Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ ОҲАНИ ТИРМИЗ -ҚӮРҒОНТЕППА — ЁВОН

РОҲИ ОҲАНИ ТИРМИЗ -ҚӮРҒОНТЕППА — ЁВОН

РОҲИ ОҲАНИ ТИРМИЗ – ҚӮРҒОНТЕППА — ЁВОН, роҳи оҳани васеъбарест байни Тирмиз — Қӯрғонтеппа — Ёвон; солҳои 1966—1880 сохта шудааст. Тӯлаш 264 км. Вазифаи асосии Роҳ ба шабакаи умумии роҳи оҳани мамлакат пайвастани Комп¬лекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ (ГЭС-и Норак, Заводи электрохимиявии Ёвон, 3аводи нуриҳои нитрогендори Вахш ва як қатор корхонаҳои дигар), қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни истезсолоти хоҷагии халқи республи¬ка, кашондани бор ва пассажирон, кам кардани хароҷоти боркашонӣ, инкишофи босуръати қувваҳои истеҳсолкунанда ва ғайра буд.
Сохтмони Роҳ январи 1906 мувофиқи қарори Съезди 23-юми КПСС cap шуд. Ноябри 1969 Роҳ то стансияи Хотинработ (58 км, аввалин стансияи воҳаи рес-публика) ба истифода дода шуд. Феврали 1970 сохтмони стансияи Айваҷ ба охир расид ва ба ин ҷо поезди аввалин омад. Аз соли 1971 байни Тирмиз ва Шазртуз ҳаракати мунтазами поездҳо давом дорад. 24 ноябри 1974 дар арафаи 50-солагии РСС Тоҷикистон роҳи оҳанро як моҳ пеш аз мӯҳлат ба водии Вахш — шаҳри Қӯрғонтеппа (218 км) расонданд. Дар тӯли ин роҳ 31 пул, 370 иншооти гуногун сохта шуд. Аввалин поезди пурборро ба ин ҷо ронандагон П. Суворов ва Ф. Музаффаров оварданд.

02617979_n1
Сохтмони стансияи асосии Роҳ— Нории (стансияи охирин) соли 1980 ба охир расид. Вай ба Комбинати электрохимиявии Ëвон хизмат мерасонад. Аз ин стан-сия ба завод шаш хати роҳи оҳан (дарозиаш қариб 15 км) кадшиа шуд. Дар Роҳ ҳамагӣ 10 стансия мавҷуд аст. Масолеҳи таҷҳизоти Роҳро аз шаҳрҳои Боку, Воронеж ва ғайра овар¬данд.
Дар сохтмони Роҳ намояндагони миллатҳои гуногуни мамлакат — тоҷикон, ӯзбекҳо, латвониҳо, молдаванҳо, тоторҳо, русҳо, уйғурҳо ва дигарон иштирок доштанд. Солт 1969 аъзоёни отряди студентони бинокор (ОСБ)-и УДТ (296 нафар) дар сохтмони Роҳ фаъолона кор карданд. Барои Роҳ Филиали Душанбегии Институти инженерию нақлиёти роҳи оҳани Тошкент ва Омӯзишгоҳи техникии № 8 Душанбе мутахассисони баландихтисос тайёр мекунанд.
Роҳ аҳамияти калони иқтисодӣ до¬рад. Роҳ ба тараққии саноат ва хоҷагии қишлоқи республика мусоидат кард. Тавассути Роҳ соли 1970 2 млн 900 ҳазор т (450 ҳазор т нефт, 430 ҳазор т нуриҳои минералӣ ва ғайра), соли 1975-ум 3 млн 565 ҳазор т борҳои гуногун кашонда шуд. Бо Роҳ маҳсулоти саноати мошинсозӣ, электротехникӣ ва дигар соҳаҳои саноати вазнини Комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ ба гӯшаю канори мамлакат ва 50 давлати хориҷӣ фиристода мешавад. Дар натиҷаи пурра ба кор даромадани Роҳ сохтмони Комбинати электрохимиявии Ëвон 25% арзон мегардад.
Ад.: Программаи КПСС, Д.,1979; Ермилов В., Шоҳроҳи байни се водӣ, «Коммунисти Тоҷикистои», 1977, № 7.
С. Назруллоев, Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …