Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ ОҲАНИ КАМБАР

РОҲИ ОҲАНИ КАМБАР

РОҲИ ОҲАНИ КАМБАР, роҳи оҳанеро гӯянд, ки аз роҳи оҳани муқаррарӣ (дар СССР бараш 1520 мм) дида камбартар аст. Роҳи оҳани камбарро асо¬сан барои адои хизмати корхонаҳои саноатӣ бешабур, шахтаю конҳо ва ғайра месозанд. Дар баъзе мамлакатҳо қитъаҳои алодиҳаи роҳҳои оҳа¬ни истифодаи умум низ камбаранд. Бари Роҳи оҳани камбар 1000, 914, 750, 600 мм ва ғайра мешавад. Дар СССР бари Роҳи оҳани камбари руизаминӣ стандартист (750 мм). Роҳ дар таъмини алоқаи дохилии нақлиётии ноҳияҳои саноатӣ мавқеи калон дорад, ҳангоми кашондани бори кам ба масофаи наздик камхарҷ мебошад. Барои баланд бардоштанн самараи иқтисодӣ дар Роҳи оҳани камбар тепловозҳои махсуси боркаш ва вагонҳои калонҳаҷмро, ки барои кашонидани бора муайян (чӯб, маъдан, торф ва ғайра) мувофиқанд, истифода мебаранд.

rohi-ohan
Сохтмони Роҳи оҳани камбар дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои пешрафти иқтисодиёт ва маданият аҳамия¬ти калон дошт. Соли 1929 бо қарори КМ ВКП(б) ва Совети Комиссарона Халқии СССР сохтмони Роҳи оҳани камбар cap шуд ва солҳои 1929—1931 давраи якуми он — Роҳи оҳани камбар Панҷи Поён — Қӯрғонтеппа (дарозиаш 105 км, Роҳи оҳант камбари Ҷанубӣ ё Вахш меномиданд) сохта шуд. Он дар сохтмони канали Вахш хизмати зиёде кард. Сохтмо¬ни роҳ 12 марти 1932 ба охир расид. Соли 1932 давраи дуюми сохтмони Роҳи оҳани камбар cap шуд. Декабри 1932 Со¬вети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон дар бораи сохтмони Роҳи оҳани камбари Сталинобод — Қулписта (дарозиаш 27 км) қарор баровард. Сохтмони он соли 1933 анҷом ёфг. Солҳои 1934—1941 хати Роҳи оҳани камбар то Қӯрғонтеппа (123 км) кашида шуд ва ноябри 1941 ба ин ҷо аввалин паровоз омад. Соли 1935 бо қарори ҳукумати республика ха¬ти Роҳи оҳани камбар Панҷи Поён — Қӯрғонтеппа то Ҷиликӯл кашида шуд. Соли 1941 дарозии Роҳи оҳани камбари Тоҷикистон ба 440, 3 км расид. Дар натиҷаи зиёд гардидани кишти пахта, корхонаҳои саноатии коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ (50 корхона) ва мустаҳкам шудани иқтисодиёти колхозҳо аҳамияти Роҳи оҳани камбар боз ҳам афзуд ва ха¬ти он то Кӯлоб (1955) кашида шуд. Дар Роҳи оҳани камбар республика 35 стансия мавҷуд аст ва даҳҳо хати он ба корхонаҳо, заводу фабрикаҳо, анборҳо гузаронида шудаанд. Чоряки тамоми бори республика (75% бори водии Вахш)-ро бо Роҳи оҳани камбар кашониданд. Роҳи оҳани камбар 25 ноҳияи ҷануби республикаро бо пойтахти республика мепайвандад.
Ад: Исмоилов А., Нақлиёти Тоҷикистон, Д., 1969; Карамов В. Д., На магистралях Таджикистана, Сталинабад, 1954; Замонов А. И., Транспорт Таджикистана, Д., 1964; На зруллое в С., Дорожное строительство и тран¬спорт Таджикистана в годы 3-й пяти¬летки, Д., 1972; ҳа мон му а л л., До¬рожное строительство и развитие тран¬спорта в Таджикистане в 1917—71 гг., Д., 1979.
С. Назруллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …