Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ ОҲАНИ САМАРҚАНД – АНДИҶОН

РОҲИ ОҲАНИ САМАРҚАНД – АНДИҶОН

РОҲИ ОҲАНИ САМАРҚАНД – АНДИҶОН, роҳи оҳани васеъбарест байни Самарқанд ва Андиҷон; давоми бевоситаи роҳи оҳани Закаспий. Ин хати роҳ Самарқанд, Андиҷон ва Тошкентро бо ҳам мепайвандад. Солҳои 1895—1899 сохта шудааст. Тӯлаш 645 чақрим.
Ҳукумати подшоҳӣ баъди анҷом додани сохтмони роҳи оҳапи Закаспий то Самарқанд (соли 1888), талаботи минбаъдаи шаҳру районҳои мар¬казии Россияро ба ашёи хом (махсусан пахта) ва тараққиёти иқтисодии водии Фарғонаро ба назар гирифта, бо мақсади дар ин ноҳия барқарор намудани алоқаи доимӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тобоъ наму¬дани он сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан: Самарқанд — Андиҷон ва Тошкентро ба миён гузошт. 27 майи 1895 сохтмони Роҳ ва хатҳои роҳи дигар то Тошкент ва Марғелони Нав (ҳозира шаҳри Фарғона) cap шуд. Роҳ ва хатти Тошкент таҳти роҳбарии инженери роҳ А. И. Урсати бунёд ёфт. Масолеҳи сохтмони роҳ аз шаҳрҳои марказии қисми европоии Россия, инчушш аз Тошкент, Қӯқанд, Марғелон, Андиҷон ва ғайра оварда мешуд. Ин роҳро хатти роҳи оҳани Черняево (Урсатовск ё Хавос низ гӯянд) — Андиҷон (306 чақ¬рим) аз дохили районҳои шимолии Тоҷикистон (106 км) мегузишт. Солҳои 1913—1914 баст. Черняево то Ӯро¬теппа (35 чақрим), аз ст. Хуҷвнд то шаҳри Хуҷанд (15 чақрим) ва ғайра хат¬ҳои роҳи оҳан бояд кашида мешуданд.

rohi-ohan
1 январи 1899 хатти роҳи оҳани Закос¬пий ва Самарқанд — Андиҷон бо хатти Тошкент роҳи oҳaнu Осиёи Миёна ном гтрифта, аз ихтиёри Вазорати ҳарбӣ ба ихтиёри Вазорати алокаи роҳ гузашт. Саридораи он дар Ашкобод буд. 11 апрели 1899 дар Роҳ ҳаракати мунтазами поездҳо cap шуд. Баъди то шаҳри Тошкент сохтани роҳи оҳан дарозии умумии хатҳои роҳи оҳани Осиёи Миёна 2368 чақрим шуд. Аз он 1748 чақрим ба хатти асосии Красноводск — Тошкент, 294 чақрим ба хатти Мурғоб, 306 чақрим ба Андиҷон, 12 чақрим ба хатти Когон — Бухоро ва 8 чақрим аз ст. Горчано¬во (Марғелон) то Скобелево (Фар¬ғона) рост меомад.
Дар роҳи оҳани Осиёи Миёна 99 стан¬сия, аз ҷумла аа Красноводск то Тошкент 78 стансия, аз Черняево то Андиҷон 14 стансия, дар ҳудуди шимоли Тоҷикистон 5 стансия (Черняево, Драгомирово, Хуҷанд, Веревкино, Мелникове (Конибодом) ва ғайра, 96 кӯпрук, иншоотҳои иқоматӣ, деною устохонаҳои роҳи оҳан, омӯзишгоҳҳо ва ғайра бунёд ёфтанд. Аз ҷумла, дар стансияҳои Самарқанд, Черняево, Қӯқанд ва Андиҷон доною устохонаҳо ва дар Тошкент калонтарин устохона сохта шуданд. Бо вуҷуди ба мақсади ҳарбӣ, мустамликавӣ сохта шуданаш Роҳ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мада¬нии кишвар, аз ҷумла водии Фарғона ва районҳои шимоли Тоҷикистон аҳамияти калон дошт.
Сохтмони Роҳ дар шароити ниҳоят вазнин (коргарони ихтисосноки маҳаллӣ набуданд) анҷом ёфт. Рӯзи кори 10—12 ва баъзан 16—17 соат давом мекард, музди меҳнат паст буд. Муносибати дағалонаи маъмурияти Роҳ дар байни коргарон норозигӣ ба амал овард ва боиси кашол ёфтани сохтмони он гашт. Ҳукумат барои таъмини Роҳ бо қувваи арзони корӣ солдатҳои рус (ду баталони роҳи оҳан) ва 13 ҳазор коргарро ҷалб кард. Дар сохтмони Роҳ корга¬рони халқҳоӣ гуногун (русхо, тоҷикон, ӯзбекҳо, эрониҳо, тоторҳо ва ғайраҳо) иштирок намуданд. Сохтмони Роҳ ба пайдоиш, ташаккул ва камолоти пролетариати маҳаллии нақлиёти роҳи оҳан мусоидат намуд. Чунончи, дар сохтмони роҳи Самарқанд ҳар рӯз то 2,5 ҳазор, тобистон то 5 ҳазор, тирамоҳ то 20 ҳазор бинокорони миллатҳои маҳаллӣ кор мекарданд. Соли 1898 дар роҳи оҳан Осиёи Миёна 5 ҳазор коргар, аз ҷумла бештар аз 1000 нафар коргарони маҳаллӣ ба кор машғул буданд. Соли 1914 дар роҳи оҳани Осиёи Миёна 30 ҳазор коргари доимӣ кор мекард ва намояндаи халқҳои маҳаллӣ бештар аз 77 фоиз (аз ҷумла ӯзбекҳо 50 фоиз, тоҷикон беш аз
14,6 фоиз) буданд. Дар стансияҳои роҳи оҳани ҳудуди шимоли Тоҷикистон қариб 1000 нафар (аз ҷумла дар стансияи Чорняево 112 нафар) роҳиоҳанчӣ кор мекард. Дар Роҳ коргарони маҳаллӣ ба корҳои ғайриихтнсос машғул буданд. Дар Роҳ ҳунармандону деҳқонон ва мардикорони кишвар, аз ҷумла Тоҷикистони тореволютсионӣ (махсусан Бухорои Шарқӣ), асоси қувваи ко¬ри ба ҳисоб мерафтанд. Баъди ба охир расидани сохтмони Роҳи аксарияти бинокорон ба сифати коргару хизматчӣ (стрелкачӣ, посбони стансия, ҳаммол, коргари роҳ ва ғайра) дар Роҳ монданд.
Дар Роҳ аҳволи коргарон тоқатнопазир буд. Касалиҳои гуногуни сироятӣ авҷ гирифт. Норозигии кор¬гарон афзуд ва феврали 1898 дар Қӯқанд 130 бинокори роҳ кор партофта, зиёд кардани музди корро талаб намуданд. Майи ҳамон сол биноко¬рон аз нав корпартоӣ эълон карданд. Соли 1906 коргарони устохонаҳои роҳи оҳани Осиёи Миёна (Хуҷанд, Черняево ва дигар), ки асосан талабҳои иқтисодӣ доштанд, кор партофтанд. Ба онҳо коргарони дигар роҳҳо низ ҳамраъйӣ намуданд. 9 марти 1912 коргарони стансияи Мелниково исён бардоштанд. Минбаъд хуруҷҳои револютсионии роҳиоҳанчиён вусъат ёфт.
Роҳ аҳамияти калони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маданӣ дошт. Баробари ба кор даромадани он боркашонӣ ва равуои мусофирон афзуд. Масалан, соли 1899 ба воситаи Роҳ бештар аз 18 ҳазор 600 пуд ва соли 1900 зиёда аз 27 ҳазор пуд, аз стагсияҳои ҳудуди шимоли Тоҷикистон беш аз 1 млн 547 ҳазор пуд, соли 1910 бошад, зиёда аз 6 млн 173 ҳазор пуд бори гуногун кашонда шуд. Та вассути Роҳ соли 1899 аз стансияҳои ҳудуди шимоли Тоҷикистон зиёда аз 746 ҳазор нафар, соли 1900 беш аз 62 ҳазор, соли 1910 қариб 332 ҳазор нафар мусофирон равуо карданд.
Роҳ инчунин ба пайдоишу ташаккули корхонаҳои саноатӣ боис шуд, ки аксарияти онҳо дар наздикии хатти Роҳ ҷойгир шуда буданд. Ин ҳол ба паҳншавии маданияти пешқадами халқи рус дар байни аҳо¬лии маҳаллӣ ва пайдоиши маҳалҳои (посёлкаҳои) руснишин сабаб гардид. Дар уезди Хуҷанд аз чунин маҳал 18-то бунёд ёфт, ки аксария¬ти онҳо дар назди хатти Роҳ ва стансияҳои он ҷойгир шуда буданд.
Роҳ ҳоло дар ҳайати роҳи оҳани Осиёи Миёна аст.
Ад.: Гулишамбаров С. И., Эко¬номический обзор Туркестанского рай¬она, обслуживаемого Среднеазиатской железной дорогой, Асхабад, 1913; Ах- меджанова 3. К., к истории стро¬ительства железных дорог в Срдней Азии (1880—1917 гг.), Ташкент, 1965.
Ю. Боворов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …