситаи Олма- ато то стансияи Луговая (дар Ҷануб) аз қисми Шарқ РСС Қазоқистон гузашта, республика¬и Осиёи Миёнаро бо районҳои Сибир мепайвандад. Тӯлаш 1452 км. Хаттт Луговая — Арис Турксибро бо роҳи оҳани Осиёи Миёна ва хатти Семипалатинск — Новосибирск онро бо роҳи оҳани Сибири Ғарбӣ пайваст мекунад.

02617979_n1

Роҳи байни Новоси¬бирск ва Арис ба воситаи Турксиб 2531 км, яъне назар бо роҳи кӯҳна ба воситаи Челябинск ва Оренбург 1000 км наздиктар. Турксиб яке аз калонторин сохтмони умумихалқии панҷсолаи 1-ум (1929—1930). Бунёди Турксиб (1927—1931) аҳамияти калони иқтисодӣ ва давлатӣ дошт, ин роҳ Сибири аз ғалла, ҷангал ва ангиштсанг бойро бо ноҳияҳои пахтакори Қазоқистон ва республикаҳои Осиёи Миёна пайваст. Турксиб имкон дод, ки дар ин ноҳиязо майдонҳои пахта ва дигар зироати техникӣ васёъ шавад, инчунин шоликорӣ, боғу токдорӣ тараққӣ ёбанд. Турксиб дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи Қазоқистон мадад расонд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …